Дину мазҳаб, ҷаҳонбинӣ ва мактаб аст, на мероси фарҳангӣ

Фарҳанг

Дину мазҳаб, ҷаҳонбинӣ ва мактаб аст, на мероси фарҳангӣ

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

Дар ду се рӯзи ахир, як вожаи бисёр гӯшхароше, ки беш аз дигар вожаҳо бар забонҳо ҷорӣ ва ҷанҷол офарид, вожаи нописанди “мазҳабфурӯш” аст; вожае, ки дар тӯли таърихи башарият чӣ хунҳоро, ки нарехта ва хонаҳоро, ки хароб накарда; вожае, ки муҳимтарин силоҳи душманони паёмбарони илоҳӣ – аз Одам то ба Хотам – дар набардашон бо фиристодаҳои Худо буда:

قَالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا مِنْ قَوْمِهِ لَنُخْرِجَنَّكَ يَا شُعَيْبُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَكَ مِنْ قَرْيَتِنَا أَوْ لَتَعُودُنَّ فِي مِلَّتِنَا قَالَ أَوَلَوْ كُنَّا كَارِهِينَ. قَدِ افْتَرَيْنَا عَلَى اللَّهِ كَذِبًا إِنْ عُدْنَا فِي مِلَّتِكُمْ بَعْدَ إِذْ نَجَّانَا اللَّهُ مِنْهَا

“Ашроф ва сарони қавми ӯ (Шуъайб), ки такаббур варзиданд, гуфтанд: эй Шуъайб! Мусалламан ту ва касонеро, ки бо ту имон овардаанд, аз шаҳрамон берун мекунем ё ин ки бе чуну чаро ба ойин ва миллати мо бозмегардед. Гуфт: оё ҳарчанд, ки нахоҳем?! Мо ба Худо дурӯғ бастаем агар ба миллат ва ойини шумо бозгардем пас аз он ки Худо моро наҷот дода…” (Аъроф/88)

Силоҳи Фиръавн ва фиръавниён дар набардашон бо ҳазрати Мӯсо (а) ва назири Мӯсо, дақиқан ҳамин вожаи ба зоҳир дилписанд ва ҳақиқатан гумроҳкунанда буд:

وَقَالَ فِرْعَوْنُ ذَرُونِي أَقْتُلْ مُوسَى وَلْيَدْعُ رَبَّهُ إِنِّي أَخَافُ أَنْ يُبَدِّلَ دِينَكُمْ أَوْ أَنْ يُظْهِرَ فِي الْأَرْضِ الْفَسَادَ

“Ва Фиръавн (хитоб ба қавмаш) гуфт: маро бигузоред, то Мӯсоро бикушам ва бигузор ӯ худояшро (барои наҷоти худ) бихонад, зеро (агар чунин накунам), метарсам Мӯсо дини шуморо тағйир диҳад ё дар ин сарзамин фасод ба бор оварад.” (Ғофир/26)

* * *

Ва иллати он ин аст, ки: одамҳо, хусусан тӯдаи мардум ва дар тӯли таърих, гумон мекарданд (ва ҳанӯз бар ҳамин гумон ҳастанд), ки дину мазҳаб гӯ ин ки як мероси фарҳангии барҷоймонда аз обову аҷдод ва гузаштагонашон аст, ки бояд бо чангу дандон аз он посдорӣ кард, ки агар касе онро тағйир дод, ӯ “беҳувият”, “бефарҳанг”, “фурӯхташуда” ва аз ин қабил унвонҳост.

Тибқи ин мантиқ, бояд тоҷикҳо, ки баъд аз омадани аъроб ислом оварданд, “динфурӯш” бошанд, зеро рӯй аз ойини обову аҷдодии худ – ки ҳамон зардуштӣ аст – бартофтанд ва ба ислом гаравиданд.

Тибқи ин мантиқ, тамоми ақвоме, ки пас аз беъсати Хотами паёмбарон (с) ба ислом рӯй оварданд, бояд “динфурӯш” ва “мазҳабфурӯш” талаққӣ шаванд, зеро бо рӯй гардондан аз ойини аҷдодиашон, ислом пазируфтанд.

Тибқи ин мантиқ, агар имрӯз касе аз русҳо ва ё мардумони сокин дар қорраи Урупо ва ё Омрико ё ҳар ҷойе дигар, ислом оварад, ӯ бояд “динфурӯш” талаққӣ шавад ва тақбеҳу сарзаниш бишавад, ки ту бар дину ойини аҷдодиат, ки масеҳӣ аст, пушт кардаӣ ва ислом овардаӣ!

* * *

Ҳақиқат ин аст, ки: дину мазҳаб, як ҷаҳонбинӣ ва як мактаб аст дуруст мисли ҳар мактаб ва ҷаҳонбинӣ (монанди марксизм), ки агар касе онро дуруст ва мутобиқ бо воқеъ ангошт, онро мепазирад, вагарна раҳояш месозад. Бинобар ин, бисёр хато ва иштибоҳ аст, ки гумон кунем, як ойин ва як дин, махсуси миллате муайян аст (дуруст мисли яҳуд, ки яҳудиятро махсуси қавми яҳуд медонанд), ки агар бар он пушт кард, “мазҳабфурӯш” бошад.

Иштибоҳ аст агар гумон шавад, ки ислом ва мазҳаби ҳанафӣ, хосси тоҷикҳост, ки агар як тоҷик масалан масеҳӣ ё зардуштӣ ва ё дар мазҳаб ғайри мазҳаби ҳанафиро бипазирад, ӯ “мазҳабфурӯш” талаққӣ гардад.

Ин бисёр иштибоҳ аст. Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ, мероси барҷоймонда аз амма ва холаамон нест, ки агар бифаҳмем касе аз тоҷикон масалан шиъа шуда, ба ӯ битозем, ки ту мазҳабатро фурӯхтаӣ.

Ин гуна тохтанҳо, ки мебинед, ки мегӯянд: ту аз ойини гузаштагонамон, ки ҳанафӣ бошад, рӯй бартофтаӣ ва аз ин рӯ ту “мазҳабфурӯш” ҳастӣ ва ғайра, ин гуна тохтанҳо дигар замонаш сипарӣ шуда азизон! Замони ин гуна тохтанҳо дар қуруни вусто тавассути попҳои калисо буд. Замони ин гуна тохтанҳо пӯсида ва рафта, лутфан бедор шавед!

Ин гуна тохтанҳо дар асри ҷадид, бо мурда рафтани Абӯбакри Бағдодӣ ва ДОЪИШ, ки ғайри мусалмонон ва ё мусалмонони шиъаро зинда-зинда ба қатл мерасонд – ки саҳнаҳои он ҳанӯз аз чашмон дур намеравад – мурд ва рафт ва ба таърих пайваст ва дигар иншоаллоҳ барнамегардад. Аз ин рӯ, чашматонро боз кунед ва ибрат бигиред ва бедор шавед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гуфторе аз Мутаҳҳарӣ
Ҳаққи падар бар фарзанд

Матолиби пурбоздид