Исмоил Ҳаниа: “Кишварҳои мусалмон силоҳ бидиҳанд”

Исмоил Ҳаниа: “Кишварҳои мусалмон силоҳ бидиҳанд”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар суханоне аз кишварҳои мусалмон хост, то барои размандагони муқовамат дар Ғазза, силоҳ ирсол кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос имрӯз (сешанбе, 9 январ) дар суханоне дар конфронси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон дар Дуҳа, гуфт, ки набарди Ғазза, танҳо набарди фаластиниҳо нест, балки набарди Масҷидулақсо аст.

Ба гузориши Алҷазира, Исмоил Ҳаниа гуфт: “Уммати ислом ва уламои он дар ҳимоят аз муқовамат нақши бисёр бузурге доранд, мебинем, ки кишварҳои ҷаҳон бо ҳавопаймо ва нов барои режими ишғолгар силоҳ мефиристанд; акнун вақти ҳимояти мусаллаҳона аз муқовамат аст; чаро ки ин набард махсуси фаластиниҳо нест, балки набарди Масҷидулақсо аст.”

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ноам Хомский: “Тамоми сиёсатҳои Исроил амрикоӣ аст”
Душанбе ва Теҳрон хоҳархонда шуданд

Матолиби пурбоздид