Дармон

Таҳлили хабарӣ
Дармон
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бахши аввал
Инсони оқил вақте мубтало ба як беморӣ мешавад, ӯ ба дунболи дармони он беморӣ меравад, на инкори он, ки ман мубтало ба якчунин беморие нестам ва на тазоҳур ба тандурустӣ, ки ман саҳеҳу солимам ва маро муттаҳам ба беморӣ мекунанд ва на дигаронро айбдор кардан ва ғайра ва ҳоказо.
Дар ҳоли ҳозир, бадани ҷомеаи мо бемор шудааст, бале сахт бемор, аз ин рӯ бар мо воҷиб ва лозим аст ба дунболи дармони он шавем, на коре дигар.
Дар яке ду қисмат, дар бораи роҳи дармони ин бемории мусрӣ, ки мутаассифона гиребонгири ҷомеаи мо шуда ва ҷавонони мо яке пушти сари ҳам даст ба кушту куштор дар инҷову онҷо аз дунё мезананд менависам. Аммо аввал ва дар ин қисмат аз ёддошт, як муқаддимаи зарурӣ баён мекунам.
Ва он ин ки: шаҳрвандони мо, тоҷикистониён (лоақал касоне аз онҳо, ки дар фазои маҷозӣ фаъоланд), дар баробари амалиёти фоҷеабори Маскав – босаводу бесаводаш, зиёиву оммиаш, хулоса тақрибан ҳамагон – ба ин чанд дастаи зайл тақсим мешаванд:
1) Як идда, ки вобастагони ба ҳукумат ҳастанд ва баъзе маъруф ва бештар ба номҳои мустаъор дар шабакаи иҷтимоӣ фаъоланд, дар садади “гирифтани моҳӣ аз оби лойолуд”-анд; барои инҳо зоҳиран камтарин аҳаммияте надорад, ки шаҳрвандон дар ин рӯзҳо хусусан муҳоҷирони корӣ дар Русия, чӣ мекашанд, балки он чи барои инҳо муҳим аст, “гирифтани моҳӣ” аст. Онҳо, зимни пазириши ин ки он чанд нафар терурист тоҷикистонӣ будаанд, тамоми саъяшон ин аст, ки бигӯянд, ҳамаи мухолифони Раҳмон чунинанд, доъишӣ ҳастанд, ифротгаро ҳастанд, терурист ҳастанд, сиёсати пешгирифтаи “Пешво” дуруст буд ва бояд мухолифон “несту нобуд” гарданд ва аз ин ҳарфҳо. Инҳо фақат ба дунболи ин коранд;
2) Як иддаи дигар, ки ба истилоҳ зиёӣ ва аз савод бархӯрдоранд ва бештар рӯзноманигору шоиру нависанда ҳастанд ва ҳатто баъзе аз мухолифон, инҳо тазоҳур ба тандурустӣ мекунанд ва ин ки тоҷику тоҷикистонӣ ҳаргиз ва абадан терурист ва доъишӣ набуд ва нест ва балки инҳо ҳама тавтиа аст. Ин гурӯҳ тамоми саъяшон ин аст, ки худро тандуруст ва беайб нишон дода ва айбро ба гардани дигарон ва хусусан русҳо бор кунанд. Яъне ба ҷойи ба фикри дармони он дарди бедаво шудан, ба дунболи инкори он ҳастанд. Ин тоифа низ ҳеч дардеро даво намекунанд ва балки бо ин корашон бар он дарди ҷомеа меафзоянд;
3) Як шумори дигар, ки бештар ба истилоҳ муллобачча ҳастанд, инҳо низ зоҳиран ҳанӯз ба аҳаммияти мавзӯъ пай набурдаанд; инҳо дар айни таблиғу тарвиҷи ҳамон афкоре, ки он терурист дошт, аммо аз як тараф саъй мекунанд бигӯянд, ин ҷиноят кори дасти худи русҳост, ФСБ масалан ва аз тарафи дигар дар садади маҳкум кардани доъишиҳо ва ақоиди онҳо ва ин ки мо аз онҳо безорем.
Шояд гурӯҳҳои дигаре низ бошанд, аммо муҳимтаринашон ҳаминҳоянд. Дар қисмати дуввуми ин ёддошт, дар бораи роҳҳои дармони ин беморӣ хоҳам навишт, ки чӣ кор бояд бикунем.
Идома дорад…

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баски дар торих ҷавраш кардаӣ…
Чаҳор ҳушдор

Матолиби пурбоздид