Баргузории консерти хонандаи маъруфи тоҷик дар Исроил, ё оддисозии равобит

Таҳлили хабарӣ

Баргузории консерти хонандаи маъруфи тоҷик дар Исроил, ё оддисозии равобит

Хабар ва таҳлил

Нигина Амонқулова хонандаи маъруфи тоҷик, моҳи оянда ду барномаи консертӣ дар шаҳрҳои Рамле ва Холони Исроил баргузор хоҳад кард.

Хабарҳои баргузории консерти хонандагону ҳунармандони Осиёи Миёна дар Исроил пештар ҳам пахш мешуд ва аз тарафи тоҷикзабонони Исроил мавриди истиқбол ҳам буд, аммо ин хабари ахир, вокунишҳоеро аз тарафи коршиносон ба ҳамроҳ доштааст.

Далели ин вокунишҳо ин аст, ки коршиносон бар ин назаранд, ки хабарҳо ва гузоришоти мушобеҳи ин, ахиран аз тарафи расонаҳои исроилӣ, расонаӣ мешавад ва зоҳиран режими Исроил дар паи ин аст, ки равобити фарҳангӣ бо кишварҳои минтақаи мусалмоннишини Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистонро оддӣ ҷилва диҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш, теъдоде аз ҷавонони нухба, дар ду ҳайат, аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Исроил сафар намуда ба боздид аз марокизи фарҳангӣ ва торихии ин минтақа ва табодули таҷриба пардохта буданд, ки натиҷаи он низ, тасвиби қарордодҳое мабнӣ бар идомаи ин рафтуомадҳои аҳолии фарҳанг ва нухбагон байни кишварҳои Осиёи Миёна ва Исроил гардид. Аммо нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин буд, ки ин хабар низ аз тариқи расонаи исроилӣ бозтоби густардае ёфт, ки ба гуфтаи коршиносон, тарҳи оддисозии равобити фарҳангиро пайгирӣ менамуданд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Путин омодаи музокира бо Киев аст
Имзои санади ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Белорус

Матолиби пурбоздид