Илм, муҳаббат ва озодӣ

Адаб

Илм, муҳаббат ва озодӣ

Мактаби андеша

Ҷумалоте ҳикматомез аз Афлотун

«Дар ҷаҳон ягона мояи некбахтии инсон муҳаббат аст.»

«Нерӯмандатарини мардум касе аст, ки бар хашми худ ғалаба кунад.»

«Зинати инсон ба се чиз аст: илм, муҳаббат ва озодӣ.»

«Авом сарватмандро мӯҳтарам медонанд ва хавосс донишмандонро.»

«Касе ки дар айёми муваффақият ва хушӣ туро сано гӯяд бо он чӣ дар ту нест, албатта дар рӯзи носозӣ ва ифтироқ ҳам аз дурӯғ ва бӯҳтон дар ҳаққи ту дареғ нахоҳад кард.»

«Дурӯғгӯ аз дурӯғгӯи дигар дар ҳазар аст.»

«Аз наздикӣ ба касе ки қодир ба ҳифзи асрор ва румузи худ нест, парҳез намо.»

«Маъбуди хешро бишнос ва ҳаққи ӯро нигаҳ дор.»

«Аҳли илмро ба касрати илм имтиҳон макун, балки эътибори ҳоли эшон ба дурӣ аз шарру фасод имтиҳонашон кун.»

«Бадбахт он кас бувад, ки аз тазаккури оқибат (ва рӯзи охират) ғофил бувад ва аз лағзиш бознаистад.»

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳёу улумид дин – III
Мортин Ҳойдегер

Матолиби пурбоздид