Дидори махфии сафири ИМА бо ҷосуси исроилӣ

Дидори махфии сафири ИМА бо ҷосуси исроилӣ

 Ҳайрати Кохи Сафед ва хушнудии Телавив

Ахбори байналмилал

Ба иттилои хабаргузории «Рейтер», мулоқоти сафири Иёлоти Муттаҳида дар Исроил бо Ҷонатан Поллард — ҷосуси маҳкумшудаи амрикоӣ — бидуни ҳамоҳангии Кохи Сафед сурат гирифтааст.

Ин дидори ғайримунтазира акнун ба як мавзӯи ҳассос ва баҳсбарангез дар сиёсати хориҷии Вашингтон табдил ёфтааст.

Ҷонатан Поллард, афсари собиқи иттилоотии Нерӯҳои баҳрии ИМА, дар солҳои 1980 барои интиқоли миқдори зиёди санадҳои фавқимаҳрамонаи амрикоӣ ба Исроил боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Ӯ ба мақомоти исроилӣ маълумоти бисёр ҳассос, аз ҷумла таҳлилҳои амниятии Вашингтон ва шабакаҳои иттилоотии ИМА дар Ховари Миёнаро интиқол дода буд.

Парвандаи Поллард аз он замон то имрӯз ба унвони яке аз печидатарин ва ҳассостарин қазияҳои ҷосусии миёни ду муттафиқи наздик — ИМА ва Исроил — боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи манобеи амрикоӣ, дидори бидуни ҳамоҳангӣ бо Кохи Сафед метавонад равобити Вашингтон ва Телавивро бӯҳронӣ кунад, дар ҳоле ки Исроил ин мулоқотро ба таври мусбат пазируфтааст.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иддаои Мадуро дар бораи нақши бонкҳои Амрико дар гардиши маблағҳои қочоқи маводди мухаддир

Матолиби пурбоздид