Достони ҷолиби писари Луқмон

Таърих

Достони ҷолиби писари Луқмон
Луқмон (а) писарашро ба се чиз васият карду гуфт: Эй писаракам! Розатро пеши ҳамсарат фош макун ва аз навкиса қарз магир ва ҳаргиз бо доруға бародарӣ макун.
Вақте Луқмон (а) даргузашт, писараш хост, ки васияти ўро таҷриба кунад. Бинобар ин, ба бозор рафту гўсфанди пўсткандаеро харид ва онро дар хурҷин гузошт. Сипас назди занаш омаду гуфт: Ман касеро куштаам ва онро дар хона дафн мекунам. Пас ба ҳеҷ кас магў!
Онгоҳ онро назди вай дафн кард. Сипас назди навкисае рафту аз ў қарз гирифт ва бо доруға рафоқат кард.
Чанд рўзе, ки сипарӣ шуд, бо занаш бигў-магў карду ўро зад. Зан фарёд заду ба ў гуфт: Мардеро куштӣ, ҳоло мехоҳӣ маро бикушӣ?!
Сипас зан подшоҳро аз моҷаро огоҳ сохт ва писари Луқмон (а) ба хонаи ҳамон доруға гурехт. Вақте доруға назди подшоҳ рафту занро назди ў дид, подшоҳ ба ў гуфт: Ўро куҷо биёбам?
Доруға гуфт: Ман ҷои ўро медонам, чун ў рафиқи ман аст. Сипас рафт то ўро дастгир кунад. Писари Луқмон (а) ба ў гуфт: Субҳоналлоҳ! Ту рафиқи ман ҳастӣ ва ман ба ту паноҳ овардаам!
Доруға гуфт: Ин, хун аст ва фармони подшоҳ сахттар аз ин аст, ки туро аз ў пинҳон кунам.
Онгоҳ ўро дастгир карду назди подшоҳ бурд. Дар ҳамин замон буд, ки талабкори навкиса ба ў расид ва ўро гирифту гуфт: Шояд ту кушта шавӣ ё ба дор овехта шавӣ. Моли ман чӣ мешавад?
Писари Луқмон (а) ба ў гуфт: Сабр кун, то аз дасти онҳо раҳо шавам.
Навкиса гуфт: На, мўҳлат намедиҳам, то ин ки аввал қарзи маро бидиҳӣ.
Вақте ба ҳузури подшоҳ расид, подшоҳ ба ў гуфт: Эй писари Луқмон! Чунин коре сазовори ту нест. Пас чаро инсони мўҳтарамеро куштӣ?
Гуфт: Худо подшоҳро азиз гардонад! Якеро бифирист, то куштаро бибинад.
Онгоҳ ҷустуҷў карданду сари хурҷинро кушоданд ва гўсфанди пўсткандаеро берун оварданд. Дар ин ҳол подшоҳ хандиду гуфт: Шарҳи ҳол чист?
Писари Луқмон (а) гуфт: Дар ҳақиқат падарам маро ба се чиз васият карда буд. Хостам онҳоро таҷриба кунам, ки таҷриба кардам. Пас ҳамон тавре ки ў гуфт, дуруст буд.

(Манбаъ: Маҳбуб-ул-қулуб)

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Уилям Ҷеймс, “Дин ва равон”
Қазоқистон дар дуроҳаи демукросӣ ва қавмгароӣ – II

Матолиби пурбоздид