Дидори Оятуллоҳ Хоманаӣ бо раҳбарони Ҳамос
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, бо раис ва аъзои Шӯрои раҳбарии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дидор ва гуфтугӯ дошт.
Ба гузориши хабаргузории Форс
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, бо гиромидошти ёд ва хотираи шуҳадои Ғазза ва фармондеҳони шаҳид, бавежа шаҳид Исмоил Ҳаниа, хитоб ба раҳбарони Ҳамос гуфт: “Худованди Мутаъол ба шумо ва мардуми Ғазза иззат ва пирӯзӣ ато кард ва Ғаззаро мисдоқи ояти шарифае қарор дод, ки мегӯяд: “Чӣ басо гурӯҳи кӯчаке ба сабаби тавфиқ ва изни илоҳӣ бар гурӯҳи бисёр ва қудратманд ғалаба кунанд.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон таъкид кард: “Шумо бар режими саҳюнистӣ ва дар воқеъ бар Омрико ғалаба кардед ва ба лутфи Худованд нагузоштед онҳо ба ҳеч як аз аҳдофи худ бирасанд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ранҷҳое, ки мардуми Ғазза дар як солу ними муқовамат мутаҳаммил шуданд, хотирнишон кард: “Маҳсули ҳамаи ин ранҷҳо ва ҳазинаҳо дар ниҳоят пирӯзии ҳақ бар ботил буд ва мардуми Ғазза барои ҳамаи касоне, ки дил дар гарави муқовамат доранд, улгу шуданд.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо қадрдонӣ аз музокиракунандагони Ҳамос, дастоварди тавофуқи анҷомшударо бузург хонд ва гуфт: “Имрӯз вазифаи ҳамаи ҷаҳони ислом ва ҳамаи ҳомиёни муқовамат, кӯмак ба мардуми Ғазза барои коҳиши ранҷу оломи онҳост.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ барномарезӣ барои корҳои фарҳангӣ ва идомаи масири кунунии корҳои таблиғотӣ дар канори умури низомӣ ва бозсозии Ғаззаро зарурӣ хонд ва афзуд: “Нерӯҳои муқовамат ва Ҳамос дар корҳои таблиғотӣ ва расонаӣ амалкарди бисёр олӣ доштанд ва ин равиш бояд идома ёбад.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон, имонро омили аслӣ ва силоҳи ғайру мутақорини ҷабҳаи муқовамат дар муқобили душман донист ва гуфт: “Ба воситаи ҳамин имон аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ва ҷабҳаи муқовамат дар муқобили душманон эҳсоси заъф намекунанд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таҳдидҳои ахири Омрико нисбат ба Ҷумҳурии Исломӣ ва мардуми Эрон, таъкид кард: “Ин гуна таҳдидҳо, ҳеч таъсире дар зеҳнияти миллат ва масъулини мо ва ҳамчунин фаъолини кишвар ва ҷавонон надорад.”
Вай хотирнишон кард: “Масъалаи дифоъ аз Фаластин ва ҳимоят аз мардуми Фаластин низ дар зеҳни мардуми Эрон ҳеч ҷойи суол надорад ва як мавзӯъи ҳалшуда аст.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон гуфт: “Масъалаи Фаластин барои мо як масъалаи аслӣ ва пирӯзии Фаластин низ барои мо як мавзӯъи қатъӣ аст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки дар ниҳоят пирӯзии ниҳоӣ бо мардуми Фаластин хоҳад буд, хотирнишон кард: “Ҳаводис ва фарозу фурудҳо набояд мӯҷиби тардид шавад, балки бояд бо қудрати имон ва умед пеш рафт ва ба имдодҳои илоҳӣ умедвор буд.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар поён хитоб ба раҳбарони Ҳамос гуфт: “Ба лутфи Худованд он рӯз фаро хоҳад расид, ки ҳамаи шумо бо сарбаландии тамом, мавзӯъи Қудсро барои дунёи ислом ҳал кардаед ва он рӯз қатъан иттифоқ хоҳад афтод.”
Дар ибтидои ин дидор, оқои Муҳаммад Исмоил Дарвеш, раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос бо табрики пирӯзии бузурги муқовамат дар Ғазза, хитоб ба раҳбари Ҷ.И.Эрон гуфт: “Мо талоқии айёми пирӯзии муқовамати Ғазза бо солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба фоли нек мегирем ва умедворем ин тақорун, заминасози озодии Қудс ва Масҷидулақсо шавад.”
Оқои Халил ал-Ҳайя, муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос низ дар ибтидои ин дидор, бо табрики пирӯзии муқовамати Ғазза, хитоб ба раҳбари Ҷ.И.Эрон гуфт: “Мо имрӯз дар ҳоле ба дидори ҷаноби олӣ омадаем, ки ҳама сарбаланд ҳастем ва ин пирӯзии бузург, пирӯзии муштараки мо ва Ҷумҳурии Исломӣ аст.”
Дар ин дидор оқоён Муҳаммад Исмоил Дарвеш, раиси Шӯрои раҳбарии Ҳамос, Халил ал-Ҳайя, муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва Зоҳир Ҷабборин, раиси Ҳамос дар каронаи Бохтарӣ, зимни таҷлил аз раҳбарони шаҳиди муқовамат бавежа шаҳидон Исмоил Ҳаниа, Сайидҳасан Насруллоҳ, Яҳё Синвор ва Солеҳ ал-Орурӣ, гузорише аз охирин вазъияти Ғазза ва каронаи Бохтарӣ ва пирӯзиҳо ва муваффақиятҳои ба даст омада ва шароити кунунӣ, ироа ва аз ҳимоятҳои ҳамешагии Ҷумҳурии Исломӣ ва мардуми Эрон қадрдонӣ карданд.
Қаламонлайн