Имом Ҳасани Муҷтабо
Имом Ҳасани Муҷтабо, нури дида ва набераи мукаррами ҳазрати Паёмбар (с), дар нимаи Рамазони соли севвуми ҳиҷрӣ яъне ҳамин рӯз зода шудаанд. Ба ҳамин муносибат, шоиста дидам шаммае дар бораи он ҳазрат бинависам.
1) Таваллуд:
Ибни Асокир дар “Таърихи Димишқ” бо санад аз бону Савда бинти Мушарраҳ овардааст, ки ин бону гӯяд:
كنت فيمن حضر فاطمة حين ضربها المخاض. قالت: فجاء النبي (صلى الله عليه وسلم) فقال: كيف هي؟ قالت: قلت إنها لتجهد. قال: فإذا وضعت، فلا تحدثي شيئا حتى تؤذني. قالت: فوضعته فسررته ولفقته في خرقة صفراء. قالت: فجاء النبي (صلى الله عليه وسلم) فقال: كيف هي؟ قالت: قلت قد وضعت وسررته ولفقته في خرقة صفراء. قال: عصيتني؟ قالت: قلت: أعوذ بالله من معصية الله ومعصية رسوله سررته ولم أجد من ذاك بدا ولفقته في خرقة صفراء. قال: ائتني به. قالت: فأتيته به فألقى عنه الخرقة الصفراء ولفه في خرقة بيضاء وتفل في فيه والباه بريقه ثم قال: ادع لي عليا. فدعوته. فقال: ما سميته يا علي! قال: سميته جعفرا. قال: لا ولكنه حسن وبعده حسين وأنت أبو الحسن الخير
“Ман дар ҷамъе будам, ки мавқеъи вазъи ҳамли Фотима ҳозир буданд. Паёмбар (с) омад ва пурсид, ки ҳоли Фотима чӣ гуна аст? Гуфтам: мехоҳад вазъи ҳамл намояд. Фармуд: чун вазъ намуд, коре накун, то тифлро пеши ман биёварӣ. Пас, чун Фотима фориғ шуд, тифлро дар порчае зард ниҳодам. Муддате баъд ҳазрати Паёмбар (с) омад ва пурсид, ки ӯ чӣ гуна аст? Гуфтам: фориғ шуд ва ман нофи баччаро буридам ва дар порчае зард печидам. Паёмбар (с) фармуд: ба ҳарфи ман гӯш накардӣ? Гуфтам: ба Худо паноҳ мебарам аз мухолифат бо ӯ ва Расулаш! Ин корро аз он рӯ кардам, ки чун чорае набуд. Паёмбар (с) фармуд: кӯдакро назди ман биёвар. Кӯдакро хидматаш бурдам, ҳазрат порчаи зардро бардошт ва ӯро дар порчае сафед печид ва аз оби даҳони муборакаш ба даҳони тифл зад ва фармуд, Алиро садо кун! Ман Алиро садо кардам. Чун омад, ҳазрати Паёмбар (с) фармуд: исми ин тифлро чӣ гузоштаӣ, эй Алӣ? Алӣ гуфт: ӯро Ҷаъфар номидам. Паёмбар фармуд: на, ӯ Ҳасан аст ва баъд аз ӯ Ҳусайн, ва ту Абулҳасани хайр ҳастӣ.” (Таърихи Димишқ, 13/168, Ашшомила)
2) Муҳаббат ва алоқаи Паёмбар (с) ба Имом Ҳасан:
Ибни Асокир бо санад аз Абдуллоҳ, ғуломи Зубайр, овардааст, ки гӯяд:
قال: تذاكرنا من أشبه النبي (صلى الله عليه وسلم) من أهله، فدخل علينا عبد الله بن الزبير فقال: أنا أحدثكم بأشبه أهله إليه وأحبهم إليه الحسن بن علي رأيته يجئ وهو ساجد فيركب رقبته، أو قال: ظهره، فما ينزله حتى يكون هو الذي ينزل ولقد رأيته يجئ وهو راكع فيفرج له بين رجليه حتى يخرج من الجانب الآخر، وقال فيه الرسول الله (صلى الله عليه وسلم): إنه ريحانتي من الدنيا وان ابني هذا سيد وعسى الله أن يصلح به بين فئتين من المسلمين، وقال: اللهم إني أحبه فأحبه وأحب من يحبه
“Дар ҷамъе машғули сӯҳбат аз шабеҳтарини мардум ба Паёмбар (с) будем, ки Абдуллоҳ писари Зубайр ворид шуд ва гуфт: ман бароятон мегӯям чӣ касе шабеҳтарини аҳли манзилаш ва маҳбубтарини онҳо назди Паёмбар (с) буд. Ӯ Ҳасан ибни Алӣ буд, он чунон, ки рӯзе дидам Паёмбар (с) дар ҳоли саҷда буд ва ӯ (Ҳасан) бар пушти Паёмбар (с) савор шуд. Ҳазрат ӯро поин наёвард, то ин ки худаш поин омад. Ва рӯзе ҳам дидам, ки Паёмбар (с) дар ҳоли рукӯъ буд ва поҳояшро аз ҳам бозмекард ва Ҳасан аз миёни онҳо мерафт. Ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи Ҳасан фармуд: ӯ райҳонаи ман аз дунёст, ва ин писари ман сарвар аст ва дуо мекунам, ки Худованд ба воситаи ӯ миёни ду гурӯҳ аз мусалмонон оштӣ биандозад. Ва Паёмбар (с) фармуд: Худоё! Ман ӯро дӯст медорам, пас ту ҳам дӯсташ бидор ва ҳар касеро ҳам, ки ӯро дӯст бидорад вайро низ дӯст дор!” (Таърихи Димишқ, 13/176, Ашшомила)
Ҳоким бо санад аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки гӯяд:
أقبل النبي صلى الله عليه وسلم و هو يحمل الحسن بن علي على رقبته، قال: فلقيه رجل فقال: نعم المركب ركبت يا غلام! قال: فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم: ونعم الراكب هو
“Рӯзе дидам Паёмбар (с) меояд дар ҳоле, ки Ҳасанро бар гардани хеш савор карда буд. Марде ӯро дид ва гуфт: аҷаб маркаби хубе дорӣ, писарҷон! Паёмбар (с) фармуд: ӯ ҳам чӣ савораи хубест!” (Мустадрак, 3/186, Ашшомила)
Ин нукта ҳам қобили зикр аст, ки баъзеҳо алоқа ва муҳаббати беш аз андозаи ҳазрати Паёмбар (с) ба Имом Ҳасан ва ҳамчунин бародараш Имом Ҳусайнро тафсир мекунанд ба ин ки чун ин ду наберагонаш буданд ва ҳар падарбузурге ба набераҳояш алоқа дорад. Аммо ин пиндор дуруст нест. Алоқа ва муҳаббати он ҳазрат ба он ду бузургвор беш аз он, ки ба хотири робитаи падару писарӣ бошад, ношӣ аз мақому манзилати он ду дар пешгоҳи Худованди Мутъаол аст. Имом Аҳмад бо санад аз Абӯсаъиди Худрӣ ривоят мекунад, ки гӯяд:
قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: الحسن والحسين سيدا شباب أهل الجنة
Паёмбар (с) фармудааст: “Ҳасан ва Ҳусайн ду сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд.” (Муснади Аҳмад, 3/3, Ашшомила)
Ҳамчунин Ибни Асокир бо санад аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят мекунад, ки гӯяд: Паёмбар (с) фармуданд:
ان فاطمة وعليا والحسن والحسين في حظيرة القدس في قبة بيضاء سقفها عرش الرحمن
“Ҳамоно Фотима ва Алӣ ва Ҳасан ва Ҳусайн дар биҳишти барин дар қуббае нуронӣ ҳастанд, ки сақфи он арши Худованди Раҳмон аст.” (Таърихи Димишқ, 13/229, Ашшомила)
Ҳоким бо санад аз Салмони Форсӣ (р) овардааст, ки гӯяд:
سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: الحسن والحسين ابناي من أحبهما أحبني ومن أحبني أحبه الله ومن أحبه الله أدخله الجنة ومن أبغضهما أبغضني ومن أبغضني أبغضه الله ومن أبغضه الله أدخله النار
Аз ҳазрати Паёмбар (с) шунидам, ки мефармуд: “Ҳасан ва Ҳусайн писарони ман ҳастанд; ҳар ки дӯсташон бидорад, маро дӯст дошта, ва ҳар ки маро дӯст бидорад, Худо ӯро дӯст дорад, ва ҳар ки Худо дӯсташ бидорад, вориди биҳишташ мекунад. Ва ҳар ки он дуро ба хашм оварад, маро ба хашм оварда, ва ҳар ки маро ба хашм оварад, Худоро ба хашм овардааст ва ҳар ки Худоро ба хашм оварад, ӯро дохил дар оташ мекунад.” (Мустадрак, 3/181, Ашшомила)
3) Шаммае аз фазоили Имом Ҳасан:
Имом Ҳасан борҳо пиёда ба ҳаҷ рафтааст. Ибни Асокир бо санад нақл мекунад, ки Имом Ҳасан мегуфт:
إني استحيي من ربي عز و جل أن القاه ولم امش إلى بيته. قال: فمشى عشرين مرة من المدينة على رجليه
“Ман аз парвардигорам шарм медорам аз ин ки ӯро мулоқот кунам дар ҳоле, ки ба сӯйи хонаи ӯ гом барнадошта бошам. (Ровӣ) гӯяд: Имом Ҳасан 20 бор бо пойи пиёда аз Мадина ба ҳаҷ рафтааст.” (Таърихи Димишқ, 13/242, Ашшомила)
Ва ҳам ӯ аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки гӯяд:
ما ندمت على شئ فاتني في شبابي إلا أني لم أحج ماشيا ولقد حج الحسن بن علي خمسا وعشرين مرة ماشيا
“Ман бар ҳеч чизе, ки дар ҷавониам рафт пушаймон нашудам магар бар як чиз, ва он ин ки пиёда ба ҳаҷ нарафтам. Ҳасан ибни Алӣ 25 бор бо пойи пиёда ба ҳаҷ рафт.” (Ҳамон манбаъ)
Имом Ҳасан бисёр ҳалиму бурдбор буд. Билозарӣ овардааст, ки Марвон ибни Ҳакам, ки бо Имом Ҳасан душманӣ меварзид ва ҳатто монеъ аз дафни ӯ дар канори қабри ҳазрати Паёмбар (с) шуд, дар ташйеъи ҷанозаи Имом ширкат кард ва зери тобутро гирифт. Вақте ба ӯ эътироз шуд, ки ту Ҳасан ибни Алиро дар замони ҳаёташ меозурдӣ, гуфт: ман касеро меозурдам, ки ҳилму бурдбориаш ҳамсанги кӯҳҳо буд. (Ансобул-ашроф, 3/67, Ашшомила)
Ҳамчунин ривоят шудааст, ки як марди шомӣ Имом Ҳасанро дид ва шурӯъ ба носазогӯӣ кард. Имом Ҳасан пас аз он ки он мард сокит шуд, ба ӯ салом кард ва бо лабханд гуфт: гӯё дар ин шаҳр ғариб ҳастӣ. Сипас ба ӯ гуфт, ҳар ниёзе, ки дошта бошӣ, мо бароварда мекунем. Он мард гирист ва гуфт: Худо беҳтар медонад рисолаташро куҷо қарор диҳад. (Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб, 4/19)
Имом Ҳасан бо зердастон бо фурӯтанӣ бархӯрд мекард. Ибни Шаҳрошӯб овардааст, рӯзе гузари Имом Ҳасан ба тиҳидастоне афтод, ки тиккаҳое нон мехӯрданд. Вақте ӯро диданд, даъваташ карданд, то бо онон ҳамсуфра шавад. Ӯ аз асб пиёда шуд ва ҳамроҳи онон нон хӯрд ва ҳамагӣ сер шуданд. Сипас ононро ба меҳмонии худ даъват кард ва ба онон ғизо ва либос бахшид. (Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб, 4/23)
4) Хилофати Имом Ҳасан:
Ибни Асокир дар “Таърих Димишқ” мегӯяд: замоне, ки Алӣ ба шаҳодат расид, аҳли Куфа бо Ҳасан ибни Алӣ байъат карданд. (13/261) Вай байъаткунандагонро 90 ҳазор нафар донистааст. (Ҳамон, 13/273) Ибни Халдун низ мегӯяд: замоне ки Алӣ ба шаҳодат расид, мардум бо фарзандаш Ҳасан байъат намуданд ва аввалин касе, ки бо ӯ байъат кард Қайс ибни Саъд буд. (Таърихи Ибни Халдун, 2/648) Бино бар ин нақл, оғози хилофати эшон бо байъати яке аз саҳобаи Паёмбар (с) будааст. Дар бархе аз нақлҳо, оғози байъатро даъвати Абдуллоҳ ибни Аббос донистаанд.
Албатта, бино бар нақли Ибни Касир дар “Албидоя ван-ниҳоя”, Алӣ ба хилофати Имом ҳасан васият намуда ва мардум ҳам бо эшон байъат кардаанд. (6/249)
5) Шаҳодати Имом Ҳасан:
Ҳоким ба санад аз Умми Бакр нақл карда, ки гӯяд:
کان الحسن بن علىّ سمّ مراراً، کل ذلک یفلت حتى کانت المرّة الأخیرة الّتی مات فیها، فإنّه کان یختلف کبده
“Ҳасан ибни Алӣ чандин бор самм (заҳр) дода шуд, вале бо онҳо муқобила кард ва аз онҳо раҳоӣ ёфт, то он ки дар мартибаи охир, ки ба тавассути он аз дунё реҳлат намуд, заҳре буд, ки ба ҷигараш исобат намуд.” (Мустадрак, 3/173)
Ибни Асокир ба санад аз Муҳаммад ибни Саломи Ҷумаҳӣ нақл карда, ки гӯяд:
كانت جعدة بنت الأشعث بن قيس تحت الحسن بن علي فدس إليها يزيد أن سمي حسنا أني مزوجك ففعلت فلما مات الحسن بعثت إليه جعدة تسأل يزيد الوفاء بما وعدها فقال أنا والله ولم نرضك للحسن فنرضاك لأنفسنا
“Ҷаъда духтари Ашъас ибни Қайс ҳамсари Ҳасан ибни Алӣ буд. Язид ӯро таҳрик карда, гуфт: агар Ҳасанро заҳр диҳӣ, ман бо ту издивоҷ хоҳам кард. Ӯ чунин кард. Ва баъд аз вафоти Ҳасан Ҷаъда касеро ба назди Язид фиристод, ки ба ваъдааш вафо кунад. Язид гуфт: ба Худо савганд! Ман розӣ набудам, ки ҳамсари Ҳасан бошӣ, чӣ гуна розӣ шавам, ки ҳамсари мо бошӣ?!” (Таърихи Димишқ, 13/284, Ашшомила)
Ва ҳам ӯ бо санад аз Абӯҳозим нақл карда, ки гӯяд:
لما حضر الحسن قال للحسين: ادفنوني عند أبي يعني النبي (صلى الله عليه و سلم)… فإن خفتم الدماء فلا تهريقوا في دما، ادفنوني عند مقابر المسلمين
“Ҳангоме ки замони реҳлати Ҳасан расид, ба бародараш Ҳусайн фармуд: маро дар канори қабри падарам яъне Паёмбар (с) дафн кунед, магар он ки аз хунрезӣ битарсед, дар ин сурат, мувозиб бошед, ки ба хотири ман хуне бар замин рехта нашавад, маро канори қабрҳои мусалмонон дафн кунед. (Таърихи Димишқ, 13/288, Ашшомила)
Ҳамчунин Ибни Асокир бо санад нақл мекунад, ки Абӯҳурайра дар замони дафни Имом Ҳасан мегуфт:
قاتل الله مروان قال والله ما كنت لأدع ابن أبي تراب يدفن مع رسول الله وقد دفن عثمان بالبقيع فقلت يا مروان اتق الله ولا تقل لعلي إلا خيرا فأشهد لسمعت رسول الله (صلى الله عليه و سلم) يقول يوم خيبر: لأعطين الراية رجلا يحبه الله ورسوله ليس بفرار وأشهد لسمعت رسول الله (صلى الله عليه و سلم) يقول في حسن: اللهم أني أحبه فأحبه وأحب من يحبه. قال مروان: إنك والله اكثرت على رسول الله (صلى الله عليه و سلم) الحديث فلا نسمع منك ما تقول فهلم غيرك يعلم ما تقول؟ قال: قلت: هذا أبو سعيد الخدري. قال مروان: لقد ضاع حديث رسول الله (صلى الله عليه و سلم) حين لا يرويه إلا أنت وأبو سعيد الخدري، والله ما أبو سعيد الخدري يوم مات رسول الله (صلى الله عليه و سلم) إلا غلام ولقد جئت أنت من جبال دوس قبل وفاة رسول الله (صلى الله عليه و سلم) بيسير فاتق الله يا أبا هريرة
“Худо бикушад Марвонро, ки гуфта, ман намегузоштам, ки фарзанди Абӯтуроб дар канори Паёмбар (с) дафн шавад, ҳол он ки Усмон дар Бақеъ мадфун аст. Ба Марвон гуфтам: эй Марвон! Аз Худо битарс, дар бораи Алӣ ҷуз нек магӯй, зеро ман шаҳодат медиҳам, ки Расули Худо (с) дар рӯзи Хайбар (дар бораи Алӣ) фармуд: парчамро ба дасти касе медиҳам, ки Худо ва расулаш ӯро дӯст дорад, ӯ гурезанда нест. Ва ҳам шаҳодат медиҳам, ки Паёмбар (с) дар бораи Ҳасан фармуд: Худоё! Ман ӯро дӯст дорам, пас ӯро дӯст бидор ва ҳар касеро ҳам, ки ӯро дӯст дорад, дӯст бидор! Марвон гуфт: ту, ба Худо, дар нақли ҳадис аз Паёмбар (с) зиёдаравӣ кардӣ, оё касе дигар ҳаст, ки чунин ҳадисеро бидонад? Гуфтам: бале, Абӯсаъиди Худрӣ. Марвон гуфт: ҳадиси Паёмбар (с) зойеъ шуд вақте ривояткунандааш ту ва Абӯсаъид бошанд. Ба Худо, Абӯсаъид замоне ки Паёмбар (с) вафот ёфт синне надошт ва ту ҳам, ки каме пештар аз замони вафоти Паёмбар (с) аз кӯҳҳои Дус омадӣ, пас, аз Худо битарс, эй Абӯҳурайра!..” (Таърихи Димишқ, 13/288, Ашшомила)
Қаламонлайн