Даҳ гуфтор – IY
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши чаҳорум
Тақво (4)
بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِیم
Ду асари бузурги тақво
Дар ҷаласаи қабл ваъда дода будам, ки дар ин ҷаласа роҷеъ ба ду асари муҳим, ки дар Қуръони Маҷид барои тақво зикр шуда сӯҳбат кунам. Он ду асар яке равшанбинӣ ва басират аст, ки дар ояти 29 аз сураи Анфол мефармояд:
إِنْ تَتَّقُوا اللَّهَ يَجْعَلْ لَكُمْ فُرْقَانًا
“Агар тақвои илоҳӣ пеша кунед, Худованд барои шумо қувваи ташхис қарор медиҳад.”
Дигаре, ҳал шудани мушкилот ва осон шудани корҳо ва берун омадан аз тангноҳо ва мазойиқ аст, ки дар сураи Талоқ, ояти 2 мефармояд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا
“Ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд барои ӯ роҳи берун шудан аз шадоид қарор медиҳад.”
Ва ҳамчунин дар ҳамон сура, баъд аз он ду оят мефармояд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مِنْ أَمْرِهِ يُسْرًا
“Ҳар кас, ки тақвои илоҳӣ дошта бошад, Худованд як навъ осонӣ дар кори ӯ қарор медиҳад.”
Тақво ва равшанбинӣ
Аммо роҷеъ ба асари аввал: бояд бигӯям, танҳо ин як ояти Қуръон нест, ин худ як мантиқи мусаллам аст дар ислом. Баъзе оёти дигари Қуръон ҳам ҳаст, ки ишора ба ин матлаб дорад. Дар ахбори набавӣ ё ахборе, ки аз имомони атҳор расида зиёд рӯйи ин матлаб такя шуда. Ҳамон тавр, ки дар ҷаласаи пеш арз кардам, ҳамин матлаб аст, ки боби сайру сулукро дар ирфон боз кардааст.
Орифмаслакон ба ҷумлае, ки дар зайли ояти каримаи:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا تَدَايَنْتُمْ بِدَيْنٍ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى
— (то охир) омада, ки тавилтарин ояти Қуръон аст низ тамассук ҷустаанд. Он ҷумла ин аст:
وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ وَيُعَلِّمُكُمُ اللَّهُ
(Сураи Бақара, ояти 282) Тақвои илоҳӣ дошта бошед ва Худованд ба шумо меомӯзад ва таълим мекунад.
Мегӯянд, зикр ин ду ҷумла пушти сар якдигар ишора дорад, ки тақво таъсир дорад дар ин ки инсон мавриди мавҳибати ифозаи таълими илоҳӣ қарор гирад.
Дар каломи Расули Акрам аст:
جاهِدوا أنفسَكُم على شَهَواتِكُم تَحِلَّ قلوبَكُم الحِكمَةُ
Бо ҳавову ҳавасҳои нафсонӣ мубориза кунед, то ҳикмат дар дили шумо ворид шавад.
Ҳадиси дигаре аст набавӣ, ки алъон ёдам нест дар китобҳои ҳадис айни ҷумлаҳои онро дида бошам, вале нақли ин ҳадис дар соири китобҳои хеле маъруфу машҳур аст ва он ин аст:
مَنْ أَخْلَصَ لِلَّهِ أَرْبَعِينَ صَبَاحاً ظَهَرَتْ يَنَابِيعُ اَلْحِكْمَةِ مِنْ قَلْبِهِ عَلَى لِسَانِهِ
Ҳар кас чиҳил рӯз худро холис барои Худо қарор диҳад, чашмаҳои ҳикмат аз замини дилаш ба маҷрои забонаш ҷорӣ мешавад.
Вале айнан ҳамин мазмун (ҳарчанд бо айни ин алфоз нест) дар “Усули кофӣ”, боби ихлос (ҷ.2, с. 16) аз Имом Боқир (а) нақл шуда:
ما أخلص العبد الإیمان بالله عزّ وجلّ أربعین یوما — أو قال: ما أجمل عبد ذکر الله عزّ وجلّ أربعین یوما — إلا زهّده الله عزّ وجلّ في الدنیا وبصّره داءها و دواءها، فأثبت الحکمة في قلبه وأنطق بها لسانه
Яъне бандае чиҳил рӯз имони худашро холис накардааст — ё гуфт: бандае чиҳил рӯз Худоро хуб ёд накардааст (ин тардид аз ровии ҳадис аст) — магар он ки Худованд ба ӯ зуҳд иноят карда ва ӯро нисбат ба дардҳо ва давоҳои ин дунё басират дода ва ҳикматро дар дили ӯ қарор дода ва ба забони ӯ ҷорӣ сохтааст.
Ҳофиз дар ин ду байт назар ба ҳамин ҳадиси маъруф дорад, ки мегӯяд:
Саҳаргаҳ раҳраве дар сарзамине,
Ҳамегуфт ин муаммо бо қарине,
Ки эй сӯфӣ шароб он гаҳ шавад соф,
Ки дар шиша барорад арбаине.
Дар тафсири “Алмизон” аз китобҳои аҳли тасаннун нақл мекунад, ки Расули Акрам фармуд:
لولا تکثیر في کلامکم وتمریج في قلوبکم لرایتم ما أری ولسمعتم ما أسمع
Яъне агар зиёдаравӣ дар сухан гуфтани шумо ва ҳарзачаронӣ дар дили шумо набуд, ҳар чи ман мебинам, шумо медидед ва ҳар чи мешунавам, мешунидед.
Калимаи “тамриҷ” аз моддаи ”м+р+ҷ” аст ва ба маънои чаман ва сарзамини алафзор аст, ки маъмулан ҳар навъ ҳайвоне дар он ҷо ворид мешавад ва роҳ меравад ва мечарад. Мехоҳад бифармояд, замини дили шумо мисли он алафзорҳои бе дару сар аст, ки ҳар ҳайвоне дар он ҷо роҳ дорад ва қадам мегузорад.
Дар ҳадиси дигар Имом Содиқ (а) мефармояд:
لولا أن الشیاطین یحومون حول قلوب بني آدم لنظروا إلی ملکوت السموات
(“Маҳаҷҷатул-байзо”, ҷ.2, с.125, Расули Худо (с), бо каме ихтилоф) Агар набуд, ки шаётин дар атрофи дилҳои фарзандони Одам ҳаракат мекунанд, онҳо малакути осмонҳоро мушоҳида мекарданд.
Аз ин гуна баёнот дар осори динии мо зиёд аст, ки ё ба таври мустақим тақво ва покӣ аз гуноҳро дар басират ва равшанбинии руҳ муассир донистааст ва ё ба таври ғайримустақим ин матлабро баён мекунад, мисли ин ки таъсири ҳавопарастӣ ва аз каф додани зимоми тақворо дар торик шудани руҳ ва тирагии дил ва хомӯш шудани нури ақл баён кардааст.
Амирулмӯъминин (саломуллоҳи алайҳ!) мефармояд:
من عشق شیئا أعشي بصره وأمرض قلبه
(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 107) Ҳар кас нисбат ба чизе муҳаббати муфрит пайдо кунад, чашм вайро кӯр (ё шабкӯр) мекунад ва қалби ӯро бемор менамояд.
Ҳам ӯ мефармояд:
عجب المرء بنفسه أحد حساد عقله
(“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 212) Яъне худписандии инсон яке аз чизҳое аст, ки бо ақли вай ҳасодат ва душманӣ меварзад.
Ва низ мефармояд:
أکثر مصارع العقول تحت بروق المطامع
(“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 219) Яъне бештари замин хӯрданҳои ақл он ҷост, ки барқи тамаъ ҷустан мекунад.
Ин як мантиқи мусаллам аст дар маорифи исломӣ. Баъдҳо ҳам осори ин мантиқро дар адабиёти исломӣ (чӣ арабӣ ва чӣ форсӣ) зиёд мебинем. Удабо ва фузалои мо ин ҳақиқатро иқтибос карда ва ба кор бурдаанд ва метавон гуфт, яке аз пояҳои адабиёти исломӣ рӯйи ҳамин мантиқ гузошта шуда. Ба унвони намуна, аз адабиёти араб байте аз қасидаи “Нуния”-и маъруфи Абулфатҳи Бастиро шоҳид меоварам; мегӯяд:
زيادَةُ المَرء في دُنياهُ نقصانُ
وربْحُهُ غَيرَ محض الخَير خُسرانُ
وكُل وِجدانِ حَظٍّ لا ثَباتَ لَهُ
فإنَّ مَعناهُ في التَّحقيق فِقْدانُ
كُنْ على الخیر مِعواناً لذي أمَلٍ
يَرجو نَداكَ فإنَّ الحُرَّ مِعْوانُ
مَنْ كانَ للخَيرِ مَنّاعاً فليسَ لَهُ
على الحَقِيقَةِ إخوانٌ وأخْدانُ
أحسِنْ إلى النّاسِ تَستَعبِدْ قُلوبَهُمُ
فطالَما استبَعدَ الإنسانَ إحسانُ
(Афзун шудан дар дунёи мард барои ӯ нақс аст ва суд бурданаш дар ҷуз хайри маҳз зиён аст. Ва ҳар гуна дастёбӣ ба баҳраҳои дунявӣ пойдор нест, зеро маънои он дар ҳақиқат аз даст додан аст. Ва ба ҳар кас, ки умед ба хайри ту дорад ёвар бош, ки инсони озода ҳамеша ёвари дигарон аст. Ва ҳар кас аз корҳои хайр худдорӣ кунад, дар ҳақиқат бародар ва дӯстӣ нахоҳад дошт. Ба мардум некӣ кун, то дилҳои онҳоро бандаи худ кунӣ, ки чӣ басо эҳсон одамиро бандаи худ месозад.)
Ин қасида яке аз шоҳкорҳои адабиёти араб шумурда шуда. Он байт аз ин қасида, ки мавриди истишҳодам буд, ин аст:
هُما رضيعا لِبانٍ حِكَمةٌ وتُقىً
وساكِنا وَطَنٍ مالٌ وطُغْيانُ
Яъне ду чиз ҳастанд, ки аз як пистон шир хӯрдаанд. Он ду, ҳикмат аст ва тақво. Ва ду чиз аст, ки аҳли як ватан ва дар як ҷо қарор доранд. Он ду, мол аст ва саркашӣ кардан.
Саъдӣ дар “Бӯстон” дар зайли достони маъруфи Султон Маҳмуд ва Аёз, ки Маҳмудро бар муҳаббати Аёз маломат мекунанд — то охири ин достон — мегӯяд:
Ҳақиқат саройест ороста,
Ҳавову ҳавас гарди бархоста.
Набинӣ, ки ҷойе ки бархост гард,
Набинад назар, гарчӣ биност мард.
Дар “Гулистон” мегӯяд:
Бидӯзад шараҳ дидаи ҳушманд,
Дарорад тамаъ мурғу моҳӣ ба банд.
Ҳофиз мегӯяд:
Ҷамоли ёр надорад ниқобу парда, вале
Ғубори раҳ бинишон, то назар тавонӣ кард.
Аз ин гуна баёнот ва таъбирот дар адабиёти арабӣ ва форсӣ зиёд аст.
Пас, аз лиҳози дин ислом ва аз лиҳози фарҳанги исломӣ ин матлаб як асли мусаллам аст. Ҳоло лозим аст, ки ба истилоҳ аз лиҳози мантиқи илмӣ ва фалсафӣ ҳам баҳсе бикунем ва бибинем, ки чӣ робитае байни тақво ва байни равшанбинӣ мавҷуд аст? Чӣ тавр мумкин аст тақво, ки як фазилати ахлоқӣ аст ва марбут ба тарзи амали инсон аст, дар дастгоҳи ақлу фикр ва қувваи қазовати инсон таъсир дошта бошад ва маншаъи он шавад, ки инсон ба дарёфти ҳикматҳое ноил гардад, ки бидуни доштани тақво муваффақ ба дарёфти он ҳикматҳо намешавад? Ман махсусан таваҷҷӯҳ ба ин матлаб дорам, ки хеле аз афрод бовар намекунанд, ки ин як матлаби дурусте бошад, инро чизе аз навъи тахайюл медонанд ва танҳо арзиши шеърӣ ва хаёлӣ барояш қоиланд.
Ёдам ҳаст дар чанд сол пеш яке аз навиштаҳои яке аз тарафдорони фалсафаи моддиро мехондам, ки ба ҳамин матлаб ҳамла ва масхара карда буд. Навишта буд, магар тақво ва муҷоҳидаи нафс, сӯҳон ва сунбода аст, ки руҳи одамиро сайқал диҳад ва ҷало бибахшад?!
Идома дорад…
Қаламонлайн