Дар ҳошияи хабарҳои боздошти Абдуқодири Рустам

Таҳлили хабарӣ

Дар ҳошияи хабарҳои боздошти Абдуқодири Рустам

Дар паи боздошти Абдуқодири Рустам, дар фазои маҷозӣ, танҳо фазое, ки имкони интишори садову ақида ва таҳлилу назарҳо имконпазир аст, корбарон назароти худро мунташир намудаанд.

Аз ҷумла яке аз корбарон дар Фесбук навиштааст:

“Боздошт ва дастгирии нависанда Абдулқодири Рустам як нангу ори дигар бар пешонии режими Эмомалӣ Раҳмон аст. То ҷойе, ки дидем, ҳамаи тоҷикҳо чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар беруни он, чӣ мухолифон ва чӣ ҳатто мувофиқони Раҳмон, боздошти ӯро маҳкум мекунанд ва озодии фаврӣ ва бе қайду шарти ӯро мунтазиранд. Паймони Миллии Тоҷикистон, Ҳаракати “Ватандор”, шахсиятҳои алоҳида ва ҳатто Саломиддин Мирзораҳматов, ки аз ҳаводорони режим аст ва гоҳе алайҳи мухолифон ва ба нафъи режим менависад, боздошти ӯро маҳкум кардаанд.
Агар ҳукумати Раҳмон заррае аз ақлу хирад бархӯрдор бошад, фавран Абдулқодири Рустамро озод кунад, ки боздошти ӯ бештар аз ин муддат, обрӯи бе ин ҳам набудаи режимро мерезад”.
Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кабирӣ: Аҳмадшоҳ Масъудро Муҳаммадалӣ Ҳаит аз терор наҷот дода буд
Ислом марз қоил нест

Матолиби пурбоздид