Едиот Аҳронот: “Синвор нақшаҳояшро ҳамон тавр ки мехоҳад, пеш мебарад”

Едиот Аҳронот: “Синвор нақшаҳояшро ҳамон тавр ки мехоҳад, пеш мебарад”
Ахбори байналмилал
Мақомоти исроилӣ эътироф карданд, ки раҳбари Ҳамос дар навори Ғазза режими саҳюнистиро қабл аз 7-уми октябр фиреб дод ва имрӯз нақшаашро ҳамон тавр, ки мехоҳад, пеш мебарад.
Ба гузориши Исно, режими саҳюнистӣ акнун дар ҷустуҷӯи бисёре аз аъзои гурдонҳои Қассом – шохаи низомии Ҳамос ва раҳбарони ин ҷунбиш аст, аммо бештар аз ҳама дар ҷустуҷӯи Яҳё Синвор, раҳбари дафтари сиёсии Ҳамос дар навори Ғазза, ки расонаҳо ва раҳбарии режим ӯро “фарди зирак, ки Исроилро фиреб дод” тавсиф мекунанд ва Исроил замину замонро барои ёфтани ӯ зеру рӯ кардааст.
Синвор ба оромӣ барои фиреб додани режими саҳюнистӣ нақша мекашид, то ин режимро мутақоъид кунад, ки Ҳамос даст аз муҷаҳҳаз кардани низомии худ кашидааст. Барои муддате Синвор ва Ҳамос саъй карданд режими саҳюнистиро гумроҳ кунанд ва аз ҷумлаи корҳое, ки анҷом доданд, талоши Ташкилоти худгардони Фаластин барои касби муҷаввизи кор аз режим барои коргарони Ғазза буд, то ҷойе, ки созмони амниятии режими саҳюнистӣ пас аз ин ҳамлаи бузург дар 7-уми октябр фикр мекунад ин бархе аз ҳамин коргарон буданд, ки ба тарсими нақшаи шаҳракҳо ва маконҳои мавриди ҳамла кӯмак карданд.
Пас аз ҳамлаи 7-уми октябр, саҳюнистҳо фаҳмиданд, ки Синвор, бар хилофи изҳороташ, ҷангро раҳбарӣ мекард ва дар ҷараёни бозӣ тавонист саҳюнистҳоро фиреб диҳад, ба ҳамин далел ниҳодҳои расмӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва мақомоти амниятӣ ва низомӣ наметавонистанд тасдиқ кунанд, ки режими саҳюнистӣ дар “доми ризояти масъулони он аз Ҳамос дар солҳои ахир” афтодааст, то ҷойе, ки ин амр боис шуд артиши ишғолгар назораташ бар девори марзӣ бо навори Ғаззаро коҳиш диҳад ва бештар ба ҳисгарҳои электронӣ такя кунад ва нерӯҳояшро аз минтақа барои ҳиросати шаҳракҳо дар каронаи Бохтарӣ мунтақил кунад, зеро эҳсоси ғолиб ин буд, ки Ҳамос маҳор шуда ва чолишҳои воқеӣ дар ҷойи дигаре пинҳон аст.
Аз ин рӯй рӯзномаи Едиот Аҳронот имрӯз субҳ гузориш дод, Синвор нақшаҳояшро ҳамон тавр ки мехоҳад, пеш мебарад.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири иттилоърасонии Яман: “Ҳамаи киштиҳои исроилӣ ҳадафи мост”
Вазири исроилӣ: “Ҳамос ба ҳамаи хостаҳояш расид” 

Матолиби пурбоздид