Ибрат аз таърих

Таърих

Ибрат аз таърих

(Пиромуни вежагиҳои таърихи иҷтимоии асрҳои 18-19 миллати тоҷик)

Ба қалами Устод Луқмон Бойматов

Таърихи иҷтимоъии асрҳои 18-19 –и миллати тоҷикро метавон ин гуна хулоса кард:

Иқтисоди сиёҳ, иҷтимоъи ноором, адаб ва ҳунари рокид ва дар як калом ақабмондагии маҳз аст ва албатта фоҷиа дар ҷомеъа аз ғафлати мардум оғоз мешавад ва шиддати он баста аст ба ноогоҳии эшон аз таҷрубаи рӯзгор ва таърихи аҷдоди хеш.

… Миллати тоҷик бадбахт буд, худро пок аз ёд бурда буд ва дар ин муддат бадбахтар аз он ки буд, шуд. Сарнавишти худ ва аҷдодашро ба ёд намеовард ва аз таърих огоҳӣ надошт. Гуфтаанд, ки “Ҳар кас обид аст ва маъбадаи ҳар касе “зикри одам” будани ӯст”. Аммо ҳар кас қабл аз он ки одами обид шавад, одами огоҳ бояд бошад. Огоҳӣ ва озодӣ — бистари аслии пешрафт аст. Таърих ва донистани он барои огоҳии инсон шарти асосиву зарурист.

Рӯй овардан ба таърихи гузашта ба хотири илтиём бахшидани захмҳои рӯзгор нақш дорад. Ин амал аз беҳтарин василаҳои шифо бахшидани маразхои иҷтимоъ аст… ва таърих метавонад ҷомеъаи бемори моро дармон бахшад… Ашхосе, ки дар ин боб шубҳа доранд аз зумраи бехабаронанд!

(Манбаъ: Мақолаи Л. Бойматов. Сарнавишти Мовароуннаҳр. Дарсҳо ва ибратҳо. // Кайҳони фарҳангӣ, 1381/ Озармоҳ, № 194, С. 50-54)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омодабоши “Исроил” аз тарси посухи Яман
Маҳкумияти ҳамлаи Исроил ба Алҳадидаи Яман

Матолиби пурбоздид