Мақоми амрикоӣ: Ҷанги Украина аз даҳ сол пеш тадорук дида шудааст

Мақоми амрикоӣ: Ҷанги Украина аз даҳ сол пеш тадорук дида шудааст

Ахбори байналмилал

Роберт Кеннеди Ҷуниор – аз мақомоти амрикоӣ эълом кард, Амрико Украинаро ба як кушторгоҳ табдил кардааст, ки дар он артиши Украина 350 ҳазор нафар аз афроди худро аз даст додааст .

Ба эътирофи Роберт Кеннеди Ҷуниор – номзади интихоботи муқаддамотии раёсати ҷумҳурии 2024-и Амрико аз ҳизби Демократ, ҷанги Украина аз даҳ сол пеш тавассути Амрико тадорук дида шудааст, вай аз ҷумла гуфтааст:

“Мо Украинаро ба кушторгоҳе табдил кардаем, ки 350 ҳазор ҷавони украиниро куштааст” – дар идомаи суханонаш мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида буд, ки ки Аврупоро ба даргирӣ алайҳи Русия таҳрик намуд. Ин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иброз кард, ки навмуҳофизакорон дар Кохи Сафед муддати даҳ сол ин даргириро тадорук дида ва таҳрик кардаанд.
Роберт Кеннеди Ҷуниор ахиран ҳам фош кард, Амрико дар Украина озмоишгоҳи биологӣ дорад, ки дар он силоҳҳои биологӣ тавлид мешавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тирандозӣ ва ҳамла ба шаҳри Ромуллоҳи Фаластин
Мавлоно дар баёни мавлавипажуҳони ғарбӣ – III

Матолиби пурбоздид