Дурӯғҳои бепоёни Исроил

Дурӯғҳои бепоёни Исроил

Дурӯғ пушти сари дурӯғ
Alquds
(Ифшогарии як рӯзномаи маъруфи исроилӣ аз ривоятҳои дурӯғи режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи 7-октябр)
Рӯзномаи исроилии Haaretz эътироф кард, ки бисёре аз матолибе, ки дар саросари ҷаҳон дар бораи ба истилоҳ “ҷиноятҳои” Ҳамос мунташир шуд, бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда, нодуруст ва сохтагӣ ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории Alquds, рӯзномаи исроили Haaretz ба тафсил тавзеҳ дода, ки чӣ гуна гузоришҳои таъйиднашуда ва нодуруст аз ҳамлаи 7 октябри Ҳамос мунҷар ба интишори достонҳое шудааст, ки дурӯғ ҳастанд.
Бархе аз ҷузъиёти пушти ин достонҳо, ки ба тавсифи “ҷиноятҳо”-и иддаоӣ аз сӯйи Ҳамос мепардозад, тавассути мақомот ва сарбозони исроилӣ ва ҳамчунин довталабони ҷустуҷӯ ва наҷот ироа шудааст.
Бо ин ҳол, Haaretz дар гузорише, ки рӯзи якшанбе (3 декабр) мунташир шуд, ба бархе аз ин иддаоҳо ишора кард ва дарёфт, ки онҳо бо ҳам ҷур дарнамеоянд ва мутаноқиз ҳастанд. Артиши режими саҳюнистӣ эътироф карда, ки ҳадди ақал як сарбоз иштибоҳотеро муртакиб шуда, ки мабнои яке аз ин матолиби хабарии ҷаълӣ шудааст.
Як узви гурӯҳи “Зако” (Довталаби созмони ҷустуҷӯ ва наҷот), ки дар саҳнаи ҳамалот кор мекард ва изҳоротеро дар ихтиёри расонаҳо қарор медод, ҳамчунин гуфт, ки бархе аз аъзои он мумкин аст он чиро, ки дидаанд “таъбири нодуруст” карда бошанд ва онҳо осебшиноси ҳирфаӣ нестанд.
Ба гузориши Haaretz, яке аз мавзӯъоти аслӣ, ки мамлув аз гузоришҳои таъйиднашуда ва иттилооти нодуруст буд, кушта шудани иддаоии кӯдакон ва навзодон аз сӯйи Ҳамос буд.
“Навзодони бесар”
Дар ғиёби интишори листи расмии кушташудагон тайи амалиёти фаластинии “Тӯфон ал-Ақсо” алайҳи сарзаминҳои ишғолӣ дар 7 октябр, Haaretz феҳристе аз талафоти таъйидшударо таҳия карда, ки шомили беш аз 30 кӯдак аст. Ин лист комил нест, зеро кори пизишки қонунӣ идома дорад.
Чанд рӯз пас аз ин ҳамла, хабаре, ки тавассути канали хабарии i24-и режими саҳюнистӣ мунташир шуд ва баъдан ба титри як сафҳаи аввал дар саросари ҷаҳон табдил шуд, иддао мекард, ки 40 навзод сар бурида шудаанд. Бо афзоиши шакку тардид дар мавриди сиҳҳати достон, нусхаҳои таъйиднашудаи дигаре аз ҷиноёти иддаоӣ алайҳи кӯдакон ва навзодон шурӯъ ба интишор карданд.
Ин матолиби сохтагӣ, шомили гузорише аз Golan Watch, раиси Созмони ҷустуҷӯ ва наҷоти артиши режими саҳюнистӣ буд, ки муддаӣ шуд, аҷсоди навзодони сӯхтаро дидааст. Ҳафтаи гузашта, як хабарнигори исроилӣ мусоҳибае бо як сарбозро ба иштирок гузошт, ки муддаӣ буд, “кӯдакон ва навзодонро дида, ки пушти сари ҳам рӯйи рахт овезон шуда буданд!”
Ба гузориши Haaretz, ин иддаоҳо дурӯғ аст.
Иттилооти ҷамъоваришуда аз Муассисаи бимаи режими саҳюнистӣ, афсарони пулис ва мақомоти Кибутс наздики Ғазза нишон медиҳад, ки то кунун як навзод дар миёни кушташудагон шиносоӣ шуда, аммо мароҳили шиносоӣ тамом шудааст. Соири кӯдакони хурдсоли кушташуда дар он рӯз шомили як кӯдаки чаҳорсола, ду кӯдаки шашсола ва ду кӯдаки панҷсола буданд. Аксари кӯдакони кушташуда байни 12 то 17 сол син доштанд ва бархе ҳам бар асари шиллики мушак кушта шуданд.
Ба гузориши Haaretz, як сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ гуфт, сарбозе, ки дар бораи “кӯдакони овезоншуда ба рахт” изҳори назар карда буд, як сарбози захира буд, ки дар мақоми расмӣ сӯҳбат намекард. Артиши Исроил иддаоҳои ӯро рад кард.
Артиши режими саҳюнистӣ дар мавриди иддаоҳои Golan Watch гуфт, ки ӯ мехоста ба баччаҳо ишора кунад, аммо ба иштибоҳ калимаи “навзодон”-ро ба забон оварда буд.
“Шавоҳиде нест”
Иддаои нодурусти дигаре, ки тавассути Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ матраҳ шуд, ин буд, ки ба Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико гуфта буд, ки фаластиниҳо “даҳҳо кӯдакро ба ҳам баста, онҳоро сӯзонда ва эъдом карданд.”
Ба гузориши Haaretz, шавоҳиде вуҷуд надорад, ки нишон диҳад кӯдакони кушташуда дар макони мавриди иддаои Натонёҳу пайдо шуда бошанд.
Достони дигаре иддао мекунад, ки “ҷасади як навзоди исроилии сӯхта дар уҷоқе пайдо шуд” ва маншаъи ин хабари сохтагӣ Эли Бир, раиси як Созмони исроилии хадамоти пизишкии довталабона буд.
Haaretz ҳамчунин мушаххас кард, ки ин матлаб нодуруст аст. Як манбаъи огоҳ дар ин созмон ба Haaretz гуфт, ки ин иддао аз сӯйи довталабе матраҳ шуд, ки фикр мекард он навзодро дида ва онро ба иштибоҳ ба Эли Бир мунтақил кард.
“Суитаъбир”
Haaretz гуфт, ки то кунун ду навҷавони 14 ва 16-сола дар миёни кушташудагони Кафаръизза шиносоӣ шудаанд. Дар Бейрӣ, дар маҷмӯъ 9 кӯдаки зери синни қонунӣ кушта шуданд, ки аксари онҳо дар хонаҳои худ дар канори хонавода пайдо шуданд.
Ҳамон довталаб аз гурӯҳи Зако, узви довталаби як созмони ҷустуҷӯ ва наҷот, ки дар саҳнаи ҳамалот кор мекард, муддаӣ шуд, ки ҷасади як зани бордор, ки ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаро дар Бейрӣ дида, ки “шикамаш боз шуда ва ҷанини ӯ чоқу хӯрда буд”. Ӯ гуфт, ки ҷасади ду кӯдаки шаш ва ҳафтсола дар канори ӯ пайдо шуданд.
Бо ин ҳол, таҳқиқоти Haaretz собит мекунад, аз 87 нафаре, ки дар Бейрӣ кушта шуданд, ҳеч кадом шаш ё ҳафтсола набуданд. Сокинони Бейрӣ дар мавриди зани бордоре, ки кушта шуда бошад ҳам шак доштанд, ки чунин иттифоқе дар маҳаллаи онҳо буда бошад.
Alquds
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баргузории нишасти муовинони вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ
Исроил: Раҳбарони Ҳамосро дар Қатар ва Туркия терур мекунем

Матолиби пурбоздид