Ирсоли паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба Владимир Путин
Ахбори байналмилал
Ба иттилои РИА Новости, Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо сафари расмӣ ба Маскав паёми муҳимми Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ, Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, расонд.
Гуфта мешавад, ки муҳтавои ин паём ҳанӯз расман нашр нашудааст, аммо манобеи наздик ба музокирот онро дорои аҳамияти стратегӣ ва марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба медонанд.
Ин сафар дар шароите анҷом гирифт, ки Эрон ва Русия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ ҳамкориҳои наздик доранд ва дар заминаи таҳаввулоти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Ғазза ва Украина, мавозеи ҳамсонро иброз медоранд.
Манобеи иттилоотӣ мегӯянд, ки дар мулоқоти Маскав масоили ҳамкорӣ дар доираи Эътилофи Шимолӣ, тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии мавозеъ дар созмонҳои байналмилалӣ ва тавсиаи иртиботҳои амниятӣ низ баррасӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки паёми Роҳбари Эрон метавонад оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои стратегӣ миёни Теҳрон ва Маскав бошад.
qalamonline.net
Қаламонлайн