Истеъмор ва истеъморзудоӣ – (2)

Таҳлили хабарӣ

Истеъмор ва истеъморзудоӣ

Бахши дуввум

Таҷрибаи истеъморзудоӣ дар ҷаҳон

Кишварҳои муваффақ нахуст истиқлоли сиёсӣ касб карда, сипас барои тақвияти пояҳои истиқлоли хеш ва зудудани осори замони истеъмор барномаҳои роҳбурдӣ қабул карданд. Кишварҳои бузурги ҷаҳон ҳамчун Чин ва Ҳиндустон рӯзе куллан ё қисман мустаъмараи (зери истисмори) кишварҳои ғарбӣ буданд, вале дар ҳеч навиштаи муаррихону донишмандони ин кишварҳо ин саҳифаи таърих боифтихор ёдоварӣ намешавад ва ё онро танҳо роҳи растагориву саодат наменоманд. Баръакс, дар ду кишвари зикршуда барномаҳои зудудани осори замони истеъмор ё истеъморзудоӣ роҳандозӣ шуда, Чину Ҳиндустон муваффақтарин кишварҳое ҳастанд, ки имрӯз бар асари чунин барномагузориҳои муваффақона дар истиқлоли комил қарор дошта, рӯзгори сарбаландона доранд.

Дар кишварҳои назди Балтика, Гурҷистон, Украина ва ҳамакнун Қазоқистон, ки бо мо – тоҷикон дар таркиби Шӯравӣ ба сар мебурданд, чунин барномаҳо пиёда мегардад. Дар баъзе аз ин кишварҳо (Латвия, Литва, Эстония, Украина ва Гурҷистон) ин сиёсат бо шиддату қотеъият ва бебокона пиёда гашта, дар баъзе дигар (Озарбойҷон ва Қазоқистон) бо мулоҳизоти сиёсӣ ва кундтар роҳандозӣ мегардад. (Аз ҷумла, Қарнаш Мустояпова, донишманди қазоқ бо номи “Истеъморзудоӣ дар Қазоқистон” китоб навишта, роҳҳову усулҳои ин ҳаракати азимро пешниҳод кардааст).

Чанд рӯз қабл Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар суханронии худ кушта шудани яку ним миллион алҷазоирӣ ба дасти фаронсавиҳои истеъморгар ва ба намоиш гузоштани косахонаи сари онҳо дар музейи Порисро истеъмори навин (неоколониализм) хонда, хостори узрхоҳии Фаронса аз мардуми сарзаминҳои истилошуда гардид.

Чанде пеш шоҳи Ҳолланд Виллем Александр барои иштироки ин кишвар дар истеъмори Африқо ва амали нангини бардадориву одамфурӯшӣ аз номи давлаташ узрхоҳӣ кард.

Чаро истеъморзудоӣ ба тоҷикон зарур аст?

Кандани муҷассамаи Ленин (дар хиёбони ба номи Ленини шаҳри Душанбе) дар тирамоҳи соли 1991, агар омили аслӣ набошад ҳам, яке аз ангезандаҳои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар тамоми давраи бархӯрди сиёсӣ ва низомии соли 1992 ин ҳодиса пайваста зикр гашта, он замон вокуниши хеле тунди қисме аз аҳолии кишвар, хусусан ҷонибдорони сохти Шӯравӣ ва ҳукумати коммунистиро ба миён овард.

Бо гузашти замон аз як хиёбони Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) 6 муҷассамаи дигари “доҳии пролетариати ҷаҳон” барчида шуд, ки худ навъе зудудани осори замони истеъмор буд. Минбаъд садҳо муҷассамаву ёдгориҳои замони Шӯравӣ ноаён гаштанд. Аммо азбаски ин амал бешиору оромона сурат гирифт, ҷуз чанд рӯзноманигор касе аз ин ҳодиса ёдовар нашуд. Яъне, равиши оромонаи барчидани нишонаҳои он замон дуруст интихоб гардид. Кӯшиши дигари зудудани осори замони истеъмор баргаштан ба номҳои тоҷикӣ буд, ки соли 2007 оғоз гашт ва то имрӯз идома дорад.

Мо тоҷикон ҳамчун миллате, ки таърихи дурахшон дошта, ба ҷаҳони мутамаддин чеҳраҳои мондагоре чун Зардушт, Куруш, Абӯҳанифа, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз барин нобиғаҳоро эҳдо намудаем, ҳаққи маънавӣ надорем ҳеч истилои таърихамонро наҷот ё раҳоӣ бихонем. Тамоми мардум (на танҳо афроди хоссу огоҳ) истилогарро (чӣ юнонӣ, чӣ араб, чӣ муғул ва чӣ рус) бо номи воқеияш истилогар номанд. Бидонанд, ки ӯ агар рӯзе ба сарзамини мо тохт, қабл аз ҳама дунболи манофеи сиёсӣ ва иқтисодии хеш буд ва як истилогар ҳеҷ гоҳ наҷотбахшу раҳоибахш буда наметавонад. Аммо ба ҳайси инсони мунсифу воқеъбин ҳақ надорем аз ҳақиқатҳои бебаҳс чашм пӯшем, то аз таърих ибрат гирифта, ба рӯзҳои беҳтар бирасем. Ин як нигоҳе гузаро ба ҷараёни истилои сарзаминамон аз ҷониби лашкари рус ва паёмадҳои он аст.

Таърихи нигоҳ ба масъала дар миёни тоҷикон

Дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ (солҳои 1923-1947) бо ишораи раҳбарони давлати Шӯравӣ, мустаъмара ё ба таъбири онрӯз мустамлика будани Осиёи Миёнаро пайваста таъкид мекарданд, то ба равшанфикрони маҳаллӣ ва умуми мардум бифаҳмонанд, ки Шӯравӣ чизи дигар аст ва ба маротиб беҳтар аст аз низоми имперотурии Русия. Аммо дар солҳои 60-70-уми асри ХХ дар Шӯравӣ нигоҳ тағйир кард ва ин ҳодисаро ба таври дигар арзёбӣ карда, мехостанд танҳо аз “хубиҳои” ин истило сухан ба миён оранд.

Кор то ба ҷое расид, донишмандони тоҷик (ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна) аз “ҳамроҳшавӣ” ё ҳатто “ихтиёран ҳамроҳшавии” ин сарзамин ба Русия сухан гуфтанд. Ин албатта ҳамоқате беш набуд, зеро вақте фотеҳи Осиёи Миёна, император Александи II бар асари як ҳамла соли 1881 кушта шуд, барои гиромидошти хотираи ӯ ибодатгоҳе бунёд карда, дар лавҳе корномаи ӯро низ набишта бар он насб карданд. Яке аз ин хидматҳои беназирро “истилои Осиёи Миёна” («завоевание Средней Азии») номиданд. Ҳатто донишмандони рус (М. Терентев ва К. Абаза) низ вожаи “истило” (“завоевание”)-ро дар унвони асарҳои хеш муносиб диданд.

Устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” (1947) истилоҳи “протсеси истило шудани Осиёи Миёна”-ро муносиб дид, вале дар китоби “Тоҷикон” (1972) “ба Русия ҳамроҳшавии Осиёи Миёна”-ро истифода бурдааст.

Муҳаққиқи амрикоӣ Вилард Сандерланд (Willard Sunderland) дар як таҳқиқоти худ вижагиҳои сиёсатҳои истеъмории тамоми кишварҳои Аврупоро дар қиболи кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотиниро баршумурда, Русияро низ як кишваре бо сиёсати хосси истеъморӣ меномад. Муаррихи муосири Русия Сергей Абашин низ дар таҳқиқоти худ истило шудани Осиёи Миёна ва мустаъмара будани ин сарзаминро пазируфтааст.

Истилоъ ё …?

Дар кишварҳои ҳамсояи мо атрофи масъалаи истилои Осиёи Миёна ва паёмадҳои пайваст шудани ҳудудҳои ин сарзамин ба Русия таҳқиқоти зиёд сурат гирифтааст. Аммо то ба ҳол дар Тоҷикистон ин масъала ҷиддӣ ва пажӯҳишу баррасӣ нагардидааст. Баъзе навиштаҳо чун замони истиқрори Ҳукумати Шӯравӣ танҳо аз “дастовардҳои беназир”-и ин сохтор сухан гуфта, дар баъзе навиштаҳо фақат аз “хиёнату ҷиноятҳо”-и режими Шӯравӣ ҳикоят мекунад.

Бо назардошти ин, мехоҳем дар чанд мақола фарозу нишеби рӯзгори халқ ва давлати тоҷикро тайи сад соли охир мурур карда, андешаи худро мунсифона баён кунем.

Фейсбук, сафҳаи шахсии Устод Сайфуллоҳ Муллоҷон

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи ахлоқ – (2)
Мо халқ шудаем то дӯст бидорем

Матолиби пурбоздид