Дунё дар дидгоҳи ҳазрати Алӣ

Дунё дар дидгоҳи ҳазрати Алӣ

Маърифат

Ҳазрати Алӣ (алайҳиссалом), хутбае доранд дар бораи Дунё, ки бисёр зебо ва тааммулбарангез аст, мефармоянд:

Чигуна тавсиф кунам хонаи дунёро, ки ибтидои он сахтӣ ва машаққат асту интиҳои он нобудист.

Дар ҳалоли дунё ҳисобкашӣ асту дар ҳаромаш иқобу азоб аст.

Ҳар касе дар дунё, сирватманду бениёз гардад ба имтиҳону фиреби дунё рӯбарӯ мешавад. Ва ҳар касе дар дунё фақиру ниёзманд гардад, андӯҳгину нороҳат мешавад.

Касе, ки ба тарафи ба даст овардани дунё талош кунад, ба он намерасад. Ва касе, ки аз дунё рӯйгардон мешавад, дунё ба ӯ рӯй оварад.

Ҳар касе ба дунё ба чашми васила нигоҳ кунад, дунё ӯро басират мебахшад ва ҳақиқатро барои ӯ ошкор мекунад.

Ва касе, ки ба дунё чашм дӯзад, (ва дунёро ба унвони мақсади аслии худ нигоҳ кунад), дунё ӯро кӯр мекунад, (дунё чашмони ӯро ба басирату ҳақиқат мепӯшонад).

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё “поёни Исроил” наздик аст?
Росел ва Худо

Матолиби пурбоздид