Ин чӣ урфи зиште аст!

Таҳлили хабарӣ

Ин чӣ урфи зиште аст!

Ёддоште аз Сайидюнус Истаравшанӣ

Дар Тоҷикистон як урфи бисёр зишт роиҷ аст; урфе, ки ҳамагон – аз давлатмардон бигир то шаҳрвандони оддӣ – гӯӣ пазируфтаанд ва оддиаш медонанд ва аз ин рӯ аҳадеро дар ҷомеа пайдо намекунед, ки ин урфро ба чолиш бикашад ва бигӯяд: дигар бас аст!

Ва ин урфи зишт ва нописанд, ки ҳамагон ингор қабулаш доранд, иборат аз ин аст, ки агар шумо Худой нокарда “ҷурме” муртакиб шавед – албатта ҷурм аз нигоҳи ҳукумат – дар ин сурат, падару модари шумо ва ё хоҳару бародари шумо низ муқассир талаққӣ мешаванд ва аз ин рӯ сазовори муҷозот ҳастанд ва ҳукумат ҳақ дорад онҳоро ба зиндон афканад, чӣ шумо ноболиғ бошед ва чӣ болиғ. Яъне агар шумо ба унвони мисол 50 солатон аст ва “ғалате” кардаед, бародари шумо ба хотири он “ғалат”, бояд шаллоқ бихӯрад.

Шавкати Муҳаммад, фаъоли сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик, ки маъруф аст ва ниёз ба таъриф надорад, бародаре дорад ба номи Аслиддин, ки дар Русия мисли садҳо ҳазор ҷавони тоҷик ба дунболи пайдо кардани луқмаи ноне буд ва дар ин кишвар кор мекард. Ӯро дар сентябри соли 2022 дар ин кишвар дастгир ва ба дархости мақомоти тоҷик ба Тоҷикистон истирдод ва сипас бидуни ҳузури аҳаде додгоҳиаш карданд ва ҳаминак бандаи Худо ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст.

Аслиддин, ҳамон тавре ки арз шуд, ҳеч ҷурму ҷинояте муртакиб нашуда ва айбаш танҳо ин аст, ки бо Шавкат аз як падару модар мутаваллид шудааст. Вагарна додгоҳи ӯ бо ҳузури наздиконаш баргузор ва эълон мешуд, ки ӯ масалан ба хотири ин ғалат ё он ғалат мустаҳиққи маҳрумият аз озодӣ ба муддати 12 сол аст, на ин ки бидуни ҳузури аҳаде додгоҳӣ шавад ва ҳатто аҷинна надонанд, ки бандаи Худо ба чӣ ҷурме 12 сол равонаи зиндон мешавад.

Умедворем, ин урф ва ин қонуни нонавишта аз кишвари мо рахт барбандад ва аҳаде посухгӯи рафтору кирдори бародари 80 солаи худ набошад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон
Пытки и издевательства над осужденными в Таджикистане стали привычным делом и носят системный характер

Матолиби пурбоздид