Маод – YI

Маод 

Бахши шашум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Барзах

Оятҳои дигаре, ки дар инҷо ҳаст, яке он ояти сураи:

قَدْ أَفْلَحَ الْمُؤْمِنُونَ

— аст, ки нақл мекунад, майит баъд аз он ки мемирад ва вазъи худашро вахим мебинад — албатта лобуд баъзе аз амвот ин тавранд — тақозои бозгашт мекунад (1):

رَبِّ ارْجِعُونِ، لَعَلِّي أَعْمَلُ صالِحاً فِیما تَرَكْتُ

Парвардигоро! Маро бозгардон, бошад, ки дар он чи кӯтоҳӣ кардаам (ё дар молу сарвате, ки боқӣ гузоштаам), кори солеҳ анҷом бидиҳам. Ҷавоб медиҳанд:

كَلاّ إِنَّها كَلِمَةٌ هُوَ قائِلُها

Бас, ҳарфе аст, ки мезанад, агар ҳам бозгардад, боз мисли аввал хоҳад буд. Баъд мефармояд:

وَمِنْ وَرائِهِمْ بَرْزَخٌ إِلی یَوْمِ یُبْعَثُونَ

(Мӯъминун/99 ва 100) Аз варои онҳо яъне аз ҷилави онҳо. Калимаи “варо”, ҳам ба маънии пушти сар гуфта мешавад, ҳам ба маънии пеши рӯ, дар Қуръон ба ҳар ду маъно истеъмол шуда:

وَكانَ وَراءَهُمْ مَلِكٌ یَأْخُذُ كُلَّ سَفِینَةٍ غَصْباً

(“Ва дар пеши рӯйи онон подшоҳе буд, ки киштиҳоро ба ғасб мегирифт.” (Каҳф/79)) Он чизе, ки дар ҷилави инсон бошад, иҳота бар инсон дошта бошад, мегӯянд, варои инсон аст. Дар ин оят калимаи “варо” ба маънои ҷилав итлоқ мешавад ва хабар ҳам қарина аст:

إِلی یَوْمِ یُبْعَثُونَ

Калимаи “барзах”-ро ба ин маъно барои аввалин бор худи Қуръон истеъмол карда ва баъд дар “Наҳҷул-балоға” ҳам омадааст, дар ахбор ва аҳодис ҳам зиёд омада, дар калимоти уламо ҳам зиёд омада. Қаблан дар луғат калимаи “барзах” ба ин маъно набуда, калимаи “барзах” дар луғат ба чизе гуфта мешавад, ки ҳоил миёни чизе ва чизи дигар бошад. Масалан, агар мо ду утоқ дошта бошем, як утоқ он тарафи девор ва як утоқ ин тарафи девор, ки ин солун ҳоиле бошад миёни ин утоқ ва он утоқ, мегӯянд, барзах миёни ин ду. Бинобар ин:

وَمِنْ وَرائِهِمْ بَرْزَخٌ إِلی یَوْمِ یُبْعَثُونَ

— ҳикоят мекунад, ки аз мурдан то қиёмат, як ҳолате вуҷуд дорад, ки он ҳолат фосилаи миёни зиндагии ин дунё ва қиёмат аст, ҳоил миёни ин ду аст. Оё ин оят ҳикоят намекунад, ки инсон баъд аз мурдан боз ҳам зинда аст, боз ҳам мусташъир аст, боз ҳам орзу ва тақозо дорад ва то рӯзи қиёмат ба ҳамин ҳол ҳаст?

Ояти дигар дар сураи:

إِذا وَقَعَتِ الْواقِعَةُ

— мефармояд:

فَلَوْلا إِذا بَلَغَتِ الْحُلْقُومَ، وَأَنْتُمْ حِینَئِذٍ تَنْظُرُونَ، وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَیْهِ مِنْكُمْ وَلكِنْ لا تُبْصِرُونَ، فَلَوْلا إِنْ كُنْتُمْ غَیْرَ مَدِینِینَ، تَرْجِعُونَها إِنْ كُنْتُمْ صادِقِینَ، فَأَمّا إِنْ كانَ مِنَ الْمُقَرَّبِینَ، فَرَوْحٌ وَرَیْحانٌ وَجَنَّةُ نَعِیمٍ، وَأَمّا إِنْ كانَ مِنْ أَصْحابِ الْیَمِینِ، فَسَلامٌ لَكَ مِنْ أَصْحابِ الْیَمِینِ، وَأَمّا إِنْ كانَ مِنَ الْمُكَذِّبِینَ الضّالِّینَ، فَنُزُلٌ مِنْ حَمِیمٍ، وَتَصْلِیَةُ جَحِیمٍ

(Воқеа/83- 94)

Аввал мегӯяд, агар на ин аст, ки ин рафтан, изтирорӣ аст ва ҳукми Худост ва барои ин аст, ки ҳар касе ба подош (ва кайфар)-и амал ва ҷазои хубу бади амали худаш бирасад, агар на ин аст, ки мурдан — ба истилоҳи имрӯз — як суннати ҷабрӣ ва қатъӣ аст, пас чаро он вақт, ки (нафс) ба ҳулқум мерасад, (онро барнамегардонед)? Аввалан, худи ин, матлабе аст, ки як чизе ҳаст, ки он ба ҳулқум мерасад. Ҳоло наҳваи расидан (чӣ гуна аст), воқеан яъне нақли макон мекунад, мерасад ба ҳулқум ё қатъи алоқааш мерасад ба он ҷо, ки аз ҳулқум мехоҳад қатъи алоқа бишавад? Мо инро ба кӯмаки ахбор ва ривоятҳо тавзеҳ медиҳем.

Матлабе аз ахбор ва ривоятҳо истинбот мешавад ва он ин аст, ки одаме, ки дар ҳоли ҷон кандан аст, қабл аз он ки ҳамон нафс, ҳамон ҷон, ҳамон руҳ (ба ҳар исме бихоҳем биномем) ба ҳулқум бирасад, қабл аз он ҳанӯз мурдани воқеӣ нест, ҳанӯз он (нафс) дар ин дунёст ва мешавад онро баргардонд. Ин ҳатман як рози илмӣ ҳам дорад, ки мо намедонем. Ман алъон намедонам, ки рози илмии матлаб чист ва шояд, то ин ҳадд бошад, ки аз назари пизишкӣ қобили баргардондан аст, масалан мумкин аст қалб истода бошад, вале баъд бишавад думартиба ҳамин қалби истодаро баргардонд. Ба ин марҳила, ки расид, ки Қуръон аз он таъбир мекунад:

إِذا بَلَغَتِ الْحُلْقُومَ

— дигар ҳисоби баргаштан дар кор нест. Дар ахбор ин тавр ворид шудааст, ки вақте ба ҳулқум мерасад, замон муойина аст, яъне бо ин ки руҳ дар ҳоли ҷудо шудан ва қатъи алоқа аст, бо ин ки ниме (2) аз алоқаи руҳ қатъ шуда ва ин одам ба сурати ниммурда даромадааст, ҳанӯз дар ин дунёст, вале ба ҳулқум, ки расид, муойина барояш даст медиҳад, яъне он вақт он дунёро мебинад, вазъи худашро дар он олам мебинад, аъмоли худашро мебинад ва ашёро ба сурати мисолӣ мебинад, мисоли амали худашро мебинад, мисоли зану фарзанди худашро мебинад ва фариштагонро мебинад. Ба ҳар ҳол чизҳоеро, ки то ҳоло намедид, он вақт мебинад ва дар ҳамон ҳол ин дунёро мебинад, яъне дар марз миёни олами дунё ва олами баъд аз дунёст, ҳам инҷоро мебинад, ҳам онҷоро, ҳам зану бачча ва касонашро мебинад, ки даври ҷасадашро гирифтаанд, доранд гиря мекунанд ва ҳам малоикаро ба сурати хосс ё — мутобиқи он чи аз ахбор истифода мешавад — авлиёи ҳақро ба сурати хоссе мебинад, ҳам онҷоро мебинад, ҳам инҷоро. Ин марҳила марҳилаи муойина аст. Ҳамин қадр, ки одам расид ба он ҷо, ки дарвозаи он олам ба рӯяш боз шуд, ин ҳамон ҷост, ки Қуръон мегӯяд, он дигар баргашт надорад.

Ба ҳар ҳол, маҳалли шоҳиди мо ин қадр набуд, фақат ин миқдораш буд, ки Қуръон аз як ҳақиқате ном мебарад, ки тадриҷан аз инсон ҷудо мешавад, то мерасад ба марҳилае, ки ба ҳулқум мерасад, ба он ҷо, ки расид, дигар баргаштан надорад. Пас маълум мешавад, ки моҳияти мурдан аз назари Қуръон, воқеан ҷудоӣ аст. (Худо мегӯяд) чаро он вақте, ки ба ҳулқум мерасад ва шумо нозираш ҳастед (нафсро барнамегардонед?) Мо (3) аз шумо ба он наздиктар ҳастем –

وَلكِنْ لا تُبْصِرُونَ

— шумо намебинед. Имое аст ба ин ки ӯ мебинад ва шумо намебинед.

فَلَوْلا إِنْ كُنْتُمْ غَیْرَ مَدِینِینَ

Агар ин тавр аст, ки шумо ғайри мадин (яъне ғайри муҷзӣ) ҳастед, ки бояд ин тавр бошед, ки аъмолатон ҳадар биравад ва ба подош ва кайфари аъмол нарасид –

تَرْجِعُونَها

— чаро ҳоло он (нафс)-ро барнамегардонед? Маънии оят ин аст: гӯ ин ки рози ин ки вақте, ки нафс мерасад ба ин марҳила, дигар бозгашт надорад, аз тибб ва пизишкӣ ҳам коре сохта нест ва Худованд онро аз дастраси баргардондан хориҷ кардааст ин аст, ки интиқолаш ба он олам зарурӣ аст ва бояд биравад.

Дастабандии инсонҳо

Баъд ҳамин ҷо, ки дорад масъалаи интиқолро баён мекунад — чун ҳанӯз масъалаи қиёмат матраҳ нест — билофосила тақсим мекунад:

فَأَمّا إِنْ كانَ مِنَ الْمُقَرَّبِینَ، فَرَوْحٌ وَرَیْحانٌ وَجَنَّةُ نَعِیمٍ

Мардумро се даста мекунад: мақаррабин, асҳобулямин ва муказзибин (ки дар аввали ҳамин сура асҳобушшимол номида шудаанд). Қуръон як иддаро муқаррабин меномад, як иддаро асҳобулямин, яъне дӯстони рост, мисли ин ки имрӯз истилоҳан мегӯем дасти ростиҳо ва як иддаро асҳобушшимол, дасти чапиҳо (4). Муқаррабин аз назари Қуръон, онҳое ҳастанд, ки гӯйи саодатро ба ҳадди аъло рубудаанд, асҳоби ямин мутавасситини аҳли саодат ва асҳобушшимол аҳли шақоват ҳастанд. Ба ҳар ҳол, Қуръон ин тавр тақсимбандӣ мекунад.

Аммо муқаррабин дар равҳу райҳон ва дар як роҳат ва осоише ҳастанд. Райҳон калимае аст, ки дар дунё аломати як дастаи гуле аст, ки бӯйи хуш бидиҳад, аммо аз назари ухравӣ, ҳақиқати он чист? Бар мо маҷҳул аст ва тафсир ҳам намешавад кард: равҳӣ, райҳонӣ, ҷаннати пур аз неъмате. Аммо асҳоби ямин, тафсирашро намегӯяд: дуруд аз барои ту аз ноҳияи асҳоби ямин, яъне хотират ҷамъ бошад, вазъи онҳо ҳам хеле хуб аст, мисли ин ки вақте аз шумо мепурсанд, оқо писаратон чӣ тавр аст? Мехоҳед бигӯед, хуш аст, мегӯед, ба шумо салом мерасонад, дасти шуморо мебӯсад, яъне хуш аст.

فَسَلامٌ لَكَ مِنْ أَصْحابِ الْیَمِینِ، وَأَمّا إِنْ كانَ مِنَ الْمُكَذِّبِینَ الضّالِّینَ

Инҳоро қадре тавзеҳ медиҳад:

فَنُزُلٌ مِنْ حَمِیمٍ

Он пазироии муваққат ва мухтасари меҳмонро мегӯянд “нузул”. Меҳмон, ки ворид мешавад, аз ӯ ду пазироӣ мекунанд: ибтидо як танаққуле, чизе ва дар асри мо масалан чой, ширинӣ, мевае ҷилаваш мегузоранд, вале ғизояш, ки тағзияи асосии ӯст, ноҳор ва шомаш ҳаст. Қуръон мегӯяд: ва аммо инҳо ибтидо як нузуле, як пазироии мухтасар ва кучаке аз ҳамим (оби ҷӯшон ва доғ) мешаванд, баъд ҳам –

وَتَصْلِیَةُ جَحِیمٍ

— расонданм онҳо ба оташҳо.

إِنَّ هذا لَهُوَ حَقُّ اَلْیَقِینِ، فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِیمِ

(Воқеа/95 ва 96)

Инҷо ҳам мо мебинем, дар ҳоле, ки сӯҳбат аз ҷон кандан ва ҷон рафтан аст, билофосила мегӯяд:

فَأَمّا

“Фа” дар луғати араб барои таркиб ба иттисол аст, яъне “билофосила”: билофосила агар аз муқаррабин аст чунин, агар аз асҳоби ямин аст чунон, агар аз асҳоби шимол аст чунон. Пас мо аз ин оят ҳам боз комилан истинбот мекунем, ки қабл аз қиёмат ва баъд аз марг, ҳаёте вуҷуд дорад.

Ояти дигар:

یا أَیَّتُهَا النَّفْسُ اَلْمُطْمَئِنَّةُ، ارْجِعِي إِلی رَبِّكِ راضِیَةً مَرْضِیَّةً، فَادْخُلِي فِي عِبادِي، وَادْخُلِي جَنَّتِي

(Фаҷр/27-30) Ҳолати руҳи ором ва нафси оромёфтаро (баён мекунад). Ба таъбири Қуръон, инсон оромиши воқеиро, ки дигар ҳар гуна изтироб ва тазалзул аз ӯ гирифта шавад, танҳо вақте пайдо мекунад, ки ба зикри Аллоҳ бирасад, яъне ба Худо бирасад, ёди Худо аз рӯйи имон ва маърифати комил аст, ки оромиши комил ба инсон медиҳад: “Эй нафси мутмаин! Бозгард ба сӯйи парвардигорат, ки ту аз парвардигорат хушнудӣ ва парвардигорат ҳам аз ту хушнуд аст.”

Мурдан, як амри вуҷудӣ

Ин оят ҳам нишон медиҳад, ки бо як шоъир (яъне бо як мудрик, дарккунанда), бо як мутафаккир доранд ҳарф мезананд. Агар ғайр аз ин бошад, мисли ин аст, ки ба чароғе дар ҳоле, ки дорад хомӯш мешавад ва ҳаёти худашро аз даст медиҳад, бигӯем: эй чароғ! Ҳоло ту бозгард! Ин дигар бозгаштан нест, тамом шудан аст.

Ба илова, Қуръон ҳамин тавре, ки ҳаётро як амри вуҷудӣ медонад ва расул ва маъмур ва фаришта барои он қоил аст, барои мурдан ҳам фариштаи махсус ва фариштагони махсус қоил аст. Агар мурдан тамом шудани ҳаёт мебуд, дигар ин ҳарфҳо, ки мо фиристодагон ва фариштагоне дорем ва онҳоро мефиристем, ки бигиранд ва биёваранд, маънӣ надошт. Бале, (дар бораи) ҳар чи ҳаёт аст мегуфт, мо фариштагони худамонро мефиристем ба ин олам рӯзӣ медиҳанд, ҳаёт медиҳанд, он соате, ки ҳаёт надоданд (мурдан аст), мурдан яъне ҳаёт надодан. Аммо Қуръон масъалаи имотаро як амре мофавқи мурдан ва фуқдони ҳаёт талаққӣ мекунад, яъне онро як навъ ҳаёт, як навъ интиқол, як татаввури ҳаёт ва танаввури ҳаёт талаққӣ мекунад. “Миронда шуд” мисли ин аст, ки бигӯем, баччае аз модар мутаваллид шуд, вазъе табдил ба вазъи дигар шуд, ҳаёте табдил ба ҳаёти дигар шуд, на ин ки ҳаёте буд ва ба куллӣ салб шуд.

Инҳо силсила оятҳое буд, ки мо дар ин замина пайдо кардем, ки далолат мекунад инсон дар фосилаи мурдан то рӯзи қиёмат аз як навъ ҳаёт — ки баъдҳо ҳаёти барзахӣ ва олами барзах истилоҳ шуда — бархӯрдор аст.

* * *

(1) Ин маълум аст мурда, ки мегӯянд “бозгашт”.

(2) “Ним”, ки мегӯем, мақсудамон қисмате аст, ҳоло мумкин аст беш аз ним ё камтар аз ним бошад, инҳоро намешавад андозагирӣ кард.

(3) Худо, ки инҷо мегӯяд “мо”, мақсуд мо ва фариштагонамон аст. Худо дар ин дунё низ аз мо (ба мо) наздиктар аст, вале дар он вақт — ҳамон тавре, ки арз кардам — ҳолати муойина аст, яъне он шахс фариштагонро ба худаш наздиктар мебинад аз шумо, ҳам шуморо мебинад ва ҳам онҳоро, вале онҳоро ба худаш наздиктар мебинад.

(4) Истилоҳи дасти ростӣ ва дасти чапӣ имрӯз роиҷ шуда, вақте Қуръон инҳоро гуфта ин истилоҳот набудааст.

(Манбаъ: сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ, Фейсбук)

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиҳати Луқмон ба фарзандаш
Ҳамлаи Исроил ба ҷануби Лубнон

Матолиби пурбоздид