Зери коса никосае ҳаст
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Боздошти Сайидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демукрот, ба иттиҳоми тамосаш бо Шарофуддин Гадоев, узви ПМТ ва ин ки мехост, ба истилоҳ, табаддулоти давлатӣ (кудато) кунад, аҷибу ғариб аст.
Гирем, тамос дошта, хуб оё бандаи Худо воқеан мехост кудато кунад? Бо кадом нерӯ?
Ба илова, Усмонзода (ва ё Исмонзода ҳамон тавре ки маъруф аст), яке аз тарафдорони пару по қурси Раҳмон ва сиёсатҳояш аст ва ҳатто бештар ва шадидтар аз атрофиёни худи Раҳмон. Воқеан боздошти ӯ ҷойи суол дорад.
Рӯзгор нишон медиҳад, вале ин гуна айб гузоштанҳо, ки бо Шарофуддин Гадоев тамос дошта ва бо ӯ барои кудато табонӣ карда, воқеан масхара аст.
Ба назари ман, инҷо зери коса нимкосае ҳаст. Яъне хостанд бандаи Худоро аз миён бардоранд, ки далелаш маълум нест.
Хуб, ҳоло як айбе бояд ба гарданаш андохт. Чӣ айбе беҳтар аз ин ки бо яке аз аъзои ПМТ тамос дошта ва мехоста кудато кунад; айни ҳамон айбе, ки ҲНИТ-ро ба монанди он фаъолияташро мутаваққиф ва теруристиаш хонданд.
Ба ҳар ҳол, воқеан ин боздошт аҷибу ғариб менумояд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: