Искандари гуҷастак ва Эронзамин

Таърих

 

Искандари гуҷастак ва Эронзамин

Искандари гуҷастак (гуҷастак ба маънои малъун, ҳамон Искандари Мақдунӣ) пеш аз ҳамла ба Эрон дармонда буд ва аз худ мепурсид, ки чӣ гуна бояд бар мардуме, ки аз мардуми ман бештар мефаҳманд ҳукумат кунам?

Яке аз мушовиронаш гуфт:

— Китобҳояшонро бисӯзон, бузургону хирадмандонашонро бикуш ва дастур бидеҳ, ба занонашон таҷовуз кунанд.

Аммо яке дигар аз мушовиронаш гуфт:

— Ниёзе ба чунин коре нест. Аз миёни мардуми он сарзамин онҳоеро, ки намефаҳманд ва камсаводанд, ба корҳои бузург бигумор ва аммо онҳоеро, ки мефаҳманд ва босаводанд, ба корҳои кучаку паст. Бесаводҳо ва нафаҳмҳо ҳамеша шукргузори ту хоҳанд буд ва ҳеч гоҳ тавоноии туғён нахоҳанд дошт. Фаҳмидаҳо ва босаводҳо ҳам, ё аз кор хаста мешаванд ва маҷоле барои фикр кардан пайдо намекунанд ва ё ба сарзаминҳои дигар кӯч хоҳанд кард.

Ва аммо Искандар ба ҳар ду гӯш дод ва дар мавриди мардуми Эронзамин тибқи пешниҳоди ҳар ду амал кард.

Манбаъ: Istaravshani

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қории тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон мақоми аввалро гирифт
Ҳикояти Амир Насри Сомонӣ ва муаллим

Матолиби пурбоздид