Зебо хондани Қуръон

Фарҳанг

Зебо хондани Қуръон

Рамазон – Баҳори Қуръон

Қуръонро ҳама мехонанд; ҳамаи касоне, ки мехонанд, муваззафанд онро ҳар чи метавонанд зебо бихонанд. Ин, ҳам дар руҳи қорӣ беҳтар асар мегузорад ва ҳам дар руҳи шунаванда. Ин масъалаи тартил дар Қуръон –

وَرَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتِيلًا

(Сураи Муззаммил, ояти 4) — яъне чӣ? Яъне вақте, ки калимотро мехонӣ, он қадар тунд нахон, ки часпида ба якдигар бошад, он қадар ҳам байни онҳо фосила наяндоз, ки ин калима аз он калима бехабар бошад; тавре ин калимотро бихон, ки ҳолати илқоӣ дошта бошад, тавре бихон, ки гӯӣ худат дорӣ бо худат ҳарф мезанӣ. Ба қавли урафо, инсон ҳамеша бояд Қуръонро тавре бихонад, ки фарз кунад гӯянда Худост ва мухотаб худаш ва худаш мустақиман дорад ин суханро аз Худо мешунавад ва талаққӣ мекунад.

Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд, падарам сухане ба ман гуфт, ки дар сарнавишти ман фавқулъода асар бахшид. Мегӯяд: рӯзе дар утоқи худ нишаста ва машғули хондани Қуръон будам. Падарам омад аз ҷилави утоқи ман бигузарад, рӯ кард ба ман ва гуфт: Муҳаммад! Қуръонро он чунон бихон, ки гӯӣ бар худат нозил шудааст. Аз он вақт, ман ҳар гоҳ ба оятҳои Қуръон муроҷеа мекунам ва онҳоро мутолеа мекунам, чунин фарз мекунам, ки ин Худои ман аст, ки бо ман, ки Муҳаммадиқбол ҳастам, дорад ҳарф мезанад.

Дар ҳадис дорем:

تَغَنَّوْا بِالْقُرْآنِ

— ки чандин ҳадиси дигар бад-ин мазмун дорем. Қадри мусаллам, мақсуд ин аст, ки Қуръонро бо оҳангҳои бисёр зебо бихонед. Албатта он оҳангҳое, ки муносиби лаҳву лаъиб ва шаҳватомез ва шаҳватолуд аст, биззарура ҳаром ва номашрӯъ аст, вале ҳар оҳанге мутаносиб бо ҳолате барои инсон аст. Авоиле, ки мо талаба будем, дар Машҳад пирамарде буд, ки ба ӯ Оқо Сайид Муҳаммади Араб мегуфтанд ва қории Қуръон буд. Ин марҳум Оқо Сайид Муҳаммади Араб марди бисёр мутадайине буд ва мавриди эҳтироми ҳамаи уламои Машҳад. Шогирдони зиёде дар қироати Қуръон тарбият кард ва қироатро ба ду гуна таълим медод: яке ин ки қоидаҳои илми қироатро меомӯхт — ки мутаассифона дар Эрон нест ва дар кишварҳои арабӣ бахусус Миср роиҷ аст — ва дигар ин ки чандин оҳанг дошт (расман ба номи оҳанг), ки инҳоро дар Масҷиди Гавҳаршод таълим медод. Он рӯзҳо оҳангҳое буд, ки исми онҳо шабеҳи исми оҳангҳои мусиқӣ буд, вале оҳангҳои қуръонӣ буд. Шогирдони ӯ ин оҳангҳои латифи қуръониро меомӯхтанд.

Ин худаш як матлабе аст ва бояд ҳам чунин бошад. Яке аз мӯъҷизоти Қуръон, оҳангпазирии он аст, он ҳам оҳангҳои маънавӣ ва руҳӣ, на оҳангҳои шаҳавонӣ, ки дар ин маврид як мутахассис бояд изҳори назар кунад.

Қуръони Абдулбосит чаро ин қадр дар тамоми кишварҳои исломӣ тавсиа пайдо кардааст? Барои ин ки Абдулбосит бо садо ва оҳанги олӣ ва бо донистани анвоъи қироатҳо ва оҳангҳо ва шинохтани ин ки ҳар сураеро бо чӣ оҳанге бояд хонд, мехонад; фарз кунед хондани сураи “Шамс” ё “Ваз-зуҳо” бо чӣ оҳанги муносиб аст.

Дар ҳадис, дар бораи бисёре аз имомони атҳор аз ҷумла роҷеъ ба ҳазрати Саҷҷод алайҳис салом ва ҳазрати Боқир алайҳис салом дорем, ки инҳо вақте Қуръон мехонданд, онро бо садо ва оҳанги баланд ва дилпазир мехонданд, ба тавре, ки садояшон ба даруни кӯча мерасид ва ҳар касе, ки аз он кӯча мегузашт, ҳамон ҷо меистод, ба тавре, ки дар муддате, ки Имом дар хонаи худаш Қуръонро бо оҳанги латифу зебо қироат мекард, пушти дари хона ҷамъият ҷамъ мешуд ва роҳ банд меомад. Ҳатто навиштаанд, обкашҳо (1), ки зиёд ҳам буданд, дар ҳоле, ки машк ба дӯшашон буд, вақте меомаданд аз ҷилави манзили Имом убур кунанд, бо шунидани садои Имом поҳояшон қудрати рафтанро аз даст медод ва бо ҳамон бори сангини машки пур аз об бар дӯш меистоданд, ки садои Қуръонро бишнаванд, то вақте, ки Қуръони Имом тамом мешуд.

Ҳамаи инҳо чиро мерасонад? Истифода кардан аз васоили машрӯъ барои расондани паёми илоҳӣ. Чаро Имом Қуръонро бо оҳанги бисёр зебо ва латиф мехонд? Ӯ мехост ба ҳамин васила таблиғ карда бошад, мехост Қуръонро ба ин васила ба мардум расонда бошад.

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, таҳияи Сайидюнус Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳагӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигаронии саҳюнистҳо аз оғози “баҳори ибрӣ”
Қасам ба бод…

Матолиби пурбоздид