Дидор ва гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуди Пизишкиён

Дидор ва гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуди Пизишкиён

Ахбори байналмилал

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ба манзури ширкат дар ойини таҳлифи 14-умин давраи риёсати ҷумҳурӣ ба Эрон сафар кардааст, бо Масъуди Пизишкиён дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Ирно, Масъуди Пизишкиён, субҳи имрӯз (сешанбе) бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ба манзури ширкат дар маросими таҳлифи 14-умин давраи риёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, дидор ва гуфтугӯ кард.

Бар асоси гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни табрики Пизишкиён ба муносибати оғози фаъолияташ ба унвони раиси ҷумҳур, аз вай даъват кард, ки дар фурсате муносиб, ба Тоҷикистон сафар кунад.

Ба гузориши ин пойгоҳ, “зимни сӯҳбат, ҳар ду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад. Ба андозаи панҷ маротиба афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд.”

Гузориши ин пойгоҳ меафзояд:

“Дар ин робита таъмини фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва истифодаи муассир аз Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар зарур дониста шуд.

Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, нафту газ, технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо алоқамандӣ зоҳир намуданд.

Ҷониби мо (Тоҷикистон) ба истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор барои ҳамлу нақли молу маҳсулоти Тоҷикистон изҳори манфиатдорӣ намуд.

Ҳар ду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводди мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳимми суҳбат буд.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.” (Поёни гузориши пойгоҳи иттилоърасонаии риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон)

(president.tj)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Торихсозон
Реша

Матолиби пурбоздид