Даҳ гуфтор – XYI

Даҳ гуфтор – XYI

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши шонздаҳум

Иллатҳои матрук мондани фармони ислом

Мусалламан яке аз иллатҳои ин амр, ҳаводисе буд, ки дар авзоъи иҷтимоии мусалмонон, ибтидо ба василаи дастгоҳҳои хилофат падид омад ва баъд дунбол шуд, ноҳамвориҳо дар зиндагонии мусалмонон ба вуҷуд омад, як ҷомеаи табақотӣ дуруст шуд, ки бо манзури ислом абадан вифқ намедиҳад. Ҷомеа мунқасим шуд ба як табақаи фақир ва бадбахт, ки нони худро ба заҳмат метавонист ба даст оварад ва як табақаи мусриф ва мубаззир ва мағрур, ки намедонист бо он чи дар чангол дорад чӣ бикунад. Вазъи зиндагии умумӣ вақте, ки шикоф бардорад, замина барои иҷро ва амал ва таваҷҷӯҳ ба ин дастурҳо боқӣ намемонад ва балки омилҳое пайдо мешавад, ки ин гуна дастурҳо иҷро нагардад.

Баъзеҳо иллати дигаре зикр мекунанд; муддаъӣ ҳастанд, ки иллати ин ки дастурҳои ислом роҷеъ ба илм замин хӯрд ин буд, ки ҳисобе аз ҷойе бардошта шуд ва ба ҷойи дигар гузошта шуд ва ба таъбири дигар, эътиборе аз ҳисобе бардошта шуд ва ба ҳисоби дигар рехта шуд, мисли ин ки масалан касе дар банк ҳисобе дошта бошад ва давлат эътиборе барои он ҳисоб боз кунад ва баъд биёянд ин эътиборро аз он ҳисоб бардоранд ва ба пойи ҳисоби дигар бирезанд.

Ин даста мегӯянд, иллати ин ки дастурҳои ислом дар боби илм замин хӯрд ин буд, ки он чи ки ислом ба ҳисоби илм ва ташвиқи умум ба таълим ва босавод шудан ва фазилати илм гуфта буд, ҳама ба ҳисоби олим ва ташвиқ ба эҳтиром ва дастбӯсӣ ва фазилати олим гузошта шуд; мардум ба ҷойи ин ки таваҷҷӯҳ пайдо кунанд, ки худашон савод пайдо кунанд ва то ҳадде, ки мақдур аст, худашон ва фарзандонашон босавод ва олим шаванд, таваҷҷӯҳашон маътуф шуд ба ин ки аҷр ва фазилатро дар эҳтиром ва хузӯъ нисбат ба уламо касб кунанд. Натиҷа ҳамин шуд, ки ҳаст.

Ин матлаб то андозае дуруст аст, зеро ҳарчанд уламо ва муҳаққиқини исломӣ ҳамчу таҳриферо муртакиб нашудаанд, вале дар навиштаҳои сатҳӣ ва соддае, ки ба дасти мардум ҳам расида ва дар манобир ва мавоъизи маъмулӣ мантиқ ҳамон буда. Иттифоқан сару кори мардум бо ҳамин навиштаҳо ва ҳамин манобир ва мавоъиз буда, на гуфтори фалон муҳаққиқ, ки дар фалон китоби илмии худ аз ин мавзӯъ баҳс кардааст. Дар баёноти бархи уламои исломӣ ҳам агарчӣ он инҳироф, ки зикр шуд нест, вале як навъ ҷумуд ва инҳирофи дигаре каму беш дида мешавад, ки албатта он ҳам дар кунд кардани теғи фармонҳои ислом дар бораи илм таъсир дошта. Ва он инҳироф ин аст, ки ҳар даста ва табақа ва синфе аз уламои ислом, муҳкам часпидаанд, ки мақсуди Расули Акрам (с) аз он илме, ки фармуда, “фариза” аст; ҳамон илме аст, ки мо дорем.

Кадом илм?

Ахиран дар китоби ”Маҳаҷҷатул-байзо”-и марҳуми Файз ба каломи ҷомеъе дар ин замина бархӯрдам, ки алаззоҳир эшон ҳам ин каломро аз Ғаззолӣ нақл кардаанд. Ғаззолӣ мегӯяд, уламои ислом дар тафсири ин ҳадис тақрибан 20 фирқа шудаанд ва ҳар фирқае аҳли ҳар илму фанне будаанд, гуфтаанд, мақсуди ин ҳадис, ҳамон илму фанн мост. Мутакаллимин гуфтаанд, мақсуди Пайғамбар аз ҷумлаи:

طلب العلم فريضة علی كل مسلم

— илми калом аст, зеро илми калом илми усули дин аст. Уламои ахлоқ гуфтаанд, ки мақсуд, илми ахлоқ аст, ки одамӣ бидонад мунҷиёт чист ва мӯҳликот чист? Фуқаҳо гуфтаанд, ки мақсуд, илми аҳком аст, ки лозим аст ҳар касе ё муҷтаҳид бошад ва ё аз муҷтаҳиде тақлид кунад. Муфассирин гуфтаанд, ки мақсуд, илми тафсир аст, зеро тафсир илм ба китобуллоҳ аст. Муҳаддисин гуфтаанд, мақсуд, илми ҳадис ва ривоят аст, чун ҳама чиз ҳатто Қуръонро аз рӯйи аҳодис бояд фаҳмид. Мутасаввифа гуфтаанд, мақсуд, илми сайру сулук ва мақомоти нафс аст. Ва ҳамин тавр…

Баъд худи ӯ баёне дорад, ки агарчӣ комилан ҷомеъ нест, вале нисбатан ҷомеъулатрофтар аст. Хулоса ин аст, ки мақсуди Пайғамбар (с) ҳеч кадом аз инҳо инҳисоран нест. Агар мақсуди Пайғамбар хусуси яке аз ин риштаҳо буд, тасреҳ мекард, ки масалан илм ва калом ё ахлоқ ё тафсир ё фиқҳ ё ҳадис аст. Бояд дид, аз назари ислом чӣ чизе лозим ва воҷиб аст ба вуҷуби айнӣ ё вуҷуби кифоӣ ва агар роҳи анҷоми он таклиф, таҳсили илм ва ёд гирифтан аст, бояд гуфт, таҳсили он илм воҷиб ва лозим аст.

Фаризаи таҳайюӣ

Фуқаҳо истилоҳе доранд; мегӯянд, вуҷуби илм, вуҷуби нафсии таҳайюъӣ аст, яъне вуҷуби илм танҳо як вуҷуби муқаддамӣ мисли ҳамаи муқаддимаи воҷибҳо, ки вуҷуби истиқлолӣ надоранд нест, балки як вуҷуби истиқлолӣ аст. Дар айни ҳол илм аз он ҷиҳат воҷиб аст, ки ба инсон омодагӣ медиҳад. Чизе, ки ҳаст, фуқаҳо ин вуҷуби таҳайюъиро ихтисос медиҳанд ба ёд гирифтани аҳком ва мисли ин аст, ки ғолибан ин тавр фарз мешавад, ки анҷоми вазоифи исломӣ фақат мавқуф аст ба ин ки мусалмонон худи вазифаро бидонанд ва бишносанд ва ҳамин ки вазифаро шинохтанд, худ ба худ қодир ба анҷоми он хоҳанд буд. Пас илме, ки фариза аст ин аст, ки мусалмон дар вазифашиносӣ ё муҷтаҳид бошад ё муқаллид.

Ва ҳол он ки возеҳ аст, ки ҳамон тавре, ки вазифашиносӣ ва ёд гирифтани дастурҳои динӣ лозим аст, бисёре аз корҳое, ки ба ҳукми дин он корҳо фарзу воҷиб аст, корҳое аст, ки худи он корҳо илм ва дарс ва маҳорати лозим дорад. Масалан, табобат воҷиби кифоӣ аст, аммо анҷоми ин фариза бидуни дарс ва таҳсил ва касби илми пизишкӣ муяссар нест, пас таҳсили ин илм фариза аст ва ҳамчунин бисёр чизҳои дигар. Бояд дид, чӣ навъ умуре аст, ки аз назари ҷомеаи исломӣ лозим ва воҷиб аст ва он корро бидуни ёд гирифтан ва таълиму таъаллум наметавон хуб анҷом дод, пас илми он кор ҳам воҷиб аст.

Фаризаи илм аз ҳар ҷиҳат тобеъи мизони эҳтиёҷи ҷомеа аст. Як рӯз буд, ки кишоварзӣ ва санойеъи мавриди эҳтиёҷ ва тиҷорату сиёсат, ҳеч кадом илм ва таҳсил лозим надошт. Мардум бо шогирдӣ кардани мухтасар пеши оҳангар ё наҷҷор ё тоҷир ва кор кардан зери дасти як сиёсатмадор ё санъатгар ё тоҷир, сиёсатмадор ва санъатгар ва тоҷир мешуданд. Аммо имрӯз вазъи дунё иваз шуда ва эҳтиёҷоти ҷомеа иваз шуда, ҳеч як аз он корҳо ба тарзи муносиб бо дунёи имрӯз ва ба шакле, ки битавонад бо қофилаи зиндагӣ ҳамоҳанг бишавад, бидуни илм ва таҳсил муяссар нест. Ҳатто кишоварзӣ ҳам бояд рӯйи усули илмӣ ва фаннӣ бошад. Як бозаргон то дарси иқтисод нахонда бошад, наметавонад бозаргони ҳисобӣ бошад. Як сиёсатмадор то дарси сиёсат нахонда бошад, наметавонад дар дунёи имрӯз сиёсатмадори хубе бошад. Касбу корҳое имрӯз пайдо шуда, ки бидуни савод ва дарс ва тахассус мумкин нест. Навъи он корҳое, ки дар гузашта бо тамрини мухтасар ё шогирдии мухтасар зери дасти як нафар мешуд ёд гирифт, ҳоло ин қадр фарқ карда, ки ҷуз дар дабиристонҳои ҳирфаӣ ё донишкадаҳои фаннӣ ва ғайра наметавон онҳоро ёд гирифт. Аксари корҳо мутахассиси фаннӣ лозим дорад.

Асли истиқлол ва иззати ҷомеаи исломӣ

Бояд ба чанд асл таваҷҷӯҳ дошта бошем. Яке ин ки оё ислом чӣ гуна ҷомеае мехоҳад? Албатта возеҳ аст, ки ислом ҷомеае мехоҳад азиз ва мустақил ва муттакӣ ба худ, ислом намеписандад, ки як миллати мусалмон, зердаст ва тусарихӯри як миллати ғайримусалмон буда бошад:

وَلَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلًا

(Сураи Нисо, ояти 141) Худованд намеписандад, ки кофирон бар мусалмонон сайтара ва тасаллут дошта бошанд. Ислом намеписандад, як миллати мусалмон ҳамеша дасти дарюзагӣ ба сӯйи як миллати дигаре ба унвони қарз ё кӯмаки билоиваз дароз кунад. Ислом намеписандад, ҷомеаи исломӣ истиқлоли иқтисодӣ ё иҷтимоӣ надошта бошад. Ислом намеписандад, ки мусалмонон ҳаминки бемории сахте пайдо карданд, худашон табиб ва васоили кофӣ надошта бошанд ва беморонро ба дӯш бикашанд ва ба сӯйи миллатҳои ғайримусалмон бираванд. Ин як асл.

Илм, пояи иззатҳо ва истиқлолҳо

Асли дигар ин ки дар дунё таҳаввуле ба вуҷуд омада, ки ҳамаи корҳо бар пошнаи илм мечархад ва чархи зиндагӣ бар меҳвари илм қарор гирифтааст. Ҳамаи шуъуни ҳаёти башар бо илм вобастагӣ пайдо карда ба тавре, ки ҳеч коре ва ҳеч шаъне аз шуъуни ҳаёти башарро ҷуз бо калиди илм наметавон анҷом дод.

Фаризаи илм, мифтоҳи соири фароиз

Асли дигар ин ки анҷоми соири фароиз ва таколифи фардӣ ва иҷтимоии ислом, ба фаризаи илм бастагӣ дорад. Фаризаи илм ба унвони як калид ва мифтоҳ барои анҷоми соири фароиз ва манзурҳои исломӣ шинохта шуда ва ба истилоҳи фуқаҳо, воҷиби таҳайюъӣ аст ва биннатиҷа агар шуъуни ҳаётии мусалмонон шакле ба худ бигирад, ки вобастагии бештаре ба илм пайдо кунад, фаризаи илм ҳам аҳаммият ва лузум ва тавсиъа ва умуми бештаре пайдо мекунад.

Натиҷа

Аз маҷмӯъи ин аслҳо натиҷа мешавад, ки вазифаи шаръӣ ва умумии ҳамаи мусалмонон ин аст, ки ба сӯйи илм рӯ биёваранд ва таълимоти умумиро бар фард-фард воҷиб бишуморанд.

Фуқаҳо маъмулан масъалаи фаризаи илмро дар ду ҷо мутаъарриз мешаванд: яке, дар усули фиқҳ дар мабҳаси ”асли бароат“ дар масъалаи вуҷуби фаҳс аз далел. Ва яке ҳам, дар масъалаи истеҳбоб ё лузуми тафаққуҳ дар тиҷорат. Ва мумкин аст дар масъалаи ахзи уҷрат бар воҷибот ҳам ишорае ба ин матлаб бишавад ва ҳамон тавре, ки арз кардам, назари фуқаҳо дар ин фариза бештар мутаваҷҷеҳи ёд гирифтани масоил ва аҳком аст.

Улуми динӣ ва улуми ғайридинӣ

Истилоҳе шуда, ки мо баъзе улумро улуми динӣ ва баъзеро улуми ғайридинӣ бихонем. Улуми динӣ яъне улуме, ки мустақиман марбут ба масоили эътиқодӣ ё ахлоқӣ ё амалии дин аст ва ё улуме, ки муқаддимаи ёд гирифтани маориф ё дастурҳо ва аҳкоми дин аст аз қабили адабиёти араб ё мантиқ.

Мумкин аст, баъзе ин тавр хаёл кунанд, ки соири улум ба куллӣ аз дин бегонаанд ва ҳар чи ки дар ислом дар бораи фазилати илм ва аҷру савоби таҳсили илм гуфта шуда, мунҳасир аст ба он чи ки истилоҳан улуми динӣ гуфта мешавад, ё агар Пайғамбари Акрам (с) илмро фариза хонда, мунҳасиран мақсуд ҳамин улуме аст, ки истилоҳан улуми динӣ хонда мешавад.

Ҳақиқат ин аст, ки ин, истилоҳе беш нест. Аз як назар улуми динӣ мунҳасир аст ба ҳамон мутуни аввалияи динӣ, яъне худи Қуръони Карим ва матни суннати Пайғамбар ё авсиёи он ҳазрат. Дар садри ислом ҳам, ки ҳанӯз мардум ба худи ислом ошно набуданд, бар ҳама воҷиб ва лозим буд, ки қабл аз ҳар чиз ҳамин мутуни аввалияро ёд бигиранд. Дар он вақт ҳеч илме; на калом ва на фиқҳ ва на усул ва на мантиқ ва на таърихи ислом ва на илми дигар вуҷуд надошт. Ин ки дар ҳадисе нақл шуда, ки Пайғамбари Акрам (с) фармуд:

إنما العلم ثلاثة: آية محكمة، وفريضة عادلة، وسنة قائمة

(Усули Кофӣ, ҷ.1 с.32 ва дар он “ав фариза… аз сунна…” омадааст), ки хулосааш ин аст: илм, мунҳасир аст ба ёд гирифтани оёти Қуръон ва фаро гирифтани ҳадиси Пайғамбар, нозир ба таклиф ва вазъи он рӯзи мусалмонон аст, вале баъдан мусалмонон бо он мутуни аввалия, ки ба манзилаи қонуни асосии ислом аст ошно шуданд ва ба ҳукми фармони Қуръон ва ҳадиси Пайғамбар, илмро мутлақан ба унвони як фаризаи мусаллам шинохтанд ва тадриҷан улуме мудавван шуд ва ба вуҷуд омад.

Бинобар ин аз назари дигар ҳар илме, ки ба ҳоли мусалмонон муфид бошад ва гиреҳе аз кори мусалмонон боз кунад, он илм фаризаи динӣ ва илми динӣ аст. Мо чаро наҳву сарф ва луғати арабро улуми динӣ медонем? Оё ҷуз аз ин роҳ аст, ки нафъ ва фоидаеро дарбардорад, ки мувофиқ бо манзури ислом аст? Ба чӣ муносибат мо ашъори ишқии Имраулқайс ва ашъори хамрии Абӯнавосро ба унвони таҳсили улуми динӣ ёд мегирем? Албатта барои ин ки моро дар фаҳми забони Қуръон кӯмак мекунад.

Пас ҳар илме, ки ба ҳоли ислом ва мусалмонон нофеъ аст ва барои онҳо лозим аст, онро бояд аз улуми динӣ шумурд ва агар касе хулуси ният дошта бошад ва барои хидмат ба ислом ва мусалмонон он илмро таҳсил кунад, машмули аҷру савобҳое, ки дар таҳсили илм гуфта шуда ҳаст, машмули ин ҳадис аст, ки:

وأن الملائكة لتضع أجنحتها لطالب العلم

(Усули Кофӣ, ҷ.1, с.34) фариштагон зери пойи толибони илм пар мениҳанд. Аммо агар хулуси ният дар кор набошад, таҳсили ҳеч илме ҳарчанд ёд гирифтани оёти Қуръон бошад, аҷру савобе надорад.

Асосан ин тақсими дурусте нест, ки мо улумро ба ду ришта тақсим кунем: улуми динӣ ва улуми ғайридинӣ, то ин таваҳҳум барои баъзе пеш биёяд, ки улуме, ки истилоҳан улуми ғайридинӣ номида мешаванд, аз ислом бегонаанд. Ҷомеъият ва хотамияти ислом иқтизо мекунад, ки ҳар илми муфид ва нофеъеро, ки барои ҷомеаи исломӣ лозим ва зарурӣ аст, илми динӣ бихонем.

Таҳсили зан

Матлаберо аввал ваъда додам, ки баъд сӯҳбат кунам, роҷеъ ба ин ки фаризаи илм ихтисос ба мардон надорад, шомили занон ҳам ҳаст.

Чун Пайғамбар фармуд:

طلب العلم فريضة علی كل مسلم

— ва калимаи ”муслим“ сиғаи музаккар аст, ин таваҳҳум пеш меояд, ки таҳсили илм мухтасси мардон аст.

Аввалан, бояд арз кунам, дар баъзе аз нақлҳое, ки дар китобҳои шиъа ҳам ҳаст, калимаи:

ومسلمة

— қайд шуда.

Ва сониян, аз ин гуна таъбирот, ихтисос фаҳмида намешавад.”Муслим“ яъне мусалмон, аъамм аз ин ки мард бошад ё зан. Дар ҳамаи мавориде, ки шабеҳи ин таъбир ҳаст, ҳамин тавр умумият дорад. Масалан дар ҳадис аст:

 المسلم من سلم المسلمون من لسانه ويده

(Кофӣ, ҷ.2 с.234) Яъне мусалмон он аст, ки соири мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Бадеҳӣ аст, ки мақсуд ин нест, ки фақат марди мусалмон бояд ин тавр бошад ва шомили зан нест. Ё фармуд:

المسلم أخ‏ المسلم

(Кофӣ, ҷ.2 с.166) Мусалмон бо мусалмон бародар аст ва бояд бо ӯ муомилаи бародарӣ кунад. Дар ин ҷо намешавад гуфт, ки ин дастур мухтасси мардон аст, зеро нафармуда:

المسلمة أخت المسلمة

Калимаи ”муслим“ шомили ду мафҳум аст: яке, мусалмон будан ва яке, мард будан. Ҳар касе медонад, ки дар ин гуна маворид, ҷинсият дахолат надорад, исломият дахолат дорад. Ҳатто агар ба ҷойи калимаи ”муслим“ калимаи “раҷул“ ҳам зикр шуда буд, боз ба истилоҳи фуқаҳо, илғои хусусият мешуд. Дар баъзе аҳодис роҷеъ ба баъзе мавзӯъоти фиқҳӣ, мавриди ҳадис мард аст. Яъне масалан аз Имом суол шуда, ки марде чунин муомилае карда ва чунон шуда, ҳоло чӣ бикунад ва Имом ҷавоби он масъаларо додааст, фуқаҳо мегӯянд, ҳарчанд дар матни ҳадис сареҳан калимаи мард омада, аммо дар ин гуна маворид хусусияти ҷинсӣ илғо мешавад. Зеро маълум аст, ки ҷинсият дахолат надорад.

Солисан, гузашта аз ҳамаи инҳо, фуқаҳо сухане доранд, ки мегӯянд, баъзе умумот ва куллиёт аст, ки аз тахсис ибо дорад, лаҳну баён тавре аст, ки қобили тахсис нест, матлаб матлабе аст, ки аз назари ақл қобили табъиз нест. Масалан, назири он чи дар бораи илм омада, дар бораи тақво ҳам омадааст. Дар бораи илм гуфта шуда:

هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ

(Сураи Зумар, ояти 9)

إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ

(Сураи Раъд, ояти 19) Оё касоне, ки доно ва олиманд, бо касоне, ки нодон ва ҷоҳиланд мусовӣ мебошанд? Фақат соҳибони хирад мутаваҷҷеҳ мебошанд, ки мусовӣ нестанд.

Дар бораи тақво ҳам гуфта шуда:

أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ

(Сураи Сод, ояти 28) Оё онҳое, ки имон доранд ва амали солеҳ кардаанд, онҳоро монанди фасодангезҳо қарор медиҳем?! Ва оё муттақиён ва фосиқонро монанди якдигар қарор медиҳем?!

Ва ё фармуда:

إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ

(Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Дар ҳамаи ин маворид сиғаҳо музаккар аст. Гуфта нашудааст:

أم نجعل المتقين‏ والمتقيات

— ва ҳамчунин гуфта нашуда:

إن أكرمكن عند الله أتقيكن

Оё дар ин маворид ба истиноди ин ки сиға ва лафз, музаккар аст, метавон иддаъо кард, ки он чи дар бораи тақво гуфта шуда, ихтисос дорад ба мардон ва шомили занон нест?!

Ислом илмро нур медонад ва ҷаҳлро зулмат, илмро биноӣ медонад ва ҷаҳлро кӯрӣ:

قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الْأَعْمَىٰ وَالْبَصِيرُ أَمْ هَلْ تَسْتَوِي الظُّلُمَاتُ وَالنُّورُ

(Сураи Раъд, ояти 16) Он вақт мегӯяд:

طلب العلم فريضة علی كل مسلم

Ҳамин илм, ки нур ва биноӣ аст, бар ҳар мусалмоне фарз аст. Оё метавон қоил шуд, ки аз назари ислом фақат бар мардон фарз аст, ки аз зулмат хориҷ шаванд ва ба фазои равшан биёянд, аммо занон ҳамчунон дар зулмат бимонанд?! Фақат бар мардон фарз аст, ки аз ин кӯрӣ берун раванд ва аммо занон ҳамчунон дар кӯрӣ боқӣ бимонанд?! Албатта на.

Дар зайли ояти карима мефармояд:

إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ

Соҳибони хирад худашон мутаваҷҷеҳи ин масоил мешаванд. Дар ҳақиқат мехоҳад бифармояд, ин як матлабт возеҳе аст ва ҳама кас мефаҳмад онро. Дар ояти дигар роҷеъ ба Пайғамбар мефармояд:

يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ

(Сураи Ҷумъа, ояти 2) Яъне Пайғамбар омадааст, ки оёти Қуръонро бар мардум бихонад ва руҳи онҳоро тазкия кунад ва ба онҳо китоб ва ҳикмат таълим кунад. Дар ин оят тақво ва таълим бо ҳам зикр шуда ва ҳама ҳам ба сиғаи музаккар омада. Агар мешавад –

وَيُزَكِّيهِمْ

— ро махсуси мардон қарор дод,

وَيُعَلِّمُهُمُ

— ро ҳам мешавад махсуси мардон кард.

 Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи зидди саҳюнистӣ дар наздикии баҳри Майит
Саргузашти босмачиҳо – YII

Матолиби пурбоздид