Ирфон ва ориф дар баёни Абуалӣ ибни Сино
Ориф аз забони Абӯалӣ ибни Сино
(Шарҳе мухтасар бар “Мақомот ул-орифин”-и Абӯалӣ ибни Сино ба қалами устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)
Бӯалӣ файласуф аст, на ориф, вале як файласуфи хушк нест, махсусан дар охирҳои умраш тамоюлоти ирфонӣ пайдо карда ва дар “Ишорот” — ки зоҳиран охирин асараш аст — фаслеро ба “Мақомот ул-орифин” ихтисос додааст. Мо тарҷеҳ медиҳем, ки ба ҷои ин ки аз китобҳои урафо чизе нақл кунем, хулосае аз ин фасл, ки фавқулъода зебо ва олист, биёварем:
تعريف المعرض عن متاع الدنيا وطيباتها يخص باسم الزاهد، والمواظب على فعل العبادات من القيام والصيام ونحوهما يخص باسم العابد، والمتصرف بفكره الى قدس الجبروت مستديما لشروق نور الحق فى سره يخص باسم العارف وقد يتركب بعض هذه مع بعض
“Он ки аз танаъуми (баҳраҳои) дунё рӯй гардондааст, зоҳид номида мешавад. Он ки бар анҷоми ибодот аз қабили намозу рӯзаву ғайра мувозибат дорад, ба номи обид хонда мешавад. Ва он ки замири худро аз таваҷҷӯҳ ба ғайри Ҳақ боздошта ва мутаваҷҷеҳи олами қудс карда, то нури Ҳақ бад-он битобад, ба номи ориф шинохта мешавад. Албатта гоҳе ду то аз ин ановин ё ҳар се дар як нафар ҷамъ мешавад.”
Агарчи Бӯалӣ дар ин ҷо зоҳиду обиду орифро таъриф кардааст, вале зимнан зуҳду ибодату ирфонро низ таъриф кардааст. Зеро таърифи зоҳид ва обид ва ориф мусталзими таърифи зуҳду ибодату ирфон аст. Пас, натиҷаи матлаб ин мешавад, ки зуҳд дар ибодат иборат аст аз эъроз (рӯй гардонан) аз муштаҳаёти (хоҳишҳои) дунёӣ, ва ибодат иборат аст аз анҷоми аъмоли хоссе аз қабили намозу рӯзаву тиловати Қуръону амсоли инҳо, ва ирфон иборат аст аз мунсариф сохтани зеҳн аз ғайри Аллоҳ ва таваҷҷӯҳи комил ба зоти Ҳақ барои тобиши нури Ҳақ бар қалб.
Ба нуктае муҳим дар ҷумлаи ахир ишора шудааст, ва он ин ки “гоҳе баъзе аз инҳо бо баъзеи дигар мураккаб мешаванд”, пас мумкин аст, ки фард дар они воҳид ҳам зоҳид бошад ва ҳам обид, ва ё ҳам обид бошад ва ҳам ориф, ва ё ҳам зоҳид бошад ва ҳам ориф, ва ё ҳам зоҳид бошад ва ҳам обид ва ҳам ориф, вале Шайх (Бӯалӣ) тавзеҳе надодааст. Албатта манзураш ин аст, ки ҳарчанд мумкин аст фард зоҳиду обид бошад, аммо ориф набошад, вале мумкин нест, ки ориф бошад ва зоҳиду обид набошад.
Тавзеҳи матлаб ин аст, ки миёни зоҳиду обид, умуму хусуси мин ваҷҳ аст, (яъне) мумкин аст фарде зоҳид бошад обид набошад, ва ё обид бошад ва зоҳид набошад, ва ё ҳам обид бошад ва ҳам зоҳид чунон ки ҳамаи инҳо возеҳ аст. Вале миёни ҳар як аз зоҳиду обид бо ориф умуму хусуси мутлақ аст, яъне ҳар орифе зоҳиду обид ҳаст, вале ҳар зоҳид ва ё обиде ориф нест.
Албатта дар қисмати баъд гуфта хоҳад шуд, ки зуҳди ориф бо зуҳди ғайриориф ду фалсафа дорад. Фалсафаи зуҳди зоҳиди ғайриориф як чиз аст, ва фалсафаи зуҳди зоҳиди ориф чизе дигар аст, ҳамчунон ки фалсафаи ибодати ориф як чиз аст, ва фалсафаи ибодати ғайриориф чизе дигар аст, балки руҳу моҳияти зуҳди ориф ва ибодати ориф, бо руҳи моҳияти зуҳду ибодати ғайриориф мутафовит аст.
الزهد عند غير العارف معاملة ما كأنه يشترى بمتاع الدنيا متاع الآخرة، وعند العارف تنزه ما عما يشغل سره عن الحق وتكبر على كل شىء غير الحق. والعبادة عند غير العارف معاملة ما كأنه يعمل فى الدنيا لاجرة يأخذها فى الآخرة هى الأجر والثواب، وعند العارف رياضة مالهممه وقوى نفسه المتوهمة والمتخيلة ليجرها بالتعويد عن جناب الغرور الى جناب الحق
“Зуҳди ғайриориф навъе доду ситад аст, гӯӣ колои дунёро медиҳад, ки колои охиратро бигирад, аммо зуҳди ориф навъе покиза нигаҳ доштани дил аст аз ҳар чи дилро аз Худо боздорад. Ибодати ғайриориф низ навъе муомила аст аз қабили кор кардан барои музд гирифтан, гӯӣ дар дунё муздурӣ мекунад, ки дар охират музди хешро, ки ҳамон аҷру савобҳост дарёфт кунад. Аммо ибодати ориф навъе тамрину варзиши руҳ барои инсироф аз олами ғурур ва таваҷҷӯҳ ба соҳати Ҳақ аст, то бо такрори ин тамрин бад-он сӯ кашида шавад.”
العارف یرید الحق الاول لا لشىء غیره ولا یؤثر شیئا على عرفانه وتعبده له فقط لانه مستحق للعبادش ولانها نسبة شریفة الیه لا لرغبة أو رهبة
“Ориф Ҳақ (Худо)-ро мехоҳад на барои чизе ғайри Ҳақ, ва ҳеч чизро бар маърифати Ҳақ тарҷеҳ намедиҳад ва ибодаташ Ҳақро танҳо ба хотири ин аст, ки ӯ шоистаи ибодат аст, ва бад-он ҷиҳат аст, ки ибодат робитаест шариф (ба худии худ), на ба хотири майлу тамаъ дар чизе ё тарс аз чизе.”
Мақсуд ин аст, ки ориф аз назари ҳадаф “муваҳҳид” аст; танҳо Худоро мехоҳад ва лекин ӯ Худоро ба воситаи неъматҳои дунявӣ ва ё ухравиаш намехоҳад, зеро агар чунин бошад, матлуби ӯ ин неъматҳост ва Худо муқаддима ва васила аст, пас маъбуду матлуби ҳақиқӣ ҳамон неъматҳо ҳастанд ва дар ҳақиқат маъбуду матлуби ҳақиқӣ нафс аст, зеро он неъматҳоро барои ирзои нафс мехоҳад. (Аммо) ориф ҳар чиро бихоҳад, ба хотири Худо мехоҳад. Ӯ агар неъматҳои Худоро мехоҳад, аз он ҷиҳат мехоҳад, ки он неъматҳо аз ноҳияи ӯст ва инояти ӯст, каромат ва лутфи ӯст. Пас, ғайриориф Худоро ба хотири неъматҳояш мехоҳад ва ориф неъматҳои Худоро ба хотири Худо мехоҳад.
Ин ҷо пурсише пеш меояд, ки агар ориф Худоро барои чизе намехоҳад, пас чаро ӯро ибодат мекунад? Магар на ин аст, ки ҳар ибодате барои манзуре аст? Шайх посух медиҳад, ки ҳадафи ориф ва ангезаи ориф бар ибодат, яке аз ду чиз аст. Яке, шоистагии зотии маъбуд барои ибодат, яъне аз он ҷиҳат ӯро ибодат мекунад, ки ӯ шоистаи ибодат аст, назири ин ки инсон камоле дар шахсе ё шайъе мебинад ва ӯро мадҳу ситоиш мекунад. Агар бипурсанд ангезаи ту аз ин ситоиш чист? Ин ситоиш барои ту чӣ фоидае дорад? Мегӯяд: “Ман ба тамаъи фоидае аз ин шахс ё аз ин шайъ ситоиш накардам, фақат аз ин ҷиҳат ситоишаш кардам, ки ӯро баҳақ лоиқи ситоиш дидам.” Ҳамаи таҳсинҳои қаҳрамонон дар ҳар риштае, аз ин қабил аст.
Ҳадафи дигари ориф аз ибодат, шоистагии худи ибодат яъне шарофат ва ҳусни зотии ибодат аст. Ибодат аз он ҷиҳат, ки нисбат ва иртиботест миёни банда ва Худо, корест дар хӯри анҷом додан. Пас, лозим нест, ки илзоман ҳар ибодате ба хотири тамаъе ё тарсе бошад. Ҷумлаи маъруфе аз Алӣ алайҳис-салом нақл шудааст, ки:
الهى ما عبدتک خوفا من نارک ولا طمعا فى جنتک بل وجدتک اهلا للعبادش فعبدتک
(“Худоё! Туро на аз тарси дӯзахат парастидам ва на ба тамаъи биҳиштат, балки туро шоистаи парастиш ёфтам, пас бипарастидамат.”), ибодат ба хотири шоистагии маъбудро баён мекунад.
Урафо рӯи ин матлаб зиёд такя мекунанд, ки агар ҳадаф ва матлуби инсон дар зиндагӣ ва ё дар хусуси ибодот, ғайр аз зоти Ҳақ чизе бошад, навъе ширк аст. Ирфон сад дар сад бар зидди ин ширк аст. Дар ин замина суханҳои латифи бисёр гуфтаанд. Мо дар ин ҷо ба тамсиле олӣ ва латиф, ки Саъдӣ дар “Бӯстон” зимни достоне аз Маҳмуди Ғазнавӣ ва Аёз овардааст, қаноат мекунем:
Яке хӯрда бар шоҳи Ғазнин гирифт,
Ки ҳусне надорад Аёз, эй шигифт!
Гулеро, ки на ранг бошад, на бӯй,
Ғариб аст савдои булбул бар ӯй.
Ба Маҳмуд гуфт ин ҳикоят касе,
Бипечид аз андеша бар худ басе,
Ки ишқи ман, эй хоҷа, бар хӯйи ӯст,
На бар қаду болои некӯйи ӯст.
Шунидам, ки дар тангное шутур
Бияфтоду бишкаст сандуқи дур.
Ба яғмо малик остин барфишонд
В-аз он ҷо ба таъҷил маркаб биронд.
Саворон пайи дурру марҷон шуданд,
Зи султон ба яғмо парешон шуданд.
Намонд аз вушоқони гарданфароз
Касе дар қафои малик ҷуз Аёз.
Нигаҳ кард, к-эй дилбари печ-печ,
Зи яғмо чй овардаӣ? Гуфт: ҳеч
Ман андар қафои ту метохтам,
Зи хидмат ба неъмат напардохтам.
Саъдӣ пас аз овардани ин достон, манзури аслии худро ин тавр баён мекунад:
Гарат қурбате ҳаст дар боргоҳ,
Ба хилъат машав ғофил аз подшоҳ.
Хилофи тариқат бувад, к-авлиё
Таманно кунанд аз Худо ҷуз Худо.
Гар аз дӯст чашмат ба эҳсони ӯст,
Ту дар банди хешӣ, на дар банди дӯст.
Идома дорад…
Қаламонлайн