Изҳори ҳамдардии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати Эрон

Изҳори ҳамдардии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати Эрон

Ахбори байналмилал

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддини Муҳриддин, рӯзи панҷшанбе бо ҳузур дар сафорати Эрон дар Душанбе, зимни изҳори ҳамдардӣ барои қурбониёни ҳодисаи терреристии ҳарами Шоҳчароғ, дафтари ёдбуди шуҳадои ин ҳодисаро имзо кард.
Сироҷиддин Муҳриддин дар гуфтӯ бо Муҳаммадтақии Собирӣ – сафири Эрон, маротиби ҳамдардӣ ва таслияти давлати Тоҷикистонро ба давлату миллати Эрон иброз дошта ва ин ҳодисаи террористиро маҳкум кард.
Эмомалӣ Раҳмон низ чанде пеш, бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳури Эрон, ҳамдардӣ ва таслияти худро ба вай изҳор намуда ва ин ҳамлаи террористиро маҳкум намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ғуруби рӯзи чаҳоршанбе (26-октябр) фарди мусаллаҳ, зоирон ва ходимони ҳарами Шоҳчароғро дар шаҳри Шероз, тирборон намудааст, ки ин ҳамлаи террористӣ 13 шаҳид ва 30 маҷрӯҳ дар пай дошт.

Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияи худ дар бораи ҳодисаи террористии Шоҳчароғ эълом кардааст, ки то кунун 26 террористи такфирии вобаста ба гуруҳи ДОИШ дар робита ба ин ҳамла, мавриди таъқиб қарор гирифта ва дастгир шудаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди масъулини Тоҷикистон ва Туркия бар лузуми ҳамкориҳои расонаӣ
Андарзҳое аз ҳазрати Муҳаммад(с)

Матолиби пурбоздид