Даҳ гуфтор – Y

Даҳ гуфтор – Y

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши панҷум

Тақво (5)

Тақво ва ҳикмати амалӣ

Ин нуктаро аввал бояд бигӯям, ки он ҳикмате, ки ба истилоҳ, мавлуди тақвост ва он равшанӣ ва фурқоне, ки дар асари тақво пайдо мешавад, ҳикмати амалӣ аст, на ҳикмати назарӣ.

Ҳукамо истилоҳе доранд, ки ақлро мунқасим мекунанд ба ду қисм: ақли назарӣ ва ақли амалӣ. Албатта мақсуд ин нест, ки дар ҳар касе ду қувваи оқила ҳаст, балки мақсуд ин аст, ки қувваи оқилаи инсон ду навъ маҳсули фикру андеша дорад, ки аз асос бо ҳам ихтилоф доранд: афкор ва андешаҳои назарӣ ва афкор ва андешаҳои амалӣ.

Феълан муқтазӣ нест, ки дар атрофи ин мабҳаси фалсафӣ сӯҳбат кунам ва фарқи афкор ва андешаҳои назарӣ ва амалиро зикр кунам, зеро худи ин матлаб агар бино бошад дар атрофаш сӯҳбат шавад, беш аз як суханронӣ вақт мегирад. Ҳамин қадр иҷмолан арз мекунам, ки ақли назарӣ ҳамон аст, ки мабнои улуми табиӣ ва риёзӣ ва фалсафаи илоҳӣ аст. Ин улум ҳама дар ин ҷиҳат ширкат доранд, ки кори ақл дар он улум қазоват дар бораи воқеиятҳост, ки фалон шайъ ин тавр аст ва ё он тавр? Фалон асар ва фалон хоссиятро дорад ё надорад? Оё фалон маъно ҳақиқат дорад ё надорад? Ва аммо ақли амалӣ он аст, ки мабнои улуми зиндагӣ аст, мабнои усули ахлоқӣ аст ва ба қавли қудамо, мабнои илми ахлоқ ва тадбири манзил ва сиёсати мудун аст. Дар ақли амалӣ мавриди қазоват, воқеияте аз воқеиятҳо нест, ки оё инчунин аст ё ончунон? Мавриди қазоват, вазифа ва таклиф аст: оё “бояд“ ин корро бикунам ё он корро? Ин тавр амал кунам ё он тавр? Ақли амалӣ ҳамон аст, ки мафҳуми хубӣ ва бадӣ ва ҳусну қубҳ ва бояду набояд ва амру наҳй ва амсоли инҳоро халқ мекунад. Роҳе, ки инсон дар зиндагӣ интихоб мекунад, марбут ба тарзи кор кардан ва тарзи қазовати ақли амалии ӯст ва мустақиман рабте ба тарзи кор ва тарзи қазовати ақли назарии вай надорад.

Ин ки дар осори динӣ ворид шуда, ки тақво ақлро равшан мекунад ва даричаи ҳикматро ба рӯйи инсон мекушояд — ҳамчунон ки лаҳни худи онҳо далолат дорад — ҳама марбут ба ақли амалӣ аст, яъне дар асари тақво инсон беҳтар дарди худ ва давои худ ва роҳе, ки бояд дар зиндагӣ пеш бигирад мешиносад, рабте ба ақли назарӣ надорад. Яъне мақсуд ин нест, ки тақво дар ақли назарӣ таъсире дорад ва одамӣ агар тақво дошта бошад, беҳтар дуруси риёзӣ ва ё табииро мефаҳмад ва мушкилоти он улумро ҳал мекунад. Ҳатто дар фалсафаи илоҳӣ низ то он ҷо, ки ҷанбаи фалсафа дорад ва сару кораш бо мантиқ ва истидлол аст ва мехоҳад бо пойи истидлол гом бардорад ва муқаддамот дар фикри худ тартиб медиҳад, то ба натиҷа бирасад, ҳамин тавр аст.

Дар навъе дигар аз маорифи рубубӣ, тақво ва покӣ ва муҷоҳидат таъсир дорад, вале он ҷо дигар пойи ақли назарӣ ва фалсафа ва истидлол ва мантиқ ва тартиби муқаддамот ва сулуки фикрӣ аз натиҷа ба муқаддима ва аз муқаддима ба натиҷа нест. Мақсуд ин аст: ин ҳақиқат, ки баён шуда, ки тақво мӯҷиби издиёди ҳикмат ва издиёди басират ва равшанбинӣ мешавад, нозир ба масоили назарӣ ва ақли назарӣ нест. Ва шояд иллати ин ки дар назари баъзеҳо қабули ин матлаб ин қадр мушкил омада ҳамин аст, ки ин матлабро ба ҳудуди ақли назарӣ тавсиъа додаанд. Ва аммо нисбат ба ақли амалӣ албатта матлаб ҳамин тавр аст ва метавон гуфт, қабл аз ҳар истидлол ва тақрибе, таҷриба гувоҳи ин матлаб аст. Воқеан тақво ва покӣ ва ром кардани нафси аммора дар равшанбинӣ ва иъонат ба ақл таъсир дорад, вале албатта на ба ин маънӣ, ки ақл филмасал ба манзилаи чароғ аст ва тақво ба манзилаи равғани он чароғ ва ё ин ки дастгоҳи ақл ба манзилаи як корхонаи муваллиди рӯшноӣ аст, ки феълан фалон миқдор киловат барқ медиҳад ва тақво, ки омад фалон миқдор киловати дигар бар барқи ин корхона меафзояд. На, ин таврҳо нест, таври дигар аст. Барои тавзеҳ муқаддимае арз мекунам.

Душмани душманони ақл

Аз калимоти Алӣ (а) аст:

أصدقاؤک ثلاثة، وأعداؤک ثلاثة

Яъни ту се навъ дӯст ва се навъ душман дорӣ.

فأصدقاؤک: صدیقک وصدیق‌ صدیقک وعدوّ عدوّک

Яъне дӯстони ту яке он кас аст, ки мустақиман дӯсти худи туст, дуввумӣ дӯсти дӯсти туст, севвумӣ душмани душмани туст.

وأعداؤک: عدوّک وعدوّ صدیقک وصدیق عدوّک

(“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 295) Душманони ту иборат аст аз он ки мустақиман бо худи ту душман аст ва он кас, ки душмани дӯсти туст ва он кас, ки дӯсти душмани туст.

Мақсудам аз нақли ин калом ин буд, ки яке аз анвоъи дӯстон, душмани душман аст. Иллати ин ки душмани душман ба манзилаи дӯст хонда шуда ин аст, ки душманро заъиф мекунад ва дасти вайро мебандад ва аз ин роҳ ба инсон кӯмак мекунад. Ин худ як ҳисобу қоидае аст, ки душмани душман монанди дӯст аст, одамиро тақвият мекунад.

Ин қоида, ки дар афрод ҷорӣ аст, дар ҳолатҳо ва қувваҳои маънавии инсон ҳам ҷорӣ аст. Қувваҳои маънавии инсон дар якдигар таъсир мекунанд ва аҳёнан таъсири мухолиф менамоянд ва асари якдигарро хунсо мекунанд. Ин матлаб ҷойи инкор нест. Дар қадиму ҷадид ба тазодде, ки каму беш байни қувваҳои мухталифаи вуҷуди инсон ҳаст таваҷҷӯҳ шуда ва ин худ достони муфассале дорад.

Рози таъсири тақво дар равшанбинӣ

Яке аз ҳолатҳо ва қувваҳое, ки дар ақли инсон яъне дар ақли амалии инсон яъне дар тарзи тафаккури амалии инсон, ки мафҳуми хубу бад ва хайру шарр ва дурусту нодуруст ва лозиму ғайрилозим ва вазифа ва таклиф ва ин ки алъон чӣ мебоист бикунам ва чӣ намебоист бикунам ва ин гуна маъонӣ ва мафоҳимро бисозад таъсир дорад, туғёни ҳавову ҳавасҳо ва матомеъ ва эҳсосоти лаҷоҷомез ва таассубомез ва амсоли инҳост, зеро минтақа ва ҳавзаи ақли амалии инсон ба далели ин ки марбут ба амали инсон аст, ҳамон ҳавза ва минтақаи эҳсосот ва тамоюлот ва шаҳавот аст. Ин умур агар аз ҳадди эътидол хориҷ шаванд ва инсон маҳкуми инҳо бошад, на ҳоким бар инҳо, дар баробари фармони ақл фармон медиҳанд, дар баробари нидои ақлу виҷдон фарёд ва ғавғо мекунанд, барои нидои ақл ҳукми порозит (туфайлӣ ва ҳайвони туфайлӣ)-ро пайдо мекунанд, дигар одамӣ нидои ақли хешро намешунавад, дар баробари чароғи ақл гарду ғубор ва дуду маҳ эҷод мекунанд, дигар чароғи ақл наметавонад партавафканӣ кунад. Филмасал мо, ки дар ин фазо алъон нишастаем ва мегӯем ва мешунавем ва мебинем, ба ҳукми ин аст, ки як нафар сухан мегӯяд ва дигарон сукут кардаанд, чароғҳо нур медиҳанд ва фазо ҳам соф ва шаффоф аст. Вале агар дар ҳамин фазо бо ин як нафар соирин ҳам ҳар кас барои худаш ҳарфе бизанад ва бо садои баланд овозе бихонад, бадеҳӣ аст, ки ҳатто худи гӯянда ҳам нидои худро нахоҳад шунид. Ва агар ин фазо пур аз дуду ғубор бошад, касе касеро нахоҳад дид. Ин аст, ки гуфтаанд:

Ҳақиқат саройест ороста,

Ҳавову ҳавас гарди бархоста.

Набинӣ, ки ҷойе ки бархост гард,

Набинад назар, гарчӣ биност мард.

(Саъдӣ)

Ва ё гуфтаанд:

Ҷамоли ёр надорад ниқобу парда, вале

Ғубори раҳ бинишон, то назар тавонӣ кард.

(Ҳофиз)

Ва ё гуфтаанд:

Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

(Мавлоно)

Барои мисол ҷавони муҳассилеро дар назар мегирем. Ин ҷавон аз мадраса баргашта, фикр мекунад лозим аст дарсҳояшро ҳозир кунад, барои ин кор чандин соат биншинад ва бихонад ва бинависад ва фикр кунад, зеро бадеҳӣ аст натиҷаи лоқайдӣ ва танбалӣ мардуд шудан ва ҷоҳил мондан ва ақиб мондан ва ҳазорҳо бадбахтӣ аст. Ин нидои ақли ӯст. Дар муқобили ин нидо, мумкин аст фарёде аз шаҳват ва майл ба гардиш ва чашмчаронӣ ва айёшӣ дар вуҷуди ӯ бошад, ки ӯро ором нагузорад. Бадеҳӣ аст, ки агар ин фарёдҳо зиёд бошад, ҷавон нидои ақли худро нашунида ва чароғи фитратро надида мегирад ва бо худ мегӯяд, феълан биравем хуш бошем, то бибинем, баъдҳо чӣ мешавад. Пас ин гуна ҳавоҳо ва ҳавасҳо агар дар вуҷуди инсон бошанд, таъсири ақлро заъиф мекунанд, асари ақлро хунсо мекунанд ва ба таъбири дигар ин ҳавову ҳавасҳо бо ақли одамӣ душманӣ меварзанд. Дар ҳадис аст, ки Имом Содиқ (а) фармуд:

الهوی عدوّ العقل

(“Мисбоҳуш-шариъа”, боби 38, с.223) Ҳавову ҳавас душмани ақл аст.

Алӣ (а) дар бораи ъуҷб ва худписандӣ фармуд:

عُجب المرء بنفسه أحد حسّاد عقله

(“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 212) Худписандии инсон яке аз умуре аст, ки бо ақли вай ҳасодат ва душманӣ меварзад. Дар бораи тамаъ фармуд:

أکثر مصارع العقول تحت بروق المطامع

(“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 219) Бештари замин хӯрданҳои ақл он ҷост, ки барқи тамаъ ҷастан мекунад.

Бидӯзад шараҳ дидаи ҳушманд,

Дарорад тамаъ мурғу моҳӣ ба банд.

(Саъдӣ)

Расули Акрам (с) мефармояд:

أعدی عدوّک نفسک التي بین جنبیک

(“Биҳорул-анвор”, ҷ.70, с.64) Яъне болотарин душманони ту ҳамон нафси аммора ва эҳсосоти саркаши туст, ки аз ҳама ба ту наздиктар аст ва дар миёни ду паҳлӯят қарор гирифтааст.

Иллати ин ки ин душман болотарини душманон аст возеҳ аст, зеро душмани ақл аст, ки беҳтарин дӯсти инсон аст. Ҳам Расули Акрам (с) фармуд:

صدیق‌ کل امرء عقله

(“Биҳорул-анвор”, ҷ.1, с.87, аз ҳазрати Ризо алайҳис-салом) Яъне дӯсти воқеии ҳар кас, ақли ӯст.

Аз ҳар душмане бо нерӯи ақл метавон дифоъ кард. Агар душмане пайдо шавад, ки битавонад ақлро бидуздад, пас ӯ аз ҳама хатарноктар аст. Соиби Табрезӣ шеъре дорад, ки мисли ин аст, ки тарҷумаи ҳамон ҳадиси набавӣ аст, мегӯяд:

Бистари роҳат чӣ андозем баҳри хоби хуш,

Мо, ки чун дил душмане дорем дар паҳлӯи хеш.

Пас таваҷҷӯҳ ба ин матлаб лозим аст, ки ҳолатҳо ва қувваҳои маънавии инсон ба ҳукми тазодд ва тазоҳуме, ки миёни баъзе бо баъзеи дигар аст, дар якдигар таъсири мухолиф мекунанд ва тақрибан асари якдигарро хунсо мекунанд ва ба иборати дигар бо якдигар душманӣ ва ҳасодат меварзанд. Аз он ҷумла аст душмании ҳавову ҳавас бо ақл.

Аз ҳамин ҷо маънои таъсири тақво дар тақвияти ақл ва издиёди басират ва равшанбинӣ равшан мешавад. Тақво, на суҳон аст ва на сунбода ва на равғани чароғ. Тақво душмани душмани ақл аст, аз навъи севвуми дӯстоне аст, ки Алӣ (а) фармуд:

وعدوّ عدوّک

Малакаи тақво, ки омад, душмани ақлро, ки ҳавову ҳавас аст рому маҳор мекунад, дигар намегузорад асари ақлро хунсо кунад, гарду ғубор барояш ба вуҷуд оварад, порозит эҷод кунад. Чӣ хуб мегӯяд Мавлавӣ:

Ҳиссҳо в-андеша бар оби сафо

Ҳамчу хас бигрифта рӯйи обро…

Хас бас анбӯҳ буд бар ҷӯ чун ҳубоб,

Хас чу як сӯ рафт, пайдо гашт об…

Чунки тақво баст ду дасти ҳаво,

Ҳақ гушояд ҳар ду дасти ақлро.

Пас маълум шуд, ки тақво воқеан таъсир дорад дар тарзи тафаккур ва тарзи қазовати инсон, вале навъи таъсираш ин аст, ки ҷилави таъсири душманро мегирад ва аз ин роҳ дасти ақлро боз мекунад ва ба вай озодӣ медиҳад:

عتق من کلّ ملکة

Ҳукамо ин гуна омилҳоро, ки ба таври ғайримустақим таъсир доранд, фоили билараз меноманд. Мегӯянд, фоил ё биззот аст ва ё билараз. Фоили биззот он аст, ки асар, мустақиман аз худи ӯ тавлид шуда ва фоили билараз он аст, ки асар, мавлуди иллати дигаре аст ва кори ин иллат кори дигаре аст мисли ин ки монеъро бартараф кардааст ва ҳамин ки монеъ бартараф шуд, он иллати дигар асари худро тавлид мекунад, вале башар ҳаминро кофӣ медонад, ки он асарро ба ин иллати зоилкунандаи монеъ ҳам нисбат бидиҳад.

Агар инсон дар ҳар чизе шак кунад, дар ин матлаб наметавонад шак кунад, ки хашм ва шаҳват ва тамаъ ва ҳасад ва лиҷоҷ ва таассуб ва худписандӣ ва назоири ин умур одамиро дар зиндагӣ кӯру кар мекунад. Одамӣ пеши ҳавас кӯру кар аст. Оё метавон дар ин матлаб шак кард, ки яке аз ҳолоти оддӣ ва маъмулии башар ин аст, ки айбро дар худ намебинад ва дар дигарон мебинад ва ҳол он ки худаш бештар ба он айб мубталост? Оё иллати ин нобиноӣ нисбат ба айби худ ҷуз ъуҷбу худписандӣ ва мағрурӣ чизи дигаре ҳаст? Оё тардиде ҳаст, ки мардумони муттақӣ, ки муҷоҳидаи ахлоқӣ доранд ва бар ъуҷб ва тамаъ ва соири разоили нафсонӣ фоиқ омадаанд, беҳтар ва равшантар айби худ ва дарди худро дарк мекунанд? Ва оё барои инсон илм ва ҳикмате муфидтар аз ин ки худро ва айби худро ва роҳи ислоҳи худро бишносад вуҷуд дорад?

Агар тавфиқе пайдо кунем, ки бо нерӯи тақво нафси аммораро рому мутеъ намоем, он вақт хоҳем дид чӣ хуб роҳи саодатро дарк мекунем ва чӣ хуб мефаҳмем ва чӣ равшан мебинем ва чӣ хуб ақли мо ба мо илҳом мекунад. Он вақт мефаҳмем, ки ин масоил чандон ҳам печида ва мӯҳтоҷ ба истидлол набуда, хеле возеҳ ва равшан буда, фақат ғавғоҳо ва порозитҳо намегузоштаанд, ки мо таълими ақли худро бишнавем.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамла ба як сарбози омрикоӣ дар Туркия
Ду киштӣ дар баҳри Сурх мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Матолиби пурбоздид