Исроил эътироф кард: Пешбинии Яҳё Синвор дар ҳоли таҳаққуқ аст

Исроил эътироф кард: Пешбинии Синвор дар ҳоли таҳаққуқ аст

Ахбори байналмилал

Суханони Синвор алорағми шаҳодаташ аммо зинда аст…

Шаҳид Яҳё Синвор гуфта буд: “Исроил ду роҳ бештар надорад: ё мо ӯро маҷбур ба иҷрои қонунҳои байналмилалӣ ва эҳтиром ба қатъномаҳои ҷаҳонӣ мекунем. Ва ё коре мекунем, ки ишғолгарон дар вазъияти мутаноқиз ва даргирӣ бо иродаи байналмилалӣ қарор бигиранд ва ӯро мунзавӣ мекунем; як инзивои шадид ва хашин. Ва коре мекунем, ки пайвастани ин режим ба минтақа ва ҷаҳон аз миён равад.”

Исроил Зив, сартипи захираи артиши Исроил: “Гом ба гом дидгоҳи Синвор муҳаққақ мешавад. Ҷанги қобили қабули Исроил дигар пазируфтанӣ нест. Ва тасвири Исроил дар диди ҷаҳон дар ҳоли фурӯпошӣ аст. Синвор аз аъмоқи қабраш бо як пирӯзии бузург мувоҷеҳ аст. Ва ин фақат ба лутфи заъф ва адами масъулиятпазирӣ ва ҳамоқати бадтарин давлати таърихи Исроил имконпазир шуда. Исроил дар ҳоли инзивои ҷаҳонӣ аст…”

Инро Тромп ҳам таъкид карда. Он ҳам баъд аз гузашти ду сол аз ҷанг. Вай гуфтааст: “Шакке нест, ки Исроил ба хотири ҷанге, ки баъд аз 7 октябр вориди он шуда, хасорати сангине дар арсаи равобити умумӣ ва байналмилалӣ мутаҳаммил шуда…”

Рӯйкарде байналмилалӣ ва густарда барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин дар Иҷлоси ояндаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал вуҷуд дорад ва ҳамагӣ бар маҳкумияти идомаи ҷанг дар Ғазза ва сиёсати қаҳтӣ додан иттифоқи назар доранд.

Инзивои Исроил аз сутуҳи расмӣ ҳам фаротар рафта ва тасвири Исроил дар нигоҳи миллатҳо ҳам дар ҳоли фурӯпошӣ аст. Миллатҳое, ки мехоҳанд ба ормони Фаластин дар пойтахтҳои ҷаҳонӣ кӯмак кунанд, то исроилиҳоро бо парчамҳои Фаластин таъқиб кунанд… дар бозорҳо дар стадионҳо, дар манотиқи соҳилӣ…

Суханони Синвор алорағми шаҳодаташ аммо зинда аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фиристодаи раҳмат
Оё ҷанги Эрону Исроил идома хоҳад дошт

Матолиби пурбоздид