Зӯҳду тақвои Алӣ(а) дар ҳукуматдорӣ

Зӯҳду тақвои Алӣ(а) дар ҳукуматдорӣ
Машҳур аст, ки пас аз расидан ба хилофат, Алӣ(а) аз сукунат дар қасри ҳукуматии Кӯфа, имтиноъ варзид, то хонааш аз хонаи фуқаро ва бечорагони бисёре, ки дар дахмаҳои кӯчаки худ басар мебурданд, бартар набошад, ин суханаш, ки дар Наҳҷулбалоға нақл шудааст, ҷилвае аз шеваи зиндагӣ ӯст:
“Оё ба ин дил хуш кунам, ки ба ман Амири Мӯъминон гуфта шавад, вале дар душвориҳои рӯзгор, дар канори мардум набошам?”
Бисёр бамаврид аст, мо мусалмонон, ки ифтихори пайравӣ аз пешвоёни дин ва аҳли байти Паёмбар(с)-ро дорем, ҳар кадомамон ба унвони масъул – масъули хонаводаву фарзандон, масъули зердастон ва… таваҷҷӯҳ ба равиши зиндагии зҳидонаи ҳазрати Алӣ(а) дошта бошем.
Алӣ(а) дар дунё зӯҳд варзид ва бар худ сахт гирифт ва дар зӯҳдаш содиқ буд он гуна, ки дар ҳамаи корҳо ва дар ҳар чӣ аз дилу забонаш баромад, содиқона амал кард. Дар лазоизи дунявӣ зӯҳд пеша кард ва ба авомили давлат ва ҳукумат ва ҳар ончи мавриди назари дигарон буд ва онро ҳадафи зиндагӣ ва вуҷуди худ медонистанд, рағбате нишон надод.
Ба ҳамин сабаб, бо фарзандони худ дар хонае муҳаққар ва кӯчак басар мебурд, хонае, ки хилофат ба он рӯй овард, на салтанат, нони ҷавиро, ки Алӣ тановул мекард, ҳамсараш ба дасти худ орди онро осиёб карда буд, дар сурате, ки коргузоронаш аз беҳтарин неъматҳои Шом ва баракоти Мисру Ироқ баҳраманд буданд ва бисёр иттифоқ меафтод, ки худ ба ҷои ҳамсараш, осиёб кардани ҷавро бар ӯҳда мегирифт, дар ҳоле, ки ӯ Амири Мӯъминон ва раиси ҳукумат буд, вай аз нони ҷавини хушк истифода мекард, ки онро бо кӯмаки зону мешикаст ва дар сармои шадид, аз пӯшоке, ки ранҷи сарморо аз ӯ бизудояд бебаҳра буд, балки ба ҳамон либоси нозуки тобистонӣ иктифо мекард ва бо ин амал, олитарин мартабаи покӣ ва сафои рӯҳро ба манассаи зуҳур гузошт!

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фаластин ва “Исроил”
Мақомоти CIA (ЦРУ) низ аз Фаластин ҳимоят ва аз Исроил интиқод карданд

Матолиби пурбоздид