Инсон ва озодихоҳӣ

Инсон ва озодихоҳӣ
Бахши аввал
Садоқат
Бо ин ки ғолиби андешаҳои Ничше ва ё Бертран Рассел ё масалан Албер Камюро аз асос нодуруст медонам, вале садоқати инон дар андешае, ки пазируфтаанд ва фалсафае, ки дуруст мешуморанд, ҳамеша бароям шоистаи таҳсин будааст. Имтиёзи ин донишмандон аз соири ҳамтоёни файласуфашон дар ин аст, ки онҳо, ба лавозими андеша ва фалсафае, ки дуруст медонистанд пойбанд буданд, ба хилофи бисёре аз фалосифаи материалист ва моддӣ.
Масалан, Ничше, ки як моддигаро ба тамоми маънои калима аст ва барои ахлоқе мисли тавозӯъ ва ё тараҳҳум ё адолат ва ғайра, решаи фитрӣ қоил нест, ӯ ин рафторҳоро беасос ва сохта ва пардохтаи табақаи маҳруми ҷомеа ва заъифону нотавонҳо барои ҷалби қудратмандон медонад. Ва ё Албер Камю, ки ҳастиро ҳечу пуч медонад ва барои он ҳадафе қоил нест, худкуширо некӯтарин роҳ барои раҳоӣ аз ранҷу машаққатҳои ҷаҳон мешуморад ва амалан низ даст ба худкушӣ задааст.
Ва дар ҳақиқат, касе, ки воқеан материалист аст ва ҳастиро бо модда мусовӣ медонад ва ғайри моддаро ҳечу пуч мешуморад, бояд ба лавозими ин андеша пойбанд бошад. На ин ки одам масалан мӯътақид бошад, ки ҳастӣ мусовӣ бо модда аст ва ҳар чи ба ҳавосс дарнаёяд, вуҷуд надорад ва хаёле беш нест, амалан аммо пойбанд ба чизҳое бошад, ки аз қаламрави модда хориҷанд. Ин, як навъ таноқуз аст. Албатта, дар ёддошти баъдӣ хоҳам гуфт, ки чаро ин андешамандон бо ин ки ба лиҳози назарӣ, ғайри моддаро ҳеҷу пуч медонанд, вале дар амал мебинед, суханоне аз онҳо содир мешавад, ки ҳокӣ аст онҳо гӯӣ қоил ба моварои модда ҳастанд.
Ба унвони мисол, озодихоҳӣ ва мубориза барои он то пойи ҷон додан. Аз назари як материалист, он чи воқеият дорад, вуҷудаш ё моддӣ аст ва ё ҳадди ақал, қобили исботи илмӣ. Аз назари ӯ, инсон фарқаш бо як чорпо дар ин аст, ки инсон мавҷуде комилтар аст. Яъне, ҳамон тавр ки ҳайвоне мисли асп комилтар аз як набот аст (чун ҳайвон, ба иловаи он ки ҷисми номӣ аст, мутаҳаррик ба ирода низ аст, ба хилофи як растанӣ, ки номӣ аст, вале мутаҳаррик ба ирода нест), ҳамин тавр инсон низ фарқаш бо асп дар ин аст, ки ақл дорад, вале асп аз он бебаҳра. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, уфуқи хостаҳои инсон бояд ҳамон уфуқи хостаҳои як асп бошад, яъне хӯрдан, хобидан, омезиши ҷинсӣ кардан, маскан гузидан ва амсоли он. Бале, инсон ба хилофи як асп, дорои ақл ҳам ҳаст, аз ин рӯ хӯрданиҳояш мутанаввеътар ва беҳтар аз як асп аст, масканаш некӯтар аз як оғил аст, омезиши ҷинсиаш беҳтар аз асп аст.
Хуб, бо таваҷҷӯҳ ба ин, аз назари як материалист, озодихоҳӣ яъне чӣ? Оё чизе хӯрданист? Пӯшиданӣ аст? Хулоса, оё як чизи моддӣ аст, ки барои инсон бояд муҳим бошад мисли хӯрдан? Ба ҳадде, ки одам дар роҳи он, ҳозир бошад хештанро ба куштан диҳад?
Аммо ин ки материалист фитратан ва виҷдонан озодихоҳиро як чизи боарзише меёбад, ба гунае ки ҳозир аст дар роҳи он ҷон диҳад, чароии ин масъала баҳсаш ҷудост, дар қисмати баъдии ёддошт ба ин нукта ишора хоҳам кард, иншоаллоҳ!
Идома дорад…
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷомеа бар панҷ гурӯҳанд
Иди Қурбон муборак!!!

Матолиби пурбоздид