Достон
Дар ҷанги Ҷамал, як тараф ҳазрати Алӣ (алайҳис-салом) ва дар тарафи муқобил Талҳа ва Зубайр буданд. Шахсе бо дидани ин саҳна, мутаҳаййир шуд ва бо худ гуфт: Ҳар ду тараф аз асҳоби Паёмбаранд ва баростӣ ҳақ бо кадом аст?
Ҳазрати Алӣ чун ҳамеша бо баёни худ, чароғеро барои таърих равшан кард то аз он ба баъд ҳеҷ касе мутаҳаййир нашавад. Он чароғ ин сухан буд: «Аввал ҳақро бишнос, сипас ҳар, ки гирди он буд, бидон ки барҳақ аст».
Мардумро бар асоси ҳақ бишнос на ҳақро бар асоси мардум. Барои мисол, аввал бояд бидонем, ки ғайбат чист? Баъд ҳар касро, ки ғайбат кард, бояд бад бидонем, на он ки бигўем: Чун фалон шахсият дар бораи дигарон бадгўӣ ва ғайбат мекунад, пас ғайбат ҳалол аст.
Қаламонлайн