Илҳом Алиев: Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар оянда бештар якпорча хоҳанд шуд

Илҳом Алиев: Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар оянда бештар якпорча хоҳанд шуд

Ахбори байналмилал

Озарбойҷон гуфтугӯи фаъол бо кишварҳои Осиёи Миёнаро идома медиҳад ва ин гуфтугӯҳо бисёр мусбат ва муфид хоҳад буд.

Ба гузориши Аzertag, Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст: Бо вуҷуди ин ки чӣ иттифоқе меафтад ва чӣ таҳаввулоту рухдоде пеш меояд, фикр мекунам, дар оянда Осиёи Миёна ва Озарбойҷон якпорча ва муттаҳидтар хоҳанд шуд.

Чанде пеш, Илҳом Алиев бо як ҳайати баландпоя ба Душанбе сафар карда буд, ки илова бар тавофуқоти ҳамкории дуҷониба, мавзӯе, ки бисёр ба чашм меомад, изҳороти коршиносон дар бораи таносуб ва тафовутҳои равобити кишварҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо Эрон буд.

То қалб аз як сол пеш, танишҳои бисёр шадиде байни Теҳрон ва Душанбе сурат гирифта буд, ки дар расонаҳои расмии Тоҷикистон ҳамроҳ бо иттиҳомоти бисёр сангине нисбат ба Эрон, инъикос дошт.

Аз ҷумла иттифоқоти аҷибе, ки ҳамзамон бо сафари Илҳом Алиев ба Тоҷикистон пеш омад, бознашри бархе аз ин тавлидоти расонаии тоҷик дар сафаҳоти озарӣ буд.

Аз ҷумла масоили дигаре, ки равобити Боку бо Осиёи Миёнаро тақвият мекунад, масъалаи ҳамкорӣ барои тақвияти зарфияти коридори миёнӣ ба унвони масири тронзитӣ аз Осиёи Миёна ва Қафқоз аст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Толибон: Ба озодии комили расонаҳо таъкид дорем
Осиёи Миёна бар сари дуроҳӣ

Матолиби пурбоздид