“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад” – III

“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад” – III

Бахши севвум

Гуфтугӯи бисёр ҷаззоб ва хондании сойти Асри Эрон бо дуктур Маҳдии Гулшанӣ; як физикдони ҷаҳонӣ

Ишора:

Дуктур Маҳдии Гулшанӣ, физикдони барҷаста ва устоди Донишгоҳи санъатии Шариф аст ва дар сатҳи ҷаҳон ба унвони назарияпардози илми физик шинохта мешавад.

Оқои Гулшанӣ дар ин гуфтугӯ, дар бораи маънои “илми динӣ” ва имкони таҳаққуқи он ва низ самароташ тавзеҳ медиҳад.

Ин эроде аст, ки бархе аз физикдононе, ки чандон ҳам диндор нестанд, ба зистшиносон ворид мекунанд. Яъне аз ҳавзаи зистшиносӣ таклифи оламро муайян мекунанд. Ричард Докинз, ки ин тавр илҳодӣ китоб менависад, дар посух ба ин суол, ки муҳимтарин суоли илмиаш чист, мегӯяд: намедонам шуъур чист.

Оё касе, ки намедонад шуъур чист, ҳақ дорад роҷеъ ба кулли олам назар бидиҳад ва қазоват кунад?

– Бо таваҷҷӯҳ ба тавзеҳоти шумо, илм метавонад динӣ ё илҳодӣ ё лоадригароёна бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки гузораҳои марбут ба Худо ва ҷаҳони пас аз марг, бо илм на қобили исбот аст, на рад мешавад, оё беҳтар нест қайди илми динӣ ва илҳодиро бизанем ва ба як илми лоадригаро иктифо кунем?

– Питер Медавар зистшиносе аст, ки дар соли 1960 барандаи ҷоизаи Нобел дар заминаи физиологияи пизишкӣ шуд. Медавар як саре суол матраҳ мекунад ва мегӯяд, инсон ҷавоби ин суолҳоро наметавонад аз илм бигирад ва барои расидан ба ҷавоби ин суолот, бояд ба суроғи фалсафа ва ҳунар ва дин рафт.

Алъон иддаи зиёде аз физикдонон ва зистшиносон ва донишмандони риштаҳои дигар, мӯътақиданд инсон ҷавоби бисёре аз суолоташро аз илм наметавонад бигирад. Бинобар ин, илм набояд ба куллӣ қайди динро бизанад. Нуктаи дигар ин аст, ки илм мафрузоте дорад ва худкифо нест. Илм ин мафрузоташро аз ҷойи дигаре мегирад.

– Чаро метафизик илми лоадригароёна набошад? Донишманде, ки лоадригарост, илмро ба мафрузоти идеоложики худаш оғишта намекунад.

– Наметавонад накунад. Магар ин ки воқеан мавзеъи лоадригароёна бигирад. Дар ин сурат роҷеъ ба ҳеч чизи олам наметавонад ҳарф бизанд. Фақат роҷеъ ба озмоишҳояш метавонад ҳарф бизанд.

– Чӣ ишколе дорад, ки ӯ фақат бигӯяд табиат ин тавр кор мекунад? Яъне нагӯяд амалкарди табиат маҳсули қавонини илоҳӣ аст ё худҷӯш аст.

– Ман ҳамин ҷо бо ӯ ҳарф дорам. Ман ба чунин донишманде мегӯям, шумо се то озмоиш анҷом додӣ ва натиҷагирӣ кардӣ. Ба қавли Поппер, чаро се то озмоиш кофӣ аст барои ин ки натиҷагирии куллӣ бикунӣ? Ин кифоят ва таъмими баромада аз он, мубтанӣ бар чист? Асли иллият аз куҷо омадааст? Оё шумо метавонед кори илмӣ бикунед бидуни қабул доштани асли иллият?

– Дар воқеъ мефармоед пазириши асли иллият, худаш як фарзи метафизикӣ аст.

– Бале.

– Ҳоло ин фарзи динӣ аст ё илҳодӣ?

– Ҳам мулҳидон онро қабул доранд, ҳам диндорон. Албатта ахиран бархе аз мулҳидон иллиятро рад мекунанд. Яъне аз вақте, ки назарияи квантӣ матраҳ шуд, ташкик домангири асли иллият ҳам шуд. Аммо ҳамон квантро ҳам назарияе иллӣ ба хубӣ тавзеҳ дод.

– Фарз кунем мафрузоти метафизикии илм, динӣ шуданд. Аз куҷо маълум, ки ин мафрузот дурустанд? Инҷо пойи имон ба миён меояд?

– Бале. Вале аслан илм бидуни имон муҳаққақ намешавад. Планк мегӯяд, бар дарвозаи илм навиштаанд: бидуни имон ворид нашавед. Он имон чист? Имон ба ин фарз аст, ки ҷаҳон низомманд аст ва шумо ҷаҳонро метавонед бифаҳмед. Шумо агар ба ин амр имон надошта бошед, кори илмиатон абас аст. Ин ҳам навъе имон аст.

– Вале далеле надорад агар ба ин асл имон дорем, ба усули дигаре ҳам имон биёварем дар мақоми як донишманд.

– Вақте тавзеҳи илмии ду донишманд дар бораи ҷаҳон мубтанӣ бар мафрузоти илҳодӣ ва динӣ аст, мо бояд бибинем мафрузоти кадомашон ғанитар аст ва умури бештареро метавонад тавзеҳ диҳад.

Тавзеҳи эъҷоз ё пешрафтҳои илм дар як матни динӣ бисёр роҳаттар аз як матни ғайри динӣ аст. Стивен Вайнберг як физикдони дараҷаи аввал аст, ки дар соли 1979 барандаи ҷоизаи Нобел шуд. Вайнберг мегӯяд, ман ҳар чи ҷаҳонро нигоҳ мекунам, беҳадафтар ба назарам мерасад.

Худаш ҳам мегӯяд ин ҷумлаи ӯ беш аз тамоми ҷумалоташ нақлу нақд шудааст. Аз сӯйи дигар, Пол Дэвис, физикдони англисӣ, ки дар бисёре аз ҷоҳо мавзеъи лоадригароёна дорад ва масоили зиёдеро дар кайҳоншиносӣ тавзеҳ додааст, дар ҷавоби Вайнберг мегӯяд, ҳар чи дар илм пешрафт мекунем, инкори ҳадафдор будани олам мушкил ва мушкилтар мешавад.

Масъала ин аст, ки дар матни як илми динӣ, иллати муваффақияти илм ва низомманд будани оламро роҳаттар метавон тавзеҳ дод, то дар матни як илми ғайри динӣ. Яъне мафрузоти динӣ дар инҷо коротар аз мафрузоти ғайри динӣ аст.

Ин ки олам зишуъур аст ё на, ҳадафманд аст ё на, суолоте аст, ки илми мубтанӣ бар мафрузоти динӣ ва илми мубтанӣ бар мафрузоти ғайри динӣ, посухҳои мутафовите ба онҳо медиҳанд, вале қуввати тавзеҳи илми динӣ дар ин замина, ошкоро бештар аз қуввати тавзеҳи илми ғайри динӣ аст.

Баъд аз ин ки мақолоти ман ва Истенморк дар нақди раъйи якдигар дар китоби Истенморк мунташир шуд, яке аз донишмандони суэдӣ (шветсияӣ) мақолае дар муаррифии китоби Истенморк навишт. Истенморк худаш масеҳӣ аст, вале мегӯяд илм бояд хунсо бошад, яъне динро набояд дар марҳилаи “доварӣ” ворид кард.

Он донишманди суэдӣ навишт, ки “Истенморк мегӯяд донишмандон беҳтар аст дар мақоми доварӣ бетараф бошанд, вале ман тардид дорам ин кор дар мақоми амал мумкин бошад.” Яъне донишмандон ба таври автоматик ё дар ин тараф қарор гирифтаанд ё дар он тараф. Ҳарфи ин донишманди суэдӣ ин буд, ки иттихози мавзеъи бетарафона дар мақоми доварӣ дар хусуси додаҳои илмӣ, амалӣ нест.

– Яъне лоадригароии илмӣ ё – дақиқтар бигӯям – лоадригароии донишмандон ниҳоятан муҳаққақ намешавад.

– Ӯ мегӯяд, ин як амри истисноӣ аст, на як амри роиҷ.

– Назари шумо чист?

– Ман ҳам ба истисноӣ будани ин ҳолат мӯътақидам. Барои ин ки аз навиштаҳои донишмандон маълум мешавад, ки дар самти дин истодаанд ё дар самти инкори дин. Ин ки донишманд маҷбур шавад тарафи дин ё илҳодро бигирад, дар як ҳавзаи кӯчак мисдоқ надорад. Воқеан дар аксари ҳавзаҳо чунин зарурате вуҷуд дорад.

Мушкил инҷост, ки масалан вақте фалон кайҳоншиноси дараҷаи аввал машғули навиштани як китоби кайҳоншиносии дарсӣ аст ва дар баҳс аз муодилоти Эйнштейн, менависад ман дар ҷавобҳои муодилаи Эйнштейн ё дар нисбияти омм, он ҷавоберо меписандам, ки мегӯяд олам ҳамеша вуҷуд дошта, аз ин ҳарф чӣ бардоште мекунанд? Намегӯянд, ки ин назари як нафар аст; мегӯянд ин ҳарф натиҷаи кайҳоншиносӣ аст. Дар сурате, ки ҳамон муодила ва назария, ҷавобҳои дигаре ҳам дорад. Яъне ин ҷавоб ҳам дар кор аст, ки ҷаҳон ибтидо ва оғозе доштааст.

– Дар соли 1997, ки шумо даргири исломӣ кардани улум будед, мушкилро чӣ медонистед? Мушкил ин буд, ки мафрузоти метафизикии илм дар ҷомеъаи мо динӣ набуд ё корбурди илм дар Эрон динӣ набуд?

– Ташхиси ман ин буд, ки дар сатҳи иҷроӣ ташхис надода буданд, ки мушкили исломӣ набудани илм чист. Фақат гуфта шуда буд донишгоҳҳоро исломӣ кунед.

– Ва шумо дар воқеъ ҳарфатон ин буд, ки мо бояд коре кунем мафрузоти метафизикии устодон ва донишҷӯёни риштаҳои илмӣ, аз ин ба баъд динӣ шавад?

– Бояд барояшон ҷо биафтад. Албатта на ба зӯр. Ҷо биафтад, ки як ҷойгоҳи мантиқӣ барои илми динӣ вуҷуд дорад.

– Ин ки як пружаи ҳадди ақал 50-сола аст.

– На, ин тавр нест. Ман намунаҳояшро бо ҳамин корҳое, ки дар ҳафт- ҳашт соли гузашта анҷом додаем, дорам мебинам. Дар ҷаҳон ҳам чунин фикре вуҷуд дорад.

– Пас чаро исломӣ кардани улум дар ҷомеъаи мо ҳанӯз ба натиҷаи матлуби шумо мунтаҳӣ нашудааст?

– Барои ин ки ин корро бояд афроде анҷом диҳанд, ки тавоноии фикриашро дошта бошанд. Дасти ноаҳл набояд биафтад. Алъон ҳам ин кор дар дасти афроди тавоно нест. Кори фикрӣ бо шиор ва намоиш пеш намеравад.

– Ҷудо аз мафрузоти метафизикии илм, шумо фармудед корбурди илм ҳам бояд динӣ бошад. Корбурди динии илм дақиқан яъне чӣ?

– Яъне илм набояд ба зиёни башар ва табиат ба кор гирифта шавад.

– Вале ин омӯзаи ихтисосии дин нест. Ахлоқ ҳам чунин таҷвизе дорад. Як донишманди материалист ҳам, агар ахлоқгаро бошад, дар ин замина бо шумо ҳамназар аст.

– Бале. Инҷо ҳавзаи муштараки донишманди диндор ва донишманди бедини ахлоқгарост.

– Пас чаро шумо корбурди ахлоқии илмро ба нафъи дин мусодира мекунед? Ахлоқ, ки зотан динӣ нест. Дин муайиди ахлоқ аст, на муваллиди он. Паштвонаи ахлоқ ақл аст.

– Барои ин ки он донишманди ахлоқгарои материалист ахлоқро аз муҳите гирифта, ки собиқан масеҳӣ буда, вале ахлоқаш ҳанӯз зиндааст ва идома дорад. Ман решаи ахлоқро дар дин мебинам.

– Агар материалистҳои ахлоқгаро зимоми умури ҳамин илми секулори феълиро дар кулли дунё дар даст бигиранд ва ҳеч ҷо ба башар ва табиат латма назананд, оё корбурди илм дар ҷаҳон динӣ шудааст?

– Агар чунин шавад, материалистҳо дар буъди амалӣ дақиқан ҳамон кореро доранд анҷом медиҳанд, ки дин таҷвиз кардааст. Аммо корбурди динии илм беш аз ин аст. Яъне дин дунболи саодати ояндаи башар аст ва ин саодатро бо таваҷҷӯҳ ба охират таъриф мекунад. Дин фақат ин дунёро лиҳоз намекунад ва ба дунёи дигар ҳам назар дорад.

Манбаъ: сойти Асри Эрон

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсон ва озодихоҳӣ-II
“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад” – II

Матолиби пурбоздид