Ду се ҷумла дар остонаи солгарди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум

Таърих
Ду се ҷумла дар остонаи солгарди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум
9 майи соли 1945, Олмони нозӣ шикаст хӯрд ва Берлин ба дасти артиши сурхи Шӯравӣ (СССР) суқут кард. Шикасти нозиҳо қобили интизор буд, на аз он ҷиҳат, ки олмониҳо ба лиҳози муҳиммот ва аслиҳа кам доштанд ва ё нерӯҳояшон аз руҳияи лозим барои ҷанг бархӯрдор набуданд. На. Артиши Олмон қавитарин артиши дунё дар он замон ва нерӯҳои олмонӣ мунзабиттарини нерӯҳо дар дунё шумурда мешуданд ва ба лиҳози муҳиммот ва аслиҳа низ артиши Олмон пешрафтатарин артиш буд. Артиши Олмон дар ибтидои ин ҷанг, дар чанд моҳи маҳдуд (4 ё 5 моҳ) то Маскав расида буд. Балки он чи сабаби шикасти артиши нозиҳо дар ин ҷанг шуд – ва ҳар кишвар ва артише низ ба ҷойи онҳо мебуд, шикаст мехӯрд – ин, мутаҷовиз будани онҳост, онҳо ба хоки як кишвари дигар таҷовуз карда буданд.
Хеле аз мо дар арзёбиҳои худ ва дар таҳлилҳои худ иштибоҳ мекунем. Одамҳо, ба умур, бештар аз равзанаи сирф моддӣ нигоҳ мекунанд. Гумон мекунанд, агар Омрико дар Афғонистон саранҷом аз ин кишвар хориҷ шуд, пас инро худаш хост ва ё агар Омрико аз Ироқ берун шуд, худаш ба иродаи худ берун рафт. Чун бисёре аз мо мутаассифона Омрикоро “кун фа якун” медонад, ки артише шикастнопазир дорад. Дар ҳоле, ки фаҳмаш бисёр содда аст ва он ин ки: Омрико мутаҷавиз аст ва ба хоки як кишвари бегона таҷовуз карда, ба ҳар далел. Ва мутаҷовиз саранҷом хору залилона берун хоҳад рафт. Ин як суннат ва қонуни ҳастӣ аст.
Имрӯза, вақте сухан аз ҷанги Укройн биравад, мутаассифона хеле аз мо бо ҳамин нигоҳи моддӣ нигоҳ мекунад; гумон мекунад, ки Русия чун як абарқудрат аст ва артише қавӣ дорад, бар Укройн пирӯз хоҳад шуд, аммо фаромӯш мекунем, ки Русия ба ин кишвар таҷовуз карда ва ҳар мутаҷовизе оқибаташ шикаст аст. Ҳол, чӣ мо аз Укройн ва ҳукуматаш хушамон ояд ва чӣ наояд, чӣ ҳукумати онро дастнишондаи Ғарб бидонем ва чӣ ғайри он. Русия дар як калом, мутаҷовиз аст, шикасти Русия дар ин ҷанг ҳатмист, шояд имрӯз на, баъдҳо. Баъид нест Русия бар кулли сарзамини Укройн тасаллут биёбад, ин баъид нест, ҳамон тавре ки дар вақташ Олмони нозӣ то Маскав омада буд. Шояд Киевро тасарруф кунад, ин ҳам баъид нест. Аммо ин чизҳо – ба хилофи гумон ва пиндори бисёре аз афрод – меъёри шикаст ё пирӯзӣ нестанд. Оқибати Русия шикаст аст, кучактарин шакке дар ин нест, укройниҳо бисёр сарбаландона аз ин набард берун меоянд. Инро хоҳед дид. Дар оянда Укройн яке аз абарқудратҳо ва ё лоақал, нимаабарқудратҳо хоҳад буд, чунон ки Яман сарнавишти мушобеҳе дорад. Яман дар ояндаи на чандон дур, яке аз кишварҳои пешрав хоҳад гардид.
Ин ҳам, ки баъзе дӯстон ба ман эрод мегиранд, ки чаро Эрон дар канори Русия аст, посухаш ин аст, ки мутаассифона бале, яке аз иштибоҳоти низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон – бо ин ки як низоми исломӣ аст ва банда ҳомии пару поқурси онам – ҳамин аст; мақомоти кунунии эронӣ аз Русия, лоақал дар лафз, ҳимоят мекунанд. Ва ин мояи таассуф аст. Далели онҳо ин аст, ки Укройн як ҳукумати ғарбгарост. Дар ҳоле, ки ин кишвар мавриди таҷовуз воқеъ шуд, ҳар чи ҳаст ва ҳар чи аз гароиш дорад, вале мавриди таҷовуз воқеъ шуда. Бинобар ин, банда ба вузуҳ аз аввал мавзеъам ҳамин буд, ки масъулони кунунии Эрон муртакиби иштибоҳ шуданд дар ин корашон, ки дар канори русҳо қарор гирифтанд. Инро ба вузуҳ гуфтаам ва мегӯям, агар мавриди писанди касе нест, хуб, ба дарак! Иштибоҳ карданд.
Ба ҳар сурат, 3 рӯзи дигар, ки дар майдони Кремлин дар Маскав ба муносибати пирӯзӣ бар нозиҳо ҷашн хоҳанд гирифт, суол ин аст, ки ҷашн барои чӣ чизе?! Оё ба хотири пирӯзӣ бар мутҷовизон?! Худат, ки мутаҷовизӣ!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрдуғон: “Мухолифонам ҳамҷинсгаро ҳастанд”
Ҳуши маснуӣ; таҳдид ё фурсат барои башарият?

Матолиби пурбоздид