Иттилоияи Сипоҳи Посдорони Эрон

Иттилоияи Сипоҳи Посдорони Эрон

Ахбори байналмилал

Иттилоияи ҷадиди Сипоҳи Посдорони Ҷ.И.Эрон дар бораи ҷузъиёти терури шаҳид Исмоил Ҳаниа: “Ин амалиёти теруристӣ бо шиллики партобаи кӯтоҳбурд бо сари ҷангии 7 кг, ҳамроҳ бо инфиҷори шадид, аз хориҷи маҳдудаи истиқрори иқомати меҳмонон сурат гирифтааст”

Сипоҳи Посдорони Ҷ.И.Эрон, дар иттилоияи ҷадиди худ дар бораи терури шаҳид Исмоил Ҳаниа эълом кард: “Бо таваҷҷӯҳ ба таҳқиқот, ин амалиёти теруристӣ бо шиллики партобаи кӯтоҳбурд бо сари ҷангии 7 кг, ҳамроҳ бо инфиҷори шадид, аз хориҷи маҳдудаи истиқрори иқомати меҳмонон сурат гирифтааст.”

Аз хабаргузории Форс, матни иттилоия ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳонир Раҳим

Ба дунболи иқдоми теруриистии режими ҷинояткоронаи саҳюнистӣ, ки мунҷар ба шаҳодати шаҳиди воломақом дуктур Исмоил Ҳаниа, раиси муҷоҳид ва шуҷои дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломӣ (Ҳамос) ва ҳамроҳи эшон гардид, ба иттилои умуми миллати Эрон мерасонад:

  1. Ин иқдом бо тарроҳӣ ва иҷрои режими саҳюнистӣ ва ҳимояти давлати ҷинояткори Омрико анҷом шудааст;
  2. Бо таваҷҷӯҳ ба таҳқиқот ва баррасиҳои ба амал омада, ин амалиёти теруристӣ бо шиллики партобаи кӯтоҳбурд бо сари ҷангии 7 кг, ҳамроҳ бо инфиҷори шадид, аз хориҷи маҳдудаи истиқрори иқомати меҳмонон сурат гирифтааст.

Дар поён таъкид мешавад: хунхоҳии шаҳид Исмоил Ҳаниа қатъӣ ва режими моҷароҷӯ ва теруристи саҳюнӣ посухи ин ҷиноятро, ки муҷозоти сахт хоҳад буд, дар замон, макон ва кайфияти муқтазӣ, қотеона дарёфт хоҳад кард.

Равобити умумии кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми Омрико ба Эрон аз тариқи Миср дар бораи посух ба терури Ҳаниа
Ду нукта дар бораи гӯишҳои помирӣ ва зарурати таваҷҷӯҳ ба онҳо

Матолиби пурбоздид