Имкони муҳоҷирати корӣ дар Бритониё
Муҳоҷират
Ховар: Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британия бо ширкати Про-Форс шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, ки дар доираи он шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори мавсимӣ дар ин кишвар ҷалб карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, шумори онҳое, ки ин имконро хоҳанд дошт, эълон нашудааст. Ба гуфтаи коршиносон шумори муҳоҷироне, ки Вазорати кор аз фиристоданашон ба хориҷ гузориш медиҳад, бисёр кам буда, вобаста ба кишвари қабулкунанда, аз 5-6 то 30-40 нафарро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад бақайдгирии шаҳрвандон барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо тавассути Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Раванди бокортаъминкунии шаҳрвандон дар доираи барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо дар асоси озмун бо иштироки намояндагони ширкат амалӣ карда мешавад. Баъд аз гузаштан аз озмун хароҷот вобаста ба омода кардани раводид ва арзиши чиптаи ҳавоӣ аз ҷониби худи номзад пардохт карда мешавад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн