Дидори муовини аввали вазири хориҷа бо сафири Амрико
Ахбори минтақа
Исматулло Носириддин муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Мануэл Микаллер – сафири ИМА, дар торихи 5-март, дар Душанбе, ба гуфтугӯ нишастанд.
Дар ин дидор, ду тараф дар мавриди вазъияти кунунӣ ва барномаҳои дуҷониба ва тақвияти гуфтугӯҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва амниятӣ баҳс ва табодули назар карданд.
Дар идома низ ба густариши таомули дуҷониба ва чандҷониба дар қолаби платформи “С5+1” таъкид намуданд.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: