Исроил сафири Русияро эҳзор кард

Исроил сафири Русияро эҳзор кард
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Риа Новости, Вазорати умури хориҷаи режими саҳюнистӣ шомгоҳи якшанбе хабар дод, ки сафири Русия дар Телавив дар эътироз ба сафари намояндаи Ҳамос ба Маскав, эҳзор шудааст.
Пештар Вазорати хориҷаи Русия хабар дода буд, ки дар сафари ҳайате аз ҷунбиши Ҳамос ба Маскав, дар бораи «озодсозии гаравгонҳо» ва тахлияи шаҳрвандони Русия ва соири кишварҳои хориҷӣ аз Ғазза ройзанӣ анҷом гирифт.
Тибқи эъломи Вазорати хориҷаи Русия, Маскав дар ин нишаст бар мавзеъи худ дар хусуси ташкили як кишвари мустақилли фаластинӣ дар дохили марзҳои 1967 ба пойтахтии Қудси шарқӣ таъкид кард.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, рӯзи панҷшанбе таъйид карда буд, ҳайате ба намояндагӣ аз Ҳамос ба Маскав сафар кардааст. Ин сафар, хашми мақомҳои режими саҳюнистиро барангехт.
Хабаргузории Риа Новости пеш аз ин гузориш дода буд, Мӯсо Абӯмарзуқ сарпарастии ин ҳайат дар сафар ба Маскавро ба ӯҳда дорад.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақоми исроилӣ: Кишварҳо дигар ба СММ пул надиҳанд
Ё барқ, ё истеъфо

Матолиби пурбоздид