Женероли исроилӣ: “Бадтарин шикасти таърихро дар баробари Ҳамос мутаҳаммил шудаем”
Ахбори байналмилал
Middle East Monitor
Женероли аршад ва захираи артиши режими саҳюнистӣ, бо эътироф ба шикасти тамомаёри ин режим дар баробари муқовамати Фаластин, эътироф кард, ки “агар натавонем гаравгонҳоро зинда озод кунем, ин ҷанг дар афкори умумӣ, ба унвони бадтарин шикаст сабт хоҳад шуд”.
Ба гузориши Middle East Monitor, Исҳоқ Брик, женероли аршад ва захираи артиши Исроил, гуфт: “Дар ҷанг бо Ҳамос шикаст хӯрдем, ҳампаймонони худро аз даст медиҳем, ҳадафи нобудии Ҳамос аз дастури кори мо хориҷ шудааст ва дигар наметавонем гаравгонҳоро бозгардонем.”
Брик бо интишори ёддоште дар рӯзномаи исроилии “Маъорив” навишт: “Барои муддатзамони тӯлонӣ наметавонем ба мардум дурӯғ бигӯем. Рухдодҳои Ғазза ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба зудӣ гиребони моро хоҳад гирифт ва ҳақиқат бо тамоми абъоди пинҳонаш бармало хоҳад шуд.”
Вай, бо баёни ин ки “ҷабҳаи дохилии Исроил, ба ҳеч унвон, омодаи ҷанги минтақаӣ нест”, таъкид кард: “Ин ҷанг, ҳазорон бор сахттар ва хатарноктар аз ҷанг дар навори Ғазза аст. Ҳар рӯз сарбозони мо (дар Ғазза), ба хотири талаҳои инфиҷор ва манозили бомбгузоришуда кушта ва захмӣ мешаванд.”
Брик, Ҳертси Ҳалевӣ, раиси ситоди муштараки артиши Исроилро фарде медонад, ки аз воқеият ба дур аст ва таъкид дорад: “Ин, бадтарин расвоӣ аз замони ташкили артиши Исроил аст. Раиси ситоди муштарак низ шикаст хӯрдааст. Вай ба ҷойи ин ки истеъфо кунад, тасмим гирифтааст насли шикастхӯрдаеро тақвият кунад, ки ҳамон женеролҳои таҳти амраш ҳастанд ва шарики ин шикаст маҳсуб мешаванд.”
Ин женероли исроилӣ бо эътироф ба ин ки “мо ҳеч гоҳ аҳдофи ҷангро, ки нобудии Ҳамос ва озодии гаравгонҳост муҳаққақ нахоҳем кард”, дар бораи ҷанги заминии артиши Исроил алайҳи Ғазза низ менависад: “Ин ҷанг, як мановр буд, ки мардуми Исроил аз он истиқбол карданд, вале натавонист ба натиҷае бирасад, ки ҳама, орзуи онро доштанд. Вазири дифоъ (-и ҷанг) ва раиси ситоди муштарак, ин ҷангро бо диди токтикӣ мудирият карданд, на роҳбурдӣ. Бо ҷангҳои сирфан токтикӣ наметавон пирӯз шуд.”
Вай дар поёни ёддошти худ таъкид кард: “Агар натавонем гаравгонҳоро зинда озод кунем, ин ҷанг дар афкори умумӣ, ба унвони бадтарин шикаст сабт хоҳад шуд.”
Middle East Monitor
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: