Дунё ғанимат аст
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,
Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.
Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон,
Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир!
Рӯ-рӯйи қулла рав, аз хок дил накан
Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман.
Дар даҳр зиндагӣ ҳарчанд қиммат аст,
Бе ту чӣ зиндагист, эй ёри дилшикан?!
Аз ман хабар бигир!
Чашми муҳаббатам, муштоқи рӯйи туст,
Гӯянд одамӣ бо дӯстӣ накуст,
Аз қасри худ фаро, бар мулки ман биё,
Ин хона бурҷи дил, ин дил макони туст!
Аз ман хабар бигир!
Аз ман назар нагир, ёри дигар нагир,
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир!
Гулрухсор
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн