Дархости Молизӣ барои ба таълиқ даровардани узвияти Исроил дар СММ
Ахбори байналмилал
Молизӣ (Малайзия) бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, узвияти Исроил дар СММ ба таълиқ дароварда шавад ва узвияти ин кишвар дар ин созмон ба таври муваққат боздошта шавад.
Ҳамчунин давлати Молизӣ хостааст, таҳримҳои густардае алайҳи Исроил бояд анҷом шавад.
Муҳаммад Ҳасан, вазири умури хориҷаи Молизӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш соли гузашта ин мавзӯъро дар Маҷмаи Умумии СММ матраҳ кард ва дар нишасти оянда низ онро пайгирӣ хоҳад намуд.
Вай таъкид намуд: Ҳоло вақти он расидааст, ки узвияти Исроил дар СММ боздошта шавад ва ҳамаи кишварҳо бояд таҳримҳоро ҷорӣ кунанд.
Бар асоси гуфтаи вазир, татбиқи таҳримҳо метавонад ҷараёни фиристодани силоҳ ба Исроилро боздорад ё ҳадди ақал онро маҳдуд кунад.
Қаламонлайн