Ироқчӣ: Ҳамеша аз меҳвари муқовимат ҳимоят мекунем
Ахбори байналмилал
Аббос Ироқчӣ дар мусоҳиба бо Fox News: “Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо барои як ҳадафи одилона меҷанганд ва мо ҳамеша аз онҳо ҳимоят карда ва мекунем”.
Бахше аз мусоҳибаи Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон бо шабакаи омрикоии Fox News:
Fox News: Шумо дар ҳоли таъмини таслеҳот, паҳпод ва мушак ба Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Ҳусиҳо ҳастед. Ҳусиҳо ба самти киштиҳои омрикоӣ ва байналмилалӣ шиллик мекунанд. Иқдомоти Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ, фориғ аз ин ки ангезаи онҳоро чӣ биномед, боиси марг мешавад. Ва шумо аз ҳамаи ин гурӯҳҳо ҳимоят мекунед.
Аббос Ироқчӣ: Хуб, ман муқоиса намекунам, аммо медонед, он чи шумо гуфтед, дақиқан ҳамон коре аст, ки омрикоиҳо ва исроилиҳо анҷом медиҳанд. Иёлоти Муттаҳида бо анвоъи силоҳҳо, силоҳҳои пешрафта, аз Исроил ҳимоят кардааст, то мардумро дар Фаластин, дар Ғазза, дар канораи Бохтарӣ, дар Лубнон, дар Сурия, акнун дар Эрон ва дап Яман бикушанд. Мо мӯътақидем, ки он муборизони роҳи озодӣ – Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо, барои як ҳадафи одилона меҷанганд. Ва мо ҳамеша аз онҳо ҳимояти сиёсӣ кардаем ва ба равишҳои дигар низ ҳимоят кардаем. Зеро фикр мекунем, ҳамон тавр ки гуфтам, барои чизе комилан машрӯъ меҷанганд.
Қаламонлайн