Дирҳамҳои бобаракат

Таърих

Дирҳамҳои бобаракат

Торих ва тамаддуни исломӣ

Расули Акрам (с) як нафарро фиристод, ки барояш пероҳане бихарад. Ӯ меравад як пероҳани нисбатан олӣ мехарад ба 12 дирҳам ва меояд. Ҳазрат нигоҳ мекунанд ва мегӯянд: Ман ба пероҳане камтар аз ин ҳам метавонам қаноат кунам. Бинобар ин ҳазрати Паёмбар ҳамроҳ бо он мард мераванд, ки пироҳани дигаре (арзонтаре) бихаранд.

Дар сари роҳ канизакеро мебинанд, ки гиря мекунад. Ҳазрат мепурсанд: Чаро гиря мекунӣ? Духтарак ҷавоб медиҳад: Пуле соҳибхона ба ман дода ва ман онро гум кардаам.

Ҳазрат 4 дирҳам ба ӯ медиҳанд ва равона мешаванд. Ва баъд бо 8 дирҳами дигар ду пероҳан мехаранд ва яке аз онҳоро ба урёне медиҳанд.

Дар бозгашт мебинанд, ҳамин каниз нишаста ва гиря мекунад. Ҳазрат суол мекунанд: Чаро гиря мекунӣ?

Мегӯяд: Чун хеле дер шудааст, метарсам агар ба манзил биравам, маро бизананд.

Мефармояд: Биё бо ҳам биравем, то шафоати туро бикунам.

Канизро бо худ мебарад. Вақте каниз дари хонаро ба ҳазрат нишон медиҳад, ҳазрат аз пушти дар фарёд мекунад:

السَّلامُ عَلَیکمْ یا أهْلَ الْبَیتِ

Ассалому алайкум, ё аҳлал байт.

Одати эшон буд, ки вақте мехостанд вориди хонаи касе шаванд, салом мекарданд. (Дастури Қуръон аст, ки бидуни иҷоза, дохили хонаи касе нашавед)…

Ҳазрат баланд салом кард. Аҳли хона, ки садои Пайғамбарро шуниданд, қалбашон ба тапиш афтод. Медонистанд, ки Пайғамбар то се бор салом накунад, барнамегардад. Ҳазрат боз салом карданд. Аҳли манзил ҷавоб надоданд. Маротибаи севвум, ки ҳазрат салом карданд, аҳли хона фарёд карданд:

السَّلامُ عَلَیک یا رَسولَ اللَّه! ادْخُلْ ادْخُلْ

Ассалому алайкум, ё Расулаллоҳ. Дохил шавед!

Паёмбар фармуд: Оё аввал садои маро нашунидед?

Арз карданд: Шунидем, вале хушамон меомад, ки такрор кунед, чун саломи шумо барои хонаводаи мо баракат аст. Мо агар бори аввал ҷавоби шуморо медодем, аз саломҳои дуввум ва севвуми шумо маҳрум мешудем. Мо чун медонистем, ки шумо то се бор салом мекунед, амдан ҷавоби саломи шуморо надодем.

Ҳазрат ворид шуданд ва фармуданд: Ман барои шафоат омадаам. Агар ин канизак дер омадааст, музоҳимаш нашавед.

Арз карданд: Ё Расулаллоҳ! Мо ба хотири мақдами шумо, ӯро озод кардем.

Ҳазрат фармуданд: Худоро шукр, ки бо 12 дирҳам, ду бараҳнаро пӯшонидам ва як бардаро озода кардам…”

(Эҳёи тафаккури исломӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иртиботи банда бо Худо
 Муҷозоти харобкорон ва муфсидон

Матолиби пурбоздид