Робитаи ахлоқ ва сиёсат

Робитаи ахлоқ ва сиёсат
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Бар асоси гуфтаи соҳибназарони улуми ахлоқ ва сиёсат, чаҳор дидгоҳ дар мавриди робитаи ахлоқ ва сиёсат вуҷуд дорад:
1 – Назарияи ҷудоии ахлоқ аз сиёсат. Ин дидгоҳ сарчашма гирифта аз мабонии мокёвелӣ аст. Бар асоси ин назария, вуруди аҳлоқ бар сиёсат мамнӯъ ва хатарнок дониста мешавад ва ахлоқро омили нокомии сиёсат қаламдод мекунад.
2 – Назарияи табаияти ахлоқ аз сиёсат. Дидгоҳи мазкур дар кул матруду номӯътабар аст ва тарафдори чандоне низ надорад. Далелаш ҳам ин аст, ки барои ахлоқ ҳувият ва асолате қоил намешавад.
3 – Назарияи дусатҳии ахлоқ ва сиёсат. Тибқи ин дидгоҳ, усули ахлоқӣ дар умури сиёсӣ пазируфта мешавад, дар ҳоле ки мӯътақид аст, ахлоқи сиёсӣ бо ахлоқи фардӣ мутафовит аст.
4 – Назарияи ягонагии ахлоқ ва сиёсат. Назарияи мазкур ахлоқ ва сиёсатро мазоҳири ҳикмати амалӣ ва арзишмадорона мешуморад ва миёни он ду, як навъ иттиҳодро барқарор мекунад, ба шевае, ки метавон ахлоқро сиёсати фардӣ ва сиёсатро ахлоқи ҷамъӣ донист.
Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки дар низомҳои сиёсие, ки ҳадафи ниҳоии онҳо дастёбӣ ба қудрат аст, миёни сиёсат ва ахлоқ ҳеч гуна созгорие барқарор нест. Танҳо дар сурате миёни ахлоқ ва сиёсат робитаи мусбат ва созанда мушоҳида мешавад, ки ҳадафи низоми сиёсӣ саодати башар бошад. Дар ин сурат метавон сиёсатро сиёсати ростин номид, ки бо ахлоқ созгор аст. Дар нигариши исломӣ ва низ дар дидгоҳи файласуфони илоҳӣ ва низ файласуфони қадими Юнон, монанди Суқрот, Афлотун ва Арасту сиёсати ростин бар пояи ахлоқ аст, ки саодати инсонро таъмин мекунад ва ин дидгоҳ таъкид дорад, ки низоми сиёсии минҳои ахлоқ сарнавиште ҷуз диктотурӣ ва фасод натиҷа нахоҳад дод.
Акрамхон Зиёдуллоҳ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Густариши робитаҳои тиҷории Тоҷикистон ва Эрон
Забони форсӣ

Матолиби пурбоздид