Зиёновартарин таҳрифи таърих
Масъалаи шинохт – Муртазо Мутаҳҳарӣ
Зиёновартарин таҳрифи таърих
Дар Таврот таҳрифе воқеъ шудааст, ки ман хаёл намекунам дар ҷаҳон таҳрифе ба андозаи ин таҳриф ба башарият зиён ворид карда бошад. Медонем, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар Таврот достони Одам ва биҳишт ба ин сурат матраҳ аст, ки Одам ва ҳамсараш дар биҳишт ҳақ доранд аз неъматҳо ва самароти он истифода кунанд ва як дарахт ҳаст, ки набояд ба он дарахт наздик шаванд ва аз меваи он бихӯранд. Одам аз меваи он дарахт хӯрд ва ба ҳамин далел аз биҳишт ронда шуд. Ин миқдор дар Қуръон ва Таврот ҳаст.
Масъала ин аст, ки он дарахт чӣ гуна дарахте аст? Аз худи Қуръон ва қароини қуръонӣ ва аз мусалламоти ривоятҳои исломӣ бармеояд, ки он меваи мамнӯъ, ба ҷанбаи ҳайвонияти инсон марбут мешавад, на ба ҷанбаи инсонияти инсон, яъне як амре буда аз мақулаи шаҳавот, аз мақулаи ҳирс, аз мақулаи ҳасад ва ба истилоҳ, аз мақулаи зидди инсонӣ. Ба дарахти тамаъ наздик машав, яъне аҳли тамаъ набош; ба дарахти ҳирс наздик машав, яъне ҳарис набош; ба дарахти ҳасад наздик машав, яъне ҳасодат наварз. Вале Одам аз одамияти худаш таназзул кард ва ба онҳо наздик шуд; ба ҳирс, ба тамаъ, ба ҳасад, ба такаббур, ба ин чизҳое, ки суқути инсоният аст наздик шуд. Ба ӯ гуфтанд, бояд биравӣ берун, баъд аз он ки
وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا
(Сураи Бақара, ояти 31) Ҳамаи ҳақоиқ ба ӯ омӯхта шудааст, гуфтанд инҷо ҷойи ту нест, бирав берун! Дар Таврот дасти ҷинояткорони таҳриф омадааст қазияро ба ин шакл ҷилва додааст, ки он дарахте, ки Худо ба Одам дастур дод, ки наздики он нашав, марбут аст ба ҷанбаи инсонияти Одам, на ҷанбаи ҳайвонияти Одам, ба ҷанбаи эътилои Одам, на ҷанбаи тасаффули (суқути) Одам. Ду камол барои Одам вуҷуд дошт ва Худо мехост он ду камолро аз ӯ дареғ кунад: яке, камоли маърифат ва дигаре камоли ҷовидона будан; Худо намехост ин дуро ба Одам бидиҳад; Одам аз “дарахт” яъне дарахти шиносоӣ (дарахти шинохт) чашид ва чашмаш боз шуд (ва бо худ гуфт) то ба ҳол кӯр будем, тоза чашмамон боз шуд, тоза мефаҳмем хуб яъне чӣ, бад яъне чӣ. Худо ба фариштагон гуфт: дидед! Мо намехостем ӯ аз шаҷараи маърифат ва шинохт баҳраманд шавад, аммо хӯрд ва чашмаш боз шуд, ҳоло, ки чашмҳояш боз шуд, хатари ин ки аз дарахти ҷовидонагӣ ҳам бихӯрад ва ҷовидона низ бимонад ҳаст, пас беҳтар аст ӯро аз биҳишт берун кунем.
Ин фикр ва ин таҳриф барои дину мазҳаб ба таври умум бисёр гарон тамом шуд (мазҳаб яъне дини Худо, яъне дастури Худо); гуфтанд: пас маълум мешавад, миёни дин ва маърифат тазодд аст: ё Одам бояд дин дошта бошад, амри Худоро бипазирад ва ё бояд аз дарахти маърифат бихӯрад, чашмҳояш боз шавад; ё бояд дину мазҳаб дошт, амри Худоро пазируфт ва кӯр буд ва нашинохт ва ё бояд шинохт, исён кард, зери амри Худо зад, динро канор гузошт ва рафт ин маъсиятро муртакиб шуд, то чашмҳо боз шавад. Кам-кам масалҳое дар Урупо роиҷ шуд, ки мегуфт: “Инсон агар Суқроте бошад мафлуку гурусна, беҳтар аз ин аст, ки хуке бошад барда”, “Ман як рӯз зиндагӣ кунам чашмҳоям боз бошад, беҳтар аст аз ин ки як умр чашмҳоям баста бошад ва кӯр бошам, ки баъд мехоҳам дар биҳишт зиндагӣ кунам”, “Ман ҷаҳаннам бо чашми бозро тарҷеҳ медиҳам бар биҳишт бо чашми баста”.
Ин аст, ки шумо мебинед дар дунёи Урупо як масъалаи фавқулъода муҳим, масъалаи тазодди илм ва дин аст. Хаёл накунед, ки ин масъала масъалае буда, ки чаҳорто донишманд аз худ даровардаанд, решаи он дар ақоиди мазҳабии масеҳият ва яҳудият — ки ҳар ду Тавротро ба унвони Аҳди атиқ китоби осмонӣ медонанд — вуҷуд дорад, ки ё бояд дин дошт ва ба биҳишти неъматҳо рафт, хӯрд, хобид, аз ин сар тохт ба он сар ва аз он сар ба ин сар, аммо чашмҳоят баста бошад ва ё агар чашмҳоят боз шуд, бояд биравӣ дар фалокат зиндагӣ кунӣ ва мафлук бор биёӣ.
Қуръон ва достони Одам
Аммо Қуръон ҳаргиз чунин ҳарфе намезанад. Қуръон достони наздик шудани Одам ба он дарахтро баъд аз достони
وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنْبِئُونِي بِأَسْمَاءِ هَؤُلَاءِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
(“Сипас илми асмо (илми асрори офариниш ва номгузории мавҷудот)-ро ҳамагӣ ба Одам омӯхт, баъд онҳоро ба фариштагон арза дошт ва фармуд: агар рост мегӯед, асомии инҳоро баршуморед.” (Сураи Бақара, ояти 31)) зикр кардааст, яъне Одам пеш аз он ки ба биҳишт биравад ва ба ӯ бигӯянд инҷо бимон, чашмаш боз шуда буд ва ҳамаи ҳақоиқи оламро омӯхта буд, одам буд ва дар биҳишт буд, на як ҳайвони чашмбастае дар биҳишт буд, ки бо хӯрдани он мева чашмаш боз шуд; одам буд, ки рафт ба биҳишт; чун одам буд, ориф буд, шинохт дошт, шиносоӣ дошт ва ҳақоиқро медонист. Одамро аз ин ҷиҳат берун карданд, ки аз одамият хориҷ шуд, бо он ҳама илму маърифат асири ҳавову ҳавасаш шуд, асири як ҳирс шуд, асири як васваса ва тамаъ шуд. Ба ӯ гуфтанд, инҷо ҷойи одам аст. Одам ноодам шуд, ки аз биҳишт суқут кард. Одам ба лавозими шинохти худ, ба лавозими шиносоии худ амал накард. Шинохт, ҷаҳонбинӣ медиҳад ва ҷаҳонбинӣ идеология медиҳад ва идеология амал мехоҳад. Ман одам ҳастам, ҳамаи ҳақоиқро медонам, ин “медонам” ба ман ҷаҳонро ба шакли хосс нишон медиҳад ва чун ҷаҳонро ин гуна мебинам, пас “бояд ва набояд” дорам. Вале ман ба “бояд ва набояд” нигоҳ накунам, масъулият эҳсос накунам, як васвасагар биёяд ва бигӯяд, “он дарахт, дарахти ҷовидонагӣ аст, Худо ҳасудияш шуд, ки ба ту гуфт нахӯр, на, бирав аз ин дарахт бихӯр.” (Онҳо гуфтаанд, одам ба ин сурат васваса шуд) ва ман бихӯрам, вале баъд он дарахт, дарахти маърифат аз кор дарояд.
На, эй одам! Ту одаме, ту шинохт дорӣ, ту ҷаҳонбинӣ дорӣ, ту идеология дорӣ; идеология дар ниҳояти амр амал мехоҳад (амал ҳам ду ҷанба дорад: ҷанбаи манфӣ ва ҷанбаи мусбат), тақво ва худнигаҳдорӣ мехоҳад; магар мешавад инсон идеология дошта бошад, вале тоби таҳаммули кучактарин маҳрумиятро надошта бошад? Ҳам идеология дошта бошам ва ҳам ҳар ҷо ҳар чи дидам дунболаш биравам, масалан чашмам ба як хӯроке биафтад, оби даҳонам роҳ биафтад ва дигар натавонам нахӯрам. Одам будан тақво ва худнигаҳдорӣ мехоҳад.
Ин аст, ки дар мантиқи ислом Одам ба ин далел аз биҳишт ронда шуд, ки ба он дараҷаи чаҳоруми шинохти худ амал накард, яъне шинохт, баъд ҷаҳонбинӣ пайдо кард, баъд идеология пайдо кард ва баъд идеология ӯро ба амал мултазам кард; ба инҷо, ки расид, пояш лағзид, гуфтанд: бирав берун! Вале Таврот мегӯяд, аз аввал ба ӯ гуфтанд, шинохт пайдо накун, чун шинохт пайдо кард ва чашмҳояш боз шуд, ба ӯ гуфтанд, бирав берун ва он дарахт, дарахти маърифат буд.
Ин аст, ки арз мекунам камтар андешае, фикре, назарияи таҳрифшудае ба андозаи ин таҳрифе, ки дар Таврот ворид шудааст, ба башарият ва ба олами дин зарар задааст. Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, дар дунё ин мавҷ матраҳ аст, ки ё илм ё дин, яке аз инҳо.
Пас Қуръон қоил ба мамнӯияти шинохт нест, балки қоил ба имкони шинохт аст. Ба чӣ далел Қуръон қоил ба имкони шинохт аст? Возеҳ аст: вақте Қуръон даъват ба шинохт мекунад, даъват ба як амри номумкин намекунад. Вақте, ки Қуръон роҷеъ ба одами аввал, дараҷаи шинохташро то ҳадди бениҳоят боло мебарад, чӣ мехоҳад бигӯяд? Мехоҳад бигӯяд: эй башар! Ту имкони шинохти бениҳоят дорӣ:
وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا
Имом Содиқ рӯи як тахтапӯсте нишаста буданд; даст заданд ба он ва фармуданд: “Ва ҳатто ин, ки зери пойи ман аст”, яъне чунин шинохти бениҳояте барои одам ҳосил шуд.
Пас Қуръон қоил ба имкони шинохт аст. Достони Одам пур аз ҳикмат аст. Яке аз ҳикматҳо ва дарсҳо ва рамзҳои достони Одам, масъалаи имкони шинохт аст. Яъне мехоҳад ба ҳамаи мо бигӯяд: эй инсонҳо! Шумо баччаи он одаме ҳастед, ки шинохташ то ин ҳадд буд, “баччаи Одам” ҳастед, баччаи Одаме ҳастед, ки шинохти бениҳоят пайдо кард, пас ба сӯи шинохти бениҳоят биравед. Баччаи Одам будан аз назари Қуръон мусовӣ аст бо баччаи шиносо будан; шумо баччаи шинохт ҳастед.
Даъвати Қуръон ба шинохт
Ба илова, Қуръон расман банӣ Одамро даъват ба шинохт мекунад. Ин ҳама дар Қуръон амр ба назар ҳаст, амр ба тафаккур ва тадаббур ҳаст ва таъбироте аз ин қабили:
قُلِ انْظُرُوا مَاذَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ
(Сураи Юнус, ояти 101) Ба ин мардум бигӯ, назар кунед (назар яъне фикр кардан), фикр кунед дар ин осмонҳо ва замин чӣ чизҳое ҳаст, бишносед. Қуръон мегӯяд, дар ин осмонҳо ва замин назар кунед, биравед ҳар чи ҳаст бишносед! Эй инсон! Худатро бишнос, ҷаҳонатро бишнос, Худоятро бишнос, замонатро бишнос, ҷомеа ва таърихи худатро бишнос. Ҳатто ояти
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا عَلَيْكُمْ أَنْفُسَكُمْ
(Сураи Моида, ояти 105) Эй аҳли имон! Бар шумо бод худатон!, он тавр, ки алъон дар зеҳнам ҳаст, муфассироне аз қабили Аллома Таботабоӣ (Мудда зиллуҳ!) мегӯянд яъне худатро бишнос.
Дар ояти маъруфи “Зарр” (Сураи Аъроф, ояти 172) нуктаи аҷибе дар боби шинохти худ ва худшиносӣ ҳаст, агарчӣ ба сурати рамзмонанд баён шудааст; мегӯяд:
وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنْفُسِهِمْ
(Мардумро шоҳид бар нафасҳои худ гирифт.) Шаҳодат як вақт адои шаҳодат аст, ки аввал инсон чизеро дида, баъд мехоҳад барои дигарон нақл кунад ва шаҳодат бидиҳад. Ва як вақт якеро меоваранд барои ин ки аввал бибинад ва баъд шаҳодат бидиҳад. Онро мегӯянд “адои шаҳодат” ва инро мегӯянд “таҳаммули шаҳодат”. Қуръон мегӯяд, Худо худи башарро ба худаш ироа дод (албатта ин оят аз оятҳои фитрат аст), худашро шоҳид бар худаш гирифт, яъне гуфт, худатро бибин!
وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنْفُسِهِمْ
То башар худашро дид, Худо гуфт:
أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ
Оё ман парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: бале. Намегӯяд, Худо худашро ба башар ироа дод, баъд гуфт, оё ман парвардигори шумо нестам; мегӯяд, башарро ба башар ироа дод ва баъд гуфт, оё ман парвардигори шумо нестам? Ба чӣ муносибат ин тавр гуфт? Оё ин мисли ин аст, ки оқои Зайдро ба касе нишон бидиҳанд, баъд бигӯянд, оё Амрро намебинӣ? На. Ин ҳисоби дигар аст. Дар мақоми масал, масали ин аст, ки касе ба дӯсташ мегӯяд, он ойинаро нигоҳ кун, ӯ дар ойина нигоҳ мекунад, сурати рафиқашро мебинад Ва то ба ойина нигоҳ кард, мегӯяд, ман зебо ҳастам ё на? Чаро? Чун ба ойина нигоҳ кардааст. Агар ба девор нигоҳ карда буд, ин тавр набуд.
Ин қадр Худо бо башар наздик аст! Ин қадр худшиносӣ ва Худошиносӣ бо якдигар омехтааст! Мегӯяд: башар! Худатро бибин. Ва то худашро мебинад, мегӯяд, оё ман парвардигори ту нестам? Ту худатро бибинӣ, маро дидаӣ, худатро бишносӣ, маро шинохтаӣ. Ҷумлаи
من عرف نفسه فقد عرف ربّه
(“Ҳар кас худашро бишносад, Худоро шинохтааст.”) аз ҷумалоти маъруфи ҷаҳон аст, қабл аз ислом ҳам ин ҷумла гуфта шудааст, Суқрот ҳам гуфтааст, дар Ҳинд ҳам хелеҳо гуфтаанд, вале аҳаде ба зебоии Қуръон баён накардааст. Амирулмӯъминин аз ин таъбирот, зиёд дар калимоташ ҳаст, дар калимоти Пайғамбари Акрам (с) низ ҳаст, вале ба ин зебоӣ, ки дар ин ояти Қуръон омада аҳаде баён накардааст, бо он лисони рамзомези Қуръон: башарро ба башар ироа дод ва гуфт, худатро бибин ва то худашро дид, гуфт, маро хуб мебинӣ? Гуфт: оре, туро хуб мебинам. Намегӯяд:
من عرف نفسه فقد عرف ربّه
Дуто маърифат радиф намекунад: маърифати худат, то баъд, аз он мунтақил бишавӣ ба маърифати Худо. Ин қадр ин ду маърифат ба ҳам наздик аст, ки агар инро бибинӣ, онро дидаӣ. Дигарон дуто маърифат дар канори ҳам қарор додаанд, Қуръон ба як таъбир мегӯяд, ҳамон ирфони нафс кофӣ аст, агар ирфони нафс бошад, ирфони Рабб ҳам ҳаст. Ин қадр ирфони нафс бо ирфони Рабб яке аст! Мисли нигоҳ кардан ба ойина аст. Дар айни ин ки ойина ғайр аз сурате аст, ки дар он аст, аммо агар ойинаро бибинӣ, наметавонӣ сурати даруни онро набинӣ.
Вақте инсон ин нукоти Қуръонро тадаббур мекунад, воқеан ҳайрат мекунад. Оят будан яъне ин. Шумо ҳисоб кунед, пайғамбар як марди араби уммӣ, як деҳотӣ, дар Макка, ки масалан ба андозаи Силқони мо (деҳе кучак дар атрофи Теҳрон) будааст ва чаҳорто тоҷири рибохӯр дар онҷо буда, мактаб надидааст, устоду муаллим надидааст, босаводҳои ҷомеааш дар сатҳи килоси севвуми имрӯз будаанд, фақат як хатте мехондаанд ва каҷу кулае менавиштаанд; оё ба забони чунин марде инчунин суханони латиф ва зариф ҷорӣ бишавад боваре аст бидуни ин ки як иртиботи маънавӣ бо олами дигар дар кор бошад? Сухане бигӯяд, ки Суқротҳо ҳаргиз натавонистаанд ба ин латофат сухан бигӯянд? Ин қадр диди васеъ дошта бошад? Як марди араби уммӣ, ки маълумоти худаш (маълумоти башариаш) аз як чӯпони мо камтар будааст, бигӯяд:
قُلِ انْظُرُوا مَاذَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ
Назар кунед дар ин осмонҳо ва замин (ба замин ҳам қаноат намекунад), бибинед дар тамоми ин ҷаҳон чист, тамоми ҷаҳонро бишносед. Пас Қуръон, ки даъват ба шинохт мекунад, имкони шинохт барояш матраҳ нест, яъне имкони шинохт аз назари ӯ мусаллам аст.
Масъалаи шинохт – Муртазо Мутаҳҳарӣ
Қаламонлайн