Исроил дар ҳоли даравидани коштаи хеш аст
“Гунбади оҳанӣ”-и Исроил фурӯ пошид
Ёддошти Аъзам Хуҷаста
Зоҳиран куштори бераҳмонаи ҳазорон зану кӯдаки бегуноҳи фаластинӣ, лубнонӣ, сурӣ, урдунӣ, хуношоми яҳудро қонеъ накард, ки ҳаваси хуни ориёӣ кардааст. Албатта режими Исроил бо такя бар “Гунбади оҳанӣ”-и худ, ки гӯё осмони кишварашонро барои ҳар гуна мушак дастнорас мекунад, ба хоки муқаддаси Эрон, бо зери по гузоштани ҳама меъёру қонунҳои байналмилалӣ, ваҳшиёна ҳамла кард. Даҳҳо бегуноҳи эронӣ, ки занону кӯдакон аз ҷумлаи онҳоанд, тавассути хуношомҳои яҳуд кушта шуданд. Дар посух ба ваҳшонияти режими саҳюнистӣ Эрон ҳамлаи ҷавобӣ анҷом дод ва мушакҳои эронӣ, ки намоде аз гурзи Рустами Таҳамтан ҳастанд, “Гунбади оҳанӣ”-ро дар ҳам шикастанд. Ва собит шуд, ки ин гунбаз кохи ҳубобие беш набудааст. Пойтахти Исроил дар коми оташ… Шояд акнун занони яҳудӣ дарк кунанд, ки шавҳаронашон, фарзандонашон чи балое ба сари мардуми Ғазза оварданд. Куштани ҳеҷ инсон қобили қабул нест, аммо режими Исроил дар ҳоли даравидани киштаи хеш аст.
Эрон таъкид кардааст, ки интиқоми худро аз Исроил хоҳад гирифт ва ин амал дар ҷараён аст. Коршиносон бо ишора ба зарфиятҳои низомии Эрон, мегӯянд, Теҳрон ҳанӯз аз силоҳҳои пешрафтае, ки дар ихтиёр дорад, кор нагирифтааст ва чунончи ин иттифоқ афтад, мавҷудияти Исроил ҳамчун давлат таҳти савол қарор хоҳад гирифт.
Манбаъ: фейсбук, сафҳаи шахсии Аъзами Хуҷаста
Қаламонлайн