Тоҷикистон бояд маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русияро ба кишвар интиқол диҳад
Ёддошти Абдуманнон Шералиев
Тоҷикистон бояд кулли маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русияро ба кишвар интиқол диҳад. Аксари онҳо ё воқеан гуноҳе надоранду ба қавли маъруф “подстава” шудаанд ва ё аз ноилоҷиву беақлии ҷавонӣ даст ба ҷиноят задаанд. Ҳатто онҳое ҳам, ки ҷинояткори воқеъӣ ҳастанд, набояд ба ҷанг бурда ва кушта шаванд.
Агар шонси баргаштани онҳое, ки бо ихтиёри худ рафтаанд, 40 дарсад бошад, шонси бозгашти зиндонӣ, бахусус зиндонҳои низомашон сахт 20 дарсад ҳам нест. Ҳоло онҳоро бо фишор маҷбур месозанд, вазъ, ки вахимтар шуд (ки бо гумони ғолиб мешавад) бе пурсупосу имзои шартнома ҳам мебаранд.
Ин кор, яъне баргардонидани зиндониён кори саҳле нест, аммо агар онҳо баргардонида нашаванд, ин нанг, ки давлати Тоҷикистон коре накард то ҷони ҳазорон шаҳрвандашро бихарад, барои ҳамеша бори дӯшаш хоҳад буд.
Дирӯз парвандаи 5 нафар зиндониёнеро, ки ба ҷанг бурда шуда кушта ё нопадид шудаанд мурур кардам. Се нафарашон аз 19 то 23 сол доранд! Ҷавони 20-сола, ки тоза гулҳои зиндагиаш дар ҳоли шукуфтан буданд, бинобар кадом иштибоҳи ҷавонӣ ё тӯҳмати кадом мақомдори худобехабари рус ба зиндон рафта ва ҷанд моҳ пас ба ҷанг бурда шудааст. Як нафараш баъди ҳамагӣ 5 рӯзи интиқолаш кушта шудааст!
Адад ҳам кам нест. Шумори тоҷиконе, ки дар ҷанги Укроин ширкат доранд, шояд аз шумори артиши Тоҷикистон бештар бошад! Ҳоло ман наметавонам сароҳатан инро тасдиқ кунам, аммо ончи то имрӯз ба даст овардаам ба ин арқом ишора мекунад. Ва шумори кушташудаҳо ҳам хеле бештар аз он аст, ки шумо тасаввур мекунед. Шумори нопадидшудаҳо ку ҳисоб надорад!
Лутфан ба ин қазия бепарво набошед! Онҷо ҳазорон мусибат, ҳазорон шикасту дарду доғ нуҳуфтааст! Ин як мусибати миллист!
Он чи “Озодӣ” дар ин навиштааш овардааст (дар шарҳ линкашро мегузорам), қатрае аз баҳр аст. Дар Русия садҳо зиндон вуҷуд дорад ва дар ҳар кадомаш даҳҳову садҳо тоҷик! Ва дар аксари кулли он (ҳатто мешавад гуфт дар ҳамааш) вазъ чунин аст!
Мутаассифона мусибат танҳо болои маҳбусон нест. Ҳар рӯз (!) чанд тоҷик боздошт ва зери фишор қарор мегирад, то шартнома бо Вазорати дифои Русияро имзо кунад. Ҳамон гуна, ки дар пости қаблӣ гуфта будам, бо вуҷуди огоҳии бештари мардум аз даҳшатҳои ин ҷанг, шумори эълоншудаи кушташудагон ва нопадидшудагони тоҷик дар соли ҷорӣ, бамаротиб бештар аз соли қабл аст!
Қаламонлайн













