Домоди Тромп масъули парвандаи музокира бо Эрон таъин шуд

Домоди Тромп масъули парвандаи музокира бо Эрон таъин шуд

Ахбори байналмилал

Ҷаред Кушнер, домоди Тромп, ба ҷойи Стив Уиткофф масъули парвандаи музокира бо Эрон таъин шуд

Нахустин изҳори назари ин саҳюнисти дуоташа дар ин бора пас аз таъйин шудан ба ин симат

“Шумо инро дар 2015 ва 2016 дидед замоне, ки давлати Эрон манобеи молӣ дар ихтиёр дошт. Он замон минтақа амнияти камтаре дошт. Ва аз он замон то кунун манобеи бештаре ба далели набуди иҷрои муассири таҳримҳо, дар ихтиёри режими Эрон қарор гирифтааст. Ва дар натиҷа Эрон дар ҳоли таъмини молии Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос аст. Онҳо Ҳусиҳоро низ таъмини молӣ мекарданд… Ва худ собит мекунад, ки Эрон пушти Ҳусиҳо будааст; чизе, ки Арабистон солҳо мегуфта ва Эрон онро инкор мекард. Бинобар ин робитаи бисёр наздике миёни ин ду вуҷуд дорад. Ва мо ҳамеша медонистем, ки шеваи ҷангидани Эрон ҳаргиз мустақим нест, балки маъмулан аз тариқи нерӯҳои ниёбатӣ анҷом мешавад. Ва дар ин маврид, Ҳамос нерӯи ниёбатии Эрон будааст, ки хостори нобудии Исроил аст ва ҳамчунин намехоҳад исроилиҳо ва саудиҳо барои тавофуқи сулҳ ба ҳам наздик шаванд. Исроил эътироф кардааст, ки малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун, мутаваллии Масҷидулақсо аст. Ва то замоне ки мардум бихоҳанд сулҳомез ба кишвар биёянд ва ибодат кунанд, метавонанд ин корро анҷом диҳанд. Аммо агар ба таблиғоте, ки тавассути Эрон мешавад нигоҳ кунед, барои ҷазби теруристҳо ё тавҷеҳи таҷовузҳояшон, онҳо ағлаб мегӯянд, ин корро ба номи озодсозии Масҷидулақсо анҷом медиҳанд. Аммо аз дидгоҳи Уммон ва воқеии имрӯза, ҳар мусалмоне, ки бихоҳад ба масҷид биравад, метавонад парвоз ба Исроил бигирад. Акнун аз тариқи Дубай. Чун парвоз миёни Исроил ва Дубай барқарор аст ва замоне, ки кишвари шумо бо Исроил робита дошта бошад, гузарномаатон пазируфта мешавад. Метавонед биёед ва ибодат кунед ва ин ҳамон чизе аст, ки Исроил мехоҳад. Исроил мехоҳад Уршалим (Қудс) маконе бошад, ки ҳамаи адён битавонанд дар он гирд оянд ва бо ҳам ҷашн бигиранд. Аммо бозигарони зиёде вуҷуд доранд, ки мекӯшанд аз ин танишҳои динӣ барои эҷоди тафриқа ва тавҷеҳи рафтори хушунатомез истифода кунанд”.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баргузории бузургтарин маросими фарҳангии дунё тавассути Ҳизбуллоҳ
Посухи манфии Эрон ба даъвати Омрико аз Пизишкиён ба Иҷлоси Шармушшайх дар Миср

Матолиби пурбоздид