Маод – VII

Маод 

Бахши ҳафтум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Дунё, барзах, қиёмат

Дар ояти дигар, Қуръон нақл мекунад аз забони аҳли қиёмат (ҳамаи онҳо ё баъзе) махсусан аз забони гунаҳкорон, ки онҳо инчунин мегӯянд:

رَبَّنا أَمَتَّنَا اثْنَتَیْنِ وَأَحْیَیْتَنَا اثْنَتَیْنِ فَاعْتَرَفْنا بِذُنُوبِنا فَهَلْ إِلی خُرُوجٍ مِنْ سَبِیلٍ

(Мӯъмин/11) Худоё! Ту ду бор моро мирондӣ ва ду бор моро эҳё кардӣ (яъне мурда будем ва моро зинда кардӣ)

فَاعْتَرَفْنا بِذُنُوبِنا

— ва мо ҳам ба гуноҳони худамон эътироф дорем.

فَهَلْ إِلی خُرُوجٍ مِنْ سَبِیلٍ

Оё роҳе ба берун шудан ҳаст? Яъне чӣ инҳо дар қиёмат мегӯянд, Худоё! Ту моро ду бор мирондӣ? Агар ҳисоб ин бошад, ки одам баъд, ки мурд, дар як хоби амиқи тӯлонӣ фурӯ меравад ва танҳо дар қиёмат зинда мешавад, бояд бигӯяд, Худоё! Ту як бор моро мирондӣ ва як бор ҳам зинда кардӣ, аммо инҷо мегӯяд: ду бор мирондӣ ва ду бор зинда кардӣ.

Оё ин мунтабиқ нест бо ҳамин асл, ки воқеан се олам ҳаст: олами дунё ва табиат, олами барзах — ки вақте инсон аз дунё ба олами барзах меравад, аз инҷо миронда мешавад, нисбат ба ин дунё миронда шудааст, нисбат ба олами барзах эҳё — ва олами қиёмат, ки боз навъе мирондан аз барзах аст ва эҳё дар қиёмат?

Масъалаи руҳ дар Қуръон

Ғайр аз ин, оёте, ки роҷеъ ба худи масъалаи руҳ дар Қуръон аст, (бар ҳаёти пас аз марг) далолат дорад ва ба онҳо ҳам мешавад истинод кард. Афроде, ки мегӯянд, аслан масъалаи руҳ дар Қуръон наомада, ба онҳо бояд гуфт, пас ин оятҳо ба назари шумо чист? Мо руҳро ба чӣ мегӯем? Аввалан, мо ба лафзи руҳ кор дорем, ки худи лафзи руҳ ҳам ба ин маъно дар Қуръон истеъмол шудааст. Албатта, лафзи руҳ дар Қуръон мунҳасир ба ин нест, (балки) ба ҳақоиқе гуфта шуда, ки ҳамаи онҳо аз синхи руҳанд, яъне Қуръон ба як силсила ҳақоиқ, ки ҳама мофавқи ҷисм ва ҷисмонӣ ҳастанд, руҳ итлоқ мекунад. Ба ваҳй аз он ҷиҳат руҳ мегӯяд, ки як кайфияти ҷисмонӣ нест. Ба Руҳулқудс аз он ҷиҳат руҳ мегӯяд, ки як кайфияти ҷисмонӣ нест. Ба амри худаш аз он ҷиҳат руҳ мегӯяд, ки як кайфияти ҷисмонӣ нест. Ваҷҳи муштараки руҳ гуфтан ба ҳамаи инҳо ҳамин аст, ки аз сатҳи ин дунё пайдо нашуда, аз болои ин дунё ба ин дунё омадааст:

وَنَفَخْتُ فِیهِ مِنْ رُوحِي

(Ҳиҷр/29) аст, ҳар вақт дар ин дунё пайдо шуда, аз матни дунё пайдо нашуда, онро аз дунёи дигар ба ин дунё овардаанд.

Ба ҳар ҳол, фарз кунед, мо аз он оятҳо ҳам сарфи назар кунем, ба лафзи руҳ ва ба луғати руҳ ҳам абадан кор надорем, вале оё аз ин оятҳо (ки зикр шуд) воқеан истинбот мешавад, ки моҳияти мурдан интиқол аст? Агар моҳияти мурдан интиқол ва ҳаёти баъд аз ин ҳаёт аст, одам қасами ҳазрати Аббос мехӯрад, ки ин, пайкар мурда аст, ин пайкар, ки намешавад гуфт зинда аст. Қуръоне, ки ҳамеша дам аз руфот будан (1) мезанад, мегӯяд, ҳамин пайкар зинда аст? Ва ин як амри бисёр возеҳ ва табиӣ аст.

Пас Қуръон ба як ҳақиқате қоил аст, исмашро ҳар ки ҳар чи мехоҳад, бигузорад, худи Қуръон дар баъзе ҷоҳо исмашро “нафс” гузошта ва дар баъзе ҷоҳо “руҳ”. Аз он ҷиҳат ба он руҳ мегӯяд, ки ҷанбаи мофавқи ҷисмонӣ дорад. Ва аз он ҷиҳат ба он нафс мегӯяд, ки худи инсон аст, чун асли маънои нафс яъне худ. Вақте мегӯем:

جاءني زید نفسه

Зайд омад, нафси Зайд омад, яъне худаш омад, худи худаш омад. Яъне вақте мегӯям: “Зайд омад”, хаёл накун, ки масалан навкараш омада, мегӯям Зайд омада, писараш омада, мегӯям Зайд омада, ё номааш омада, мегӯям Зайд омада, на,

جاءني زید نفسه

— худаш омад. Ҳамон калимаи “худӣ” аст, ки мо мегӯем. Ин ки ба руҳ “нафс” гуфта шудааст, рӯйи ин ҳисоб аст, ки (Қуръон) он “худ”-и башарро ба он нафс медонад. Он худи воқеӣ ва маниши воқеӣ ва шахсияти воқеии инсон, ба ҳамон:

نَفَخْتُ فِیهِ مِنْ رُوحِي

— аст ва бадан ҷанбаи олат ва орият дорад ва чизе шабеҳи либос (2) барои он аст.

Ишколи кофирон ва посухи Қуръон

Ояте дар Қуръон ҳаст, ки аз он нуктае дар ҳамин замина истифода мешавад, қаблан хондам. Оят дар сураи:

الم سجده

— аст, ки аз забони кофирон нақл мекунад:

وَقالُوا أَإِذا ضَلَلْنا فِي الْأَرْضِ أَإِنّا لَفِي خَلْقٍ جَدِیدٍ بَلْ هُمْ بِلِقاءِ رَبِّهِمْ كافِرُونَ

(Саҷда/10) Гуфтанд: оё он вақт, ки мо дар замин гум шудем, боз ҳам бори дигар халқ мешавем? (Дар баъзе оятҳои дигар, куффор такяашон рӯйи ин масъала аст, ки магар мешавад як устухони пӯсидаро думартиба овард зиндааш кард?

وَضَرَبَ لَنا مَثَلاً وَنَسِيَ خَلْقَهُ قالَ مَنْ یُحْيِ الْعِظامَ وَهِيَ رَمِیمٌ

“Ва барои мо масале зад дар ҳоле, ки хилқати худро фаромӯш кард; гуфт: чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро зинда мекунад?” (Ёсин/78)) Дар ин оят сӯҳбати нобудии шахсият аст. Мегӯяд, мурдем, нест шудем, гум шудем. Нест думартиба бармегардад? Нестро думартиба халқ мекунанд? Ба назар мерасад, ин оят бо оятҳои дигар аз назари ишколи куффор ин тафовутро дорад, ки он, ишколи онҳоро нақл мекунад, ки такяашон бештар бар адами бақои шахсият ва нест шудан аст, на мушкил будани зинда кардани ин мурда, ки хоку устухон аст. (Мегӯяд) мо гум шудем, нестем, аслан моро намешавад пайдо кард.

Қуръон инҷо чӣ ҷавоб медиҳад? Дар онҷоҳо мегӯяд, Худо қодир аст ин зарраҳое, ки шумо мегӯед, ҷамъ кунад ё ин зарраҳоро аз нав зинда кунад, вале инҷо, ки сӯҳбат аз гум шудан ва салби шахсият ва нестӣ аст, ҷавобе медиҳад, ки ба ҳасби зоҳир ба ин эрод намехӯрад. Онҳо мегӯянд:

أَإِذا ضَلَلْنا فِي الْأَرْضِ أَإِنّا لَفِي خَلْقٍ جَدِیدٍ

Оят мегӯяд:

قُلْ یَتَوَفّاكُمْ مَلَكُ الْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ

(Саҷда/11) Шумо гуфтед, мо, ки гум шудем ва нест шудем, думартиба аз нав эҷод мешавем? Ба истилоҳ, иъодаи маъдум мешавад? Бигӯ: шумо гум намешавед, шуморо малакулмавт (ки муваккал ба шумост) таҳвил гирифт. Яъне иштибоҳ кардӣ, ки хаёл кардӣ он чизе, ки гум шуда, ту он ҳастӣ. Гирам гум шудӣ, он чизе, ки ту фикр мекунӣ гум шуда, он ту нестӣ, ту он чизе ҳастӣ, ки малакулмавт гирифт ва бурд, вагарна ин ҷавоб аслан ба он эрод намехӯрад.

Ин баҳси мо феълан тамом шуд, то баҳси дигареро шурӯъ кунем.

Суол: Селлулҳои бадани мо ва маводди ташкилдиҳандаи ин ҷисм, собит нест. Рӯзи қиёмат вақте мехоҳад ин ҳамбастагӣ байни руҳ ва ҷисм эҷод шавад, бо кадом як аз ин маводди таркибдиҳанда аст?

Суоли дигар: оё дар мавриди ҷудо шудани руҳ аз ҷисм ва ҳамбастагиаш дар қиёмат, ин як амри мутлақе барои он мавқеъ аст ва оё дар баъзе аз зиёратҳое, ки хитоб ба Имом мегӯем:

بإیابكم موؤقن

— ва ё зинда шудани Имом Ҳусайн (а) ва ҳамбастагии руҳаш ба ҷисм, оё аз ҳамон навъи ҳамбастагии руҳ ба ҷисм дар қиёмат аст ё чизи дигаре аст?

Устод: Ба назари ман, суолҳои эшон албатта суолҳое аст, ки ба худии худ марбут ба мавзӯи баҳси мо ба таври куллӣ ҳаст, вале ба баҳси имрӯзи мо (ки дар бораи вазъи инсон дар фосилаи мурдан то қиёмат аз назари Қуръон буд) марбут нест. Мо дар бораи онҳо ҷудогона бояд баҳс кунем, ки албатта аз мушкилот ҳам ҳаст, махсусан ҳамин масъалае, ки фармудед ва аз қадим ҳам ин суол матраҳ буда, ки агар бино бишавад инсон бо баданаш маҳшур шавад, бо кадом баданаш маҳшур мешавад? Ҳамон бадане, ки вақте мурд бо он бадан мурд ё на, бо ҳар чизе, ки аҷзои баданаш буда? Инсон ба андозаи кӯҳи Уҳуд — бо каму зиёдш — ғизо хӯрда ва қисмате аз он ғизо ҷузъи баданаш шуда ва баъд ба шакле дафъ шудааст. Агар маҷмӯъи маводдеро, ки ҷузъи бадани инсон шуда ва аз баданаш дафъ шуда ва баъд маводди нав омада ҳисоб кунанд — шояд уламо ҳисоб карда бошанд — ҳар одаме ҳайкали хеле бузурге пайдо хоҳад кард, ки шояд бузургтарини ҳайвоноти дунё ҳам ба он ҳадд нарасад. Ин суол ҳаст ва ҷавоби ин ҳам ҷавоби осоне нест, вале ҷаноби олӣ ба мо иҷоза бидиҳед, ки вақте ба ин масъала расидем, ҳамон ҷо ҷавоби ин суолро бидиҳем.

Суоли дуввум ҳам айни ҳамин суол аст, ки масъалаи “раҷъат”, ки шиъа мегӯянд ё масъалаи зинда шудани Узайр, ки мегӯянд, оё бо ҳамин бадан аст ё бо бадани дигаре аст? Вале албатта ин соддатар аст, масъалаи “эҳё”, ки аслан ба қиёмат марбут нест, марбут ба чизи дигаре аст.

Аммо масъалаи раҷъат. Раҷъат мисли қиёмат нест. Қиёмат аз заруриёти ислом аст ва агар касе мункири қиёмат бошад, аслан намешавад ӯро мусалмон шумурд ва дар радифи мусалмонон нест. Масъалаи раҷъат ба ин шакл нест, тоза касоне, ки мӯътақид ҳастанд, мегӯянд, ки аз заруриёт ва мусалламоти мазҳаби шиъа аст. Аз марҳум оқо шайх Абдулкарим ҳам, ки роҷеъ ба Шариати Сангалчӣ (ки мункири раҷъат буд) суол карданд, гӯё ҷавоб дода буд: на, аз заруриёти ислом нест ва шояд гуфта буд аз заруриёти шиъа ҳам нест. Вале албатта шояд дар уламои шиъа як нафар, ду нафар ҳам намешавад пайдо кард, ки раҷъатро инкор кунанд.

Онҳое ҳам, ки қоил ба раҷъат ҳастанд, баъзе ба сабки муҳаддисин ҳамин тавр мӯътақиданд, ки айнан мисли қиёмат мешавад, яъне воқеан ҳамин мурдаҳо аз ҳамин хок зинда мешаванд.

Иддае дигар, ки яке аз онҳо марҳуми Файзи Кошонӣ аст (3) таври дигаре мӯътақиданд.

Дигарон аслан дар мақоми тавҷеҳ барнамеоянд; мегӯянд: ба мо гуфтаанд раҷъат, мо ҳам мегӯем раҷъат, мо чӣ медонем кайфияташ чӣ гуна аст? Баҳсе намекунанд. Вале мисли марҳуми Файз мӯътақид ҳастанд, ки раҷъат назири ин чизе аст, ки имрӯз уламои арвоҳ мегӯянд. Ин ҳарфи уламои арвоҳ то чӣ ҳадд дуруст аст ё нодуруст, ба ҷойи худ, вале назири ин аст, ки мегӯянд, масалан мушоҳида шуда касеро, ки як нафар дар ҳоли бедорӣ, руҳи майитеро ба сурати як шабаҳ ва як ҷисми хосси рақиқе, ки бо ин ҷисмҳо фарқ дошта (ҳозир) карда ва онро дидааст. Агар ҳарфи инҳоро қабул накунем, назири инро аҳли мукошафа зиёд гуфтаанд. Аҳли мукошафа зиёд иддао мекунанд, ки мо дар ҳоле, ки дар ҳоли хоссе аз мукошафа ҳастем, арвоҳи мӯъмининро мушоҳида мекунем ва мебинем, меоянд ва бо мо ҳарф мезананд.

Як вақте ҳамин ҷо нақл кардам, ки аз марҳум оқо Сайидҷамоли Гулпойгонӣ аз ин қазоё зиёд нақл мекунанд (воқеан ҳам мард фавқулъодае буд), ки аз он ҷумла ман аз писарашон пурсидам, гуфт, иттифоқан ман худам онҷо будам (эшон воқеан марди хеле пок ва ворастаае буда), ки падарам баъд аз намози шаб ба ман гуфт: бирав, бибин, оқо шайх Муҳаммадҳусайн фавт карда (4)? Гуфтам: чӣ тавр? Гуфт: бирав таҳқиқ кун. Рафтам таҳқиқ кардам, дидам ҳамон шаб дар ҳамон лаҳазоти қабл фавт карда. Қазия чӣ буд? (Падарам) гуфт: ман дар қунути намози витр, марҳум оқо Зиёро дидам дар ҳоле, ки меомад. Гуфтам: куҷо меравӣ? Гуфт: оқо шайх Муҳаммадҳусайн фавт карда, ман ба ташйеъи ҷанозаи ӯ меравам.

Назири инҳоро албатта аҳли мукошафа зиёд иддао кардаанд. Дар ахбор ва аҳодиси мо ҳам ин чизҳо хеле зиёд аст. Намехоҳам бигӯям ҳамаи онҳо дуруст аст, вале ин қадр зиёд аст, ки дигар ҳамаро намешавад рад кард. Як намунаашро мегӯем, ки вақте ҳазрати Заҳро (с) мехостанд ба дунё биёянд ва занҳои аҳли Макка аз кӯмак кардан ба ҳазрати Хадиҷа (с) имтиноъ карданд, чаҳор зан омаданд онҷо барои ин ки ба ӯ кӯмак бидиҳанд. Пурсид: ту кӣ ҳастӣ? Яке гуфт: ман Ҳавво ҳастам, дигаре гуфт: ман Осия ҳастам, дигаре гуфт: ман Марям ҳастам ва… Инҳо ҳамон таҷаллӣ кардан ва зоҳир шудани руҳҳост бо баданҳои мисолӣ дар ин дунёи моддӣ, ки агар ҳарфи уламои арвоҳ — ки имрӯз иддао мекунанд — рост бошад, ин як таъйиди илмӣ аст бар он чизе, ки авлиёи дин ё авлиёи ирфон ва мукошафа гуфтаанд.

Ашхосе мисли марҳум Файзи Кошони мӯътақиданд, раҷъате, ки дар оянда хоҳад шуд, на ин аст, ки мурдаҳо аз қабр зинда мешаванд, балки маънояш ин аст, ки дар як вазъи хоссе иддае аз арвоҳ — ба ҳамин шакле, ки арз кардам — дар ин дунё зоҳир мешаванд.

Афроде мисли марҳуми Шоҳободӣ (ки дар Теҳрон буд ва марди бозавқе буд) ва баъзе афроди дигар мӯътақиданд, бисёре аз маворид, ки дар Қуръон номи малоика омада, инҳо ҳамон арвоҳанд, на малоикае, ки аз синхи инсон набудаанд. Масалан, Қуръон тасреҳ мекунад, ки дар ҷанги Бадр ё ҷангҳои дигар гурӯҳе аз малоика ба нусрати мӯъминин омаданд. Иддае ин тавр мегӯянд ва ба назари ман, ҳарфашон дуруст аст. (Қуръон ҳеч вақт қавл надода малоикаро таъриф кунад ва бигӯяд чист. Малоика дар Қуръон гоҳе асосан бо қувваҳои табиат татбиқ мешавад, гоҳе шомили як малаки муқарраб мисли Ҷабраил мешавад ва гоҳе мавҷудоте аст дар ҳамин дунё, ки аз чашми мо махфӣ аст, ба қавли имрӯзиҳо дубуъдӣ ё шашбуъдӣ ва ҳафтбуъдӣ аст, ки мо намедонем ва аҳёнан ба арвоҳе, ки дар ин дунё зоҳир мешаванд итлоқ мешавад). Ақидаи иддае ин аст, ки дар ҷанги Бадр он малоикае, ки Қуръон мегӯяд чаҳор ҳазор малоика омаданд, ки шуморо ёрӣ кунанд — ки ёриашон ҳам ба таъбири Қуръон фақат барои тақвияти қалб буд, на ёрӣ амалӣ — инҳо инсонҳое буданд, ки онҳоро раҷъат дода буданд, аммо раҷъат ба ин маъно, яъне онҳое буданд, ки аз дунёи дигар дар ин дунё зоҳир шуда буданд.

Бинобар ин, масъалаи раҷъат бо масъалаи қиёмат фарқ мекунад. Аввалан, худи масъалаи раҷъат як масъалаи сад дар сад (зарурӣ) нест мисли қиёмат. Сониян, кайфияти раҷъат бо кайфияти қиёмат фарқ мекунад, чун дар кайфияти қиёмат дар Қуръон тасреҳ шуда, ки ҳашр аз қубур мешавад, вале мо дар боби раҷъат чунин ҳарферо надорем. Баъид нест, ки ба ин шакл бошад.

Пурсиш: Байни ин оят:

وَمِنْ وَرائِهِمْ بَرْزَخٌ إِلی یَوْمِ یُبْعَثُونَ

— ва ин ки ба он мӯъмини Оли Ёсин фармуд:

قِیلَ ادْخُلِ الْجَنَّةَ

— чӣ тавр метавон созгорӣ дод, дар ҳоле, ки медонем ин ҷаннат, ҷаннати баъд аз барзах аст, чӣ тавр ба ӯ гуфта шуда вориди биҳишт шав, дар ҳоле, ки аз феъли амр фаврият фаҳмида мешавад?

Устод: Дар Қуръон танҳо ҷаннат матраҳ нест, ҷаннот матраҳ аст ва ҳатто баъзе аз инҳо бо як музофун илайҳое:

جنّة خلد، جنّة عدن

— матраҳ аст. Дар як ояти Қуръон —

جنّتي

— омада, ки аз он ба:

جنّة اللّه

— таъбир мекунанд, ки дигар мофавқи инҳост. Аз маҷмӯъи оятҳои Қуръон мешавад фаҳмид, ки ҷаннат як ҷо нест, ки махсус ба охират бошад. Ҳадисеро шиъа ва суннӣ нақл кардаанд, ки пайғамбар фармуд:

القبر إمّا روضة من ریاض الجنّة أو حفرة من حفر النّیران

(“Биҳор”, ҷ.6, с.275) ва ахбор тасреҳ мекунад, қабр яъне ҳамон барзах, барзах яъне ҳамон қабр.

* * *

(1) Руфот яъне пӯсида ва аз ҳам гусаста.

(2) Агар мегӯем либос, чун лафзи дигаре надорем.

(3) Файзи Кошонӣ як марди дубуъдӣ аст, яъне ҳам як марди муҳаддиси фақеҳе аст ва гоҳе дар он кори муҳаддисӣ ва фақоҳатш ҳам хеле қишрӣ мешавад ва ҳам зимнан як марди ҳаким ва файласуфӣ аст. Як марди зуҷанбатайн аст.

(4) Марҳум оқо Зиёи Ироқӣ ва марҳум оқо шайх Муҳаммадҳусайни Исфаҳонӣ ҳар ду аз уламои тирози аввал буданд ва ба фосилаи як ҳафта реҳлат карданд.

Идома дорад…

Манбаъ: сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ, Фейсбук

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зиндагиномаи шоир Субҳӣ Ҷавҳаризода
Тавлиди Тоҷикистон ва оғози худшиносии тоҷикон

Матолиби пурбоздид